Ru  | Tj
Роспотребнадзор ба Тоҷикистон омад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Роспотребнадзор ба Тоҷикистон омад
Расм аз сайти савфорати ФР

Роспотребнадзор ба Тоҷикистон омад

Нашр шуд

Мутахассисони Институти таҳқиқотии зидди вабои Русия "Микроб" -и Роспотребнадзор барои ташхиси вазъи коронавирус дар Тоҷикистон ба Душанбе омаданд, хабар дод сафорати Русия дар Тоҷикистон.

Ҳайати гурӯҳи корӣ як муддат бо кормандони вазорати тандурустӣ ҳамкориҳои зич ба роҳ мемонанд ва вазъи некӯаҳволии санитарию эпидемӣ санҷиш мекунанд.

Лоиҳаҳои муштарак оид ба мубориза бо сироятҳо, гузаронидани таҳқиқоти муштарак, ташаккули нерӯи инсонӣ ва лабораторӣ, ҳамоҳангсозии равишҳо дар таъмини некӯаҳволии санитарию эпидемии аҳолӣ, аз ҷумла пешгирӣ ва назорати бемориҳои сироятӣ ва ғайра таҳия карда мешаванд.

Фаъолияти коршиносон ба таҳияи пешниҳодҳои мушаххас оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои дар боло зикршуда равона карда мешавад. 

Хотиррасон мекунем, ки ташрифи мутахассисони Русия дар натиҷаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки санаи 8-9 феврал зери роҳбарии сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода гузашт қарор қабул карда шуд. 

Русия, Ӯзбекистон ва ИДМ ба таҷлили Навруз ба Душанбе меоянд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед