Ru  | Tj
Евгений Сисоев роҳбари нави Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъин гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Евгений Сисоев роҳбари нави Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъин гардид
Акс: ТАСС

Евгений Сисоев роҳбари нави Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъин гардид

Нашр шуд

Раёсатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз кишвари Белорус ба Ҷумҳурии Қазоқистон гузашт.

15 –уми октябр Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Молдова Наталя Гаврилитса, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ва раиси Кумитаи иҷроия, котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ҷаласаи мазкур сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод Давлатҳои Мустақил мубодилаи афкор намуда, аз ҷумла масъалаи амният ва осоиши кишварҳои узви иттиҳодро ба баррасӣ кашиданд.

Дар кори ҷаласа номзадии роҳбари нави Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Евгений Сисоев тасдиқ гардид.

Ҳамчунин, дар робита ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишварҳо таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, истеҳсолот, нақлиёт, энергетика, молия, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва инноватсия муҳим дониста шуд.

Бояд гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон чанде пеш ба иттиҳод пешниҳод карда буд, ки соли 2025-ум Соли ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуда, Фонди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил декабри соли 1991 бо мақсади мусоидат ба раванди ҳалли масъалаҳои муҳимтарин дар марҳилаи ташаккули давлатҳои мустақил ва ҳифзи робитаҳои таърихии онҳо таъсис ёфтааст.




Саймумин Ятимов дар Москав аз афзоиши гардиши маводи мухаддир ва аслиҳа аз Афғонистон гуфт

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед