Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон: Соли таҳсил дар МТМУ кишвар ҳамасола 1-уми июн ҷамъбаст карда шавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: Соли таҳсил дар МТМУ кишвар ҳамасола 1-уми июн ҷамъбаст карда шавад
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: Соли таҳсил дар МТМУ кишвар ҳамасола 1-уми июн ҷамъбаст карда шавад

Нашр шуд

Ба ифтихори ҷашни 30- солагии Истиқлол барои хонандагони зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ танҳо дар соли ҷорӣ 214 бинои нави муассисаҳои таълимӣ барои 100 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.

Ҳангоми суханронӣ дар гимназияи рақами 4 дар ноҳияи Фирдавсӣ, раисҷумҳур таъкид дошт, ки ҳарчанд биноҳои муассисаҳои таълимӣ бунёду азнавсозӣ шуда истодаанд, ҳамоно дар ин самт мушкилоти зиёди ҳалталаб вуҷуд дорад. Аз ҷумла, дар баробари афзоиши аҳолӣ деҳаву шаҳракҳои нав бунёд шуда истодааст, ки ин ҳолат зарурати сохтани боз садҳо муассисаи нави таълимиро ба миён овардааст.

Тибқи шарҳи Сарвари давлат, буҷети давлатии барои соҳаи маориф ҷудошуда дар муқоиса ба соли гузашта имсол 11,2 фоиз зиёд мебошад.

5 миллиарду 597 миллион сомоние, ки дар соли 2021 ба соҳаи маориф пешбинӣ гардидааст, тақрибан 20 фоизи буҷети давлатиро ташкил дода, ба 6 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст.

Ба ҳамин минвол, Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбар ва шахсони масъули соҳаи маориф ва омӯзгорон даъват ба амал овард, ки рисолати худро софдилона ва аз рӯйи виҷдон анҷом дода, барои таълиму тарбияи насли босаводу соҳибмаърифат саҳмгузор бошанд.

Фаъолият доштани 1800 омӯзгори дорои маълумоти миёнаи умумӣ дар муассисаҳои таълимӣ Эмомалӣ Раҳмонро нигарон намуд.

Вазорати маориф ва дигар сохторҳои марбута муваззаф гардиданд, ки муассисаҳои таҳсилоти умумии кишварро бо омӯзгорони ихтисосманд таъмин намоянд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар робита ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус таҳсил дар муассисаҳои таълимии кишвар 17-уми август оғоз шуданд ва то 14-уми июн (барои синфҳои 1-ум то 7-уми июн) давом доштанд. 10 сол қабл бошад дар кишвар занги охир рӯзи 25-уми май садо медод.




Роҳбари ҶДММ "Сарманзил" ба 375 кӯдаки ятиму бепарастор хобгоҳ сохт

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед