Ru  | Tj
Пирӯзӣ дар Техас. Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ чандин медал гирифтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Пирӯзӣ дар Техас. Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ чандин медал гирифтанд
Акс: Sputnik

Пирӯзӣ дар Техас. Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ чандин медал гирифтанд

Нашр шуд

Мактабхонони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалии "Copernicus" дар шаҳри Техаси Амрико соҳиби чандин медал гардиданд.

Ба иттилои Вазорати маориф ва илм, дар ин олимпиадаи фаннӣ, ки аз 8-ум то 16-уми январ баргузор гардид, муҳассилини Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе ва Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд сазовори чандин медали нуқраву биринҷӣ шуданд.

Гуфта мешавад, дар ин олимпиада нуҳ хонандаи Мактаби байналмиллалии президентӣ аз фанни биология ширкат намуда, 2 нафар соҳиби медали нуқра гаштанд ва 7 нафари дигар медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ҳамчунин хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд як медали нуқра, панҷ медали биринҷӣ ва Ҷоми даставии ин олимпиада аз фанни физикаро сазовор гардиданд.

Бояд гуфт, ки Олимпиадаи байналмилалии "Copernicus" дар осорхонаи Хюстони шаҳри Техаси Амрико баргузор шуда, беш аз 2000 мактабхон аз 50 кишвари ҷаҳон аз фанҳои табиӣ, физика ва астрономия байни ҳам сабқати зеҳнӣ кардаанд.

Солҳои охир пирӯзии мактабхонони тоҷик дар олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ба маротиб бештар шуда, ин падида нишони боло рафтани сатнҳи таълим дар мактабҳои типи нави Тоҷикистон мебошад. Соли гузашта дар Олимпиадаи байналмилалии BRICSMath-2020 аз фанни математика 15 хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд ҷойи якумро ишғол намуда буданд.


Пирӯзии боксчии тоҷик дар мусобиқаи касбӣ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед