Ru  | Tj
Миёни корхонаҳои Тоҷикистону Туркманистон асноди нави ҳамкорӣ ба имзо расид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Миёни корхонаҳои Тоҷикистону Туркманистон асноди нави ҳамкорӣ ба имзо расид
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон

Миёни корхонаҳои Тоҷикистону Туркманистон асноди нави ҳамкорӣ ба имзо расид

Нашр шуд

Дар Ҳамоиши иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманбошӣ миёни корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистону Туркманстон чаҳор тавофуқномаи нави ҳамкорӣ ва як ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ин ҳамоиш дар ҳошияи нишасти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардида, дар он Завқӣ Завқизода, Вазири рушди иқтисод ва савдо дар раъси ҳайати Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ кардааст.

Вазорат дар шарҳи тавофуқоти ҳосилшуда танҳо ҳамин қадар гуфтааст, ки тибқи санадҳои нави баимзорасида аз Туркманистон ба Тоҷикистон солона 50 ҳазор тонна кокси нафтӣ, 50 ҳазор тонна сӯзишвории авиатсионӣ, гази моеъ, маҳсулоти кимиёвӣ ва нуриҳои минералӣ ворид карда шуда, аз Тоҷикистон ба Туркманистон 10 ҳазор тонна алюминий содирот мешавад.

Ҳамчунин тибқи ин тавофуқномаҳо, пешниҳоди тарофаҳои рақобатпазир барои интиқол ва ҳамлу нақли молу маҳсулот тавассути роҳи оҳан дар назар аст.

Манбаъ афзудааст, ки дар Ҳамоиш ҳамчунин перомуни масоили ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ ва тақвияти равандҳои ҳамгироӣ дар минтақа табодули назарот сурат гирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон шоми 3-юми август ҷиҳати анҷоми як сафари давлатӣ ва ширкат дар нишасти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Туркманистон рафта буд.

Дар доираи ин сафар рӯзи 4-уми август дар Ашқобод мулоқоти сарони ду кишвар ва музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Туркманистон баргузор шуд ва аз натоиҷи онҳо 19 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Созишномаҳо дар бораи таъсиси Шӯрои соҳибкорӣ миёни палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар, дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан, оид ба ҳамлу нақл, транзити мол ва мусофирон, ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва гази моеи карбогидридӣ ва Харитаи роҳ оид ба зиёд кардани гардиши савдо барои солҳои 2022-2023 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон, аз ҷумлаи асноди нави имзошуда миёни ду кишвар мебошанд.

Суғд ва Фарғона: байни минтақаҳои сарҳадӣ меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед