Ru  | Tj
Гутерриш ба нишасти сарони давлатҳои СҲШ даъват шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Гутерриш ба нишасти сарони давлатҳои СҲШ даъват шуд
Акс: ASIA-Plus

Гутерриш ба нишасти сарони давлатҳои СҲШ даъват шуд

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон дар як тамоси телефонӣ аз Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид даъват ба амал овард, то дар нишасти Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи сентябри соли равон дар Душанбе баргузор мегардад, ширкат намояд.

Ба иттилои Дафтари матбуоти Президент, Эмомалӣ Раҳмон 13-уми июл бо Антонио Гутерриш, Дабири кулли СММ суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Тоҷикистон ба тақвияти муносибот бо ин ниҳоди бонуфуз аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва изҳори итминон кард, ки Созмони милал дар оянда низ дар роҳи амалисозии Рӯзномаи 2030, Ҳадафҳои Рушди Устувори он ва ҳамчунин муоқвимат ба таҳдиду хатарҳои замони муосир аз иқдомҳои муассир кор хоҳад гирифт.

Сарвари давлат ҳамчунин аз нақши боризи Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти роҳи ҳалли масоили муҳими умумиҷаҳонӣ, аз ҷумла дар соҳаи об ёдовар шуда, ба иқдомҳои охири кишвар ҷиҳати эъломи соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо низ ишора намуд.

Гутерриш ба нақши пешвоӣ ва калидии Тоҷикистон ва Сарвари он дар ҳалли масоили глобалӣ, бахусус мушкилоти вобаста ба об ва масъалаҳои умдаи амниятӣ таъкид кард ва гуфт, ки Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳоду сохторҳои тахассусии он иқдомҳои Тоҷикистонро дар ин ҷодаҳо пурра пуштибонӣ менамоянд.

Антонио Гутерриш моҳи июни соли 2017 ба манзури ширкат ва суханронӣ дар ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи “Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир” ба Душанбе омада буд.

Нишасти сеюми роҳбарони идораҳои корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед