Ru  | Tj
Ҳоким Холиқзода: ММД-и Тоҷикистон дар 8 моҳ 8,7% зиёд шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳоким Холиқзода: ММД-и Тоҷикистон дар 8 моҳ 8,7% зиёд шудааст
Акс: Интернет

Ҳоким Холиқзода: ММД-и Тоҷикистон дар 8 моҳ 8,7% зиёд шудааст

Нашр шуд

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҳоким Холиқзода бо ҳамтои швейтсарии худ Томас Ҷордан гуфтумони фосилавӣ анҷом дод.

Бинобар иттилои Шӯъбаи матбуоти БМТ, дирӯз Холиқзода ва Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Ҷордан ҳангоми гуфтумони фосилавӣ масоили ҳамкории низоми бонкии ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар рафти гуфтумон, Холиқзода ба ҳамкории муштараки бонкҳо баҳои арзишманд дода, ба Бонки миллии Швейтсария (БМШ) вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.

Холиқзода иброз дошт, ки дар давраи пандемия Тоҷикистон тавонист, рушди боэътидоли иқтисоди кишварро таъмин намояд, ҳамин тавр, аз моҳи январ то августи соли 2021 Маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) кишвар 56,3 млрд. сомониро ташкил дода, афзоиши воқеии он ба 8,7% расидааст.

Гуфта мешавад, ки рушди воқеии ММД- Тоҷикистон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 5,0 банди фоизӣ зиёд шудааст.

Манбаъ меафзояд, ки БМТ бо Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (SECO) робитаи судманро роҳандозӣ намуда, ҷиҳати рушди низоми бонкии Тоҷикистон аз ниҳоди мазкур машварат ва кӯмаки техникӣ мегирад.

Илова бар ин, дар анҷоми мулоқот Раиси БМШ Томас Ҷордан ҳамтои худ Ҳоким Холиқзодаро ҷиҳати анҷом додани мулоқоти дуҷонибаи офлайнӣ ба кишвари худ даъват намуд.

Хотиррасон менамоем, ки вохӯрии фосилавии сарони бонкҳои миллии Тоҷикистон ва Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ сурат гирифт.

Имсол ҷаласаи мазкур аз 11-ум то 17-уми октябри соли 2021 дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба нақша баргузор гардида, дар он вазирони молия, роҳбарони бонкҳои марказӣ ва сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ иштирок менамоянд.




Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд барои мубориза бо COVID-19 ба Тоҷикистон 3 миллион доллар грант ҷудо кард

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед