Ru  | Tj
СММ номи Ашраф Ғаниро аз феҳристи раҳбарони ҷаҳон хориҷ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

СММ номи Ашраф Ғаниро аз феҳристи раҳбарони ҷаҳон хориҷ кард
Акс: РИА Новости

СММ номи Ашраф Ғаниро аз феҳристи раҳбарони ҷаҳон хориҷ кард

Нашр шуд

Номи раисҷумҳури фирории Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ахиран аз торнамои Созмони Милали Муттаҳид (СММ), ки дар феҳристи он раҳбарон ва раисони ҷумҳури кишварҳои ҷаҳон ҷой гирифтааст, ҳазф карда шуд.

Дар ҳамин ҳол, исми Ҳаниф Атмар, собиқ Вазири умури хориҷии Афғонистон низ аз рӯихати “Вазирони хориҷаи ҷаҳон” дар феҳристи СММ ҳазф шудааст.

Ҷаноби Ғанӣ дар пайи ҳамлаи Толибон* ба Кобул ба Амороти Муттаҳидаи Арабӣ фирор кард.

Қаблан гузоришҳо дар бораи бозгашти Ашраф Ғанӣ- раисҷумҳури фирории Афғонистон аз забони бародараш Ҳашмат Ғанӣ мунташир шуда буд, ки Ҳамидулло Муҳиб, мушовири собиқи Амнияти миллии Афғонистон ва ёвари наздики раисҷумҳури пешин изҳороти мазкурро "сарусадоҳои бепоя хонд".

*Толибон – Ҳаракати террористӣ


Ашраф Ғанӣ барои фирораш аз мардуми Афғонистон узр пурсид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед