Ru  | Tj
Тоҷикистон роҳҳои пешгирӣ аз вируси британиро дида истодааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон роҳҳои пешгирӣ аз вируси британиро дида истодааст

Тоҷикистон роҳҳои пешгирӣ аз вируси британиро дида истодааст

Нашр шуд

Тоҷикистон, ки моҳи январро бо шумораи ангуштшумори сироятшудагон аз коронавирус пешвоз гирифт, боз ба роҳҳои пешгирӣ аз вируси “штамми британӣ”-ро оғоз намуд.

Ба кишвари ҳамсоя Ӯзбекистон ин вирусро шаҳрванди 10 сола аз хориҷа ба ҷумҳурӣ овард ва аз ҳамин сабаб вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанберо зери тафтиш қарор дода, аз рафта ташхиси шаҳрвандони воридшуда оид ба надоштани Covid-19 ва шарту шароити он ошно гардиданд.

Тафтишод нишон дод, ки Фурудгоҳ дар фурудгоҳ ҳамаи шароитҳо барои ташхисгузаронии табибон фароҳам оварда шудааст ва 24 соат фаъолият мекунанд.

Коронавируси навъи британӣ моҳи декабри соли 2020 хуруҷ ёфтааст ва ин кишвар эълон намуд, ки ҳамаи сарҳадҳошро мувақаттан бо кишварҳои дунё мебандад.

Тавре дар боло қайд карда будем, дар Тоҷикистон сироятшудагон аз Covid-19 боқӣ намондаанд ва дар умум 13308 нафар сироят шуданд ва 90 нафар ҳалок гардиданд.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед