Ru  | Tj
Духтари паштузабони Афғонистон: Орзу дорам, ки ба мо иҷозаи таҳсил диҳанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Духтари паштузабони Афғонистон: Орзу дорам, ки ба мо иҷозаи таҳсил диҳанд
Акс: Интернет

Духтари паштузабони Афғонистон: Орзу дорам, ки ба мо иҷозаи таҳсил диҳанд

Нашр шуд

Ба гузориши Halva, натиҷаи саросарии имтиҳони миллии вуруд ба донишгоҳои Афғонистон имрӯз эълон шуд ва духтаре ба номи Салгай аз як мактаби шаҳри Кобул ба унвони нафари аввал муаррифӣ гардид.

Ин духтар, ки аз вилояти Лағмон ва паштузабон аст, тавонист дар байни 200 ҳазор иштироккунандаи имтиҳоноти миллӣ баландтарин балро ба даст биёрад ва садрнишини ҷомеаи таҳсилии Афғонистон шавад.

Гуфта мешавад, ки Салгай ба ихтисоси тиббии донишгоҳи Кобул қабул шудааст.

Имтиҳои миллӣ барои вуруд ба донишгоҳҳои Афғонистон имсол дар ҳоле баргузор шуд, ки Толибон* (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва давлатҳои дигар) бештарин минтақаҳои ин кишварро тасарруф карда буданд.

Толибон қаблан борҳо зидияти худро дар масъалаи таҳсили духтарон иброз намуда буданд, аммо Салгай, ин духтараке, ки дар имтиҳоноти миллии вуруди кишвараш мақоми аввалро касб кард, орзу дорад, ки ба онҳо иҷозаи таҳсил диҳанд.

Ӯ мегӯяд, ки дар ин ҳол дар Ватан мемонад ва таҳсилашро идома медиҳад.

Дар Афғонистон ягона раванде, ки мардум ба шаффофияти он бовар доранд имтиҳони миллӣ барои вуруд ба донигоҳҳо аст.



СММ: Тақрибан 60 дарсади овораҳои афғон дар се моҳи охир кӯдакон буданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед