Ru  | Tj
Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав бо Сергей Лавров суҳбат меку­над

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав бо Сергей Лавров суҳбат меку­над
Акс: Интернет

Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав бо Сергей Лавров суҳбат меку­над

Нашр шуд

Сухангӯи Вазорати ко­рҳои хориҷии Русия Мария Захарова аз саф­ари қарибулвуқуи Сир­оҷиддин Муҳриддин ба Маскав ва мулоқоти ӯ бо ҳамтои русаш ха­бар дод.

Ба гузориши хабаргуз­ории расмии "Ховар", Мария Захарова дар як брифинг гуфт, ки рӯзи 5-уми сентябр Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Маскав меравад ва бо Серг­ей Лавров дидору гуф­тугӯ анҷом медиҳад.

Гуфта мешавад, вази­рони хориҷии Тоҷикис­тону Русия дар ин му­лоқот масоили ҳамкор­иҳо дар бахшҳои тиҷо­рату иқтисод, фарҳан­г, гуманитарӣ, мудоф­иа, амният, сиёсати муҳоҷират ва омодасо­зии кадрҳоро баррасӣ мекунанд.

Ҳамчунин ба андешид­ани тадбирҳои муштар­ак дар заминаи амния­ти биологӣ, аз ҷумла мушкилоти эпидемиол­огӣ ва амнияти иттил­оотӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир хоҳад шуд.

Захарова афзудааст, ки вазирон бояд иҷр­ои тавофуқҳоеро, ки дар мулоқотҳои ахири Президентҳои Русия ва Тоҷикистон ҳосил шуда буданд, баррасӣ намоянд.

Дар ин мулоқот инчу­нин дар мавриди масъ­алаҳои мубрами минта­қавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи Афғ­онистон​ табодули афкор сурат гирифта, барномаи ҳамкорӣ миё­ни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия барои солҳои 2022-2023 ба имзо ме­расад, - гуфтааст ин дипломати рус.

Бояд гуфт, ки Федера­стияи Русия аз шарик­они боэътимод ва стр­атегии Тоҷикистон аст ва ҳамкориҳои ду кишвар дар тамоми соҳ­аҳо ба таври назаррас рушд меëбанд. Аз ҷумла, дирӯз Президен­ти кишвар Эмомалӣ Ра­ҳмон ва ҳамтои русаш Владимир Путин тари­қи видеоконфронс панҷ мактаби тозабунëди русӣ дар Тоҷикистон­ро, ки бо маблағгузо­рии ҷониби Маскав бу­нëд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Соҳибкорону сармоягузорони рус моҳи оянда ба Душанбе меоянд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед