Ru  | Tj
То ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизионӣ ба фаъолият оғоз мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

То ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизионӣ ба фаъолият оғоз мекунад
Акс: Sputnik

То ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизионӣ ба фаъолият оғоз мекунад

Нашр шуд

Ба гузориши Halva.tj, Нуриддин Саид дирӯз дар нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радио хабар дод, ки то ҷашни Наврӯз шабакаи нави телевизионӣ ба номи "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” шурӯъ ба кор мекунад. 

Нуриддин Саид гуфт, ки барои ин шабакаи телевизионӣ аллакай аз хориҷ дастгоҳҳои муосир ворид шудаву ҳукумати кишвар ҳам дафтари кориро фароҳам овардааст. 

Бояд таъкид кард, ки солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон аз ҷониби Президенти кишвар “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шуда буд ва ғояи таъсиси шабакаи махсуси телевизионӣ ҳам маҳз дар ин солҳо ба миён омад. 

Гуфта мешавад, ин телевизион дар оянда бо нашри барномаҳои вижа табиат ва мавзеъҳои сайёҳии кишвар ва ҳунарҳои мардумии тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. 

Соли гузашта дар Тоҷикистон ду шабакаи нави телевизионӣ  - "Илм ва табиат" ва "Шаҳнавоз" ба фаъолият шурӯъ намуда буданд. 

Айни замон дар Тоҷикистон 14 шабакаи телевизионии давлатӣ ва 18  шабакаи телевизионии хусусӣ фаъолият менамоянд. 

Аммо бар пояи чандин назарсанҷиҳо ва ибрози назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавон гуфт, ки маҳбубияти шабакаҳои телевизионии хориҷӣ дар кишвар ба маротиб аз шабакаҳои ватанӣ бештар аст.


Прокурори генералии Тоҷикистон гуфт, ки худкушиву одамкушӣ дар кишвар кам шудааст




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед