Ru  | Tj
Маҷаллаи «Wostok»-и Берлин шумораи вижаи худро ба Тоҷикистон бахшид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Маҷаллаи «Wostok»-и Берлин шумораи вижаи худро ба Тоҷикистон бахшид
Фото: Depositphotos

Маҷаллаи «Wostok»-и Берлин шумораи вижаи худро ба Тоҷикистон бахшид

Нашр шуд

Маҷаллаи «Wostok»- дар ҳаҷми 80 саҳифа дар Олмон ба нашр расид.

Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маҷаллаи олмонии “Wostok” шумораи вижа ба чоп расонида, дар он бо унвони «Тоҷикистон - сарзамини баландкӯҳ ва дорои фарҳангу таърихи пурғановат» мақолае доир ба паҳлӯҳои мухталифи ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва халқи тоҷик ба нашр расонид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ дар маҷмӯъ дар 21 мавзӯъ таърихи ташаккулёбии халқи тоҷик, анъанаҳо, раванди истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, ҳаёт ва фаъолияти шахсиятҳои маъруф, муаррифии зарфиятҳои иқтисодиву саноатии Тоҷикистон ва шаҳру ноҳияҳои алоҳидаи он, мавзеъҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллии тоҷикон ба баррасӣ кашида шудааст.

Ҳамчунин дар маҷаллаи мазкур ба мавзӯи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, узвияти кишвар дар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, бахусус ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти хоса дода шудааст.

Бояд гуфт, ки маҷалла бо ибтикори Вазорати корҳои хориҷӣ ва Сафорати Тоҷикистон дар Берлин ба нашр расидааст.

Шумо метавонед шакли электронии маҷалларо аз суроғаи зерин дарёфт намоед:

www.botschaft-tadschikistan.de/Wostok

Нашри маҷаллаи "Тӯроннома" бо забонҳои тоҷикиву русӣ дар Аврупо


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед