Ru  | Tj
Тоҷикистону Эрон ҳамкорӣ дар самти омодасозии мутахассисонро тақвият мебахшанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Эрон ҳамкорӣ дар самти омодасозии мутахассисонро тақвият мебахшанд
Акс: Интернет

Тоҷикистону Эрон ҳамкорӣ дар самти омодасозии мутахассисонро тақвият мебахшанд

Нашр шуд

Сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва  муовини Вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Эрон масоили густариши ҳамкориҳои Душанбеву Теҳронро баррасӣ карданд.

Бар пояи ахбори Вазорати корҳои хориҷӣ,  Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини Вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоӣ, Раиси Созмони омӯзиши фаннӣ ва ҳирфаии ин кишвар Ғуломҳусайн Ҳусайниниë рӯзи 10-уми август дар Теҳрон мулоқот намудааст.

Манбаъ меафзояд, тарафҳо дар ин дидор масоили тавсеаи равобити ду кишвар дар бахшҳои гуногунро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Зоҳидӣ ва Ҳусайниниë ҳамчунин ба амалисозии барномаҳои мушаххаси ҳамкорӣ ва табодули таҷриба ҷиҳати омодасозии мутахассисони касбиву техникӣ миёни марказҳои омӯзишии ду кишвар изҳори алоқамандӣ намудаанд.

Таъкид шудааст, ки ҳамкорӣ дар ин самт тибқи асноди зимни сафари ахири  Президенти  Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон дар моҳи майи соли ҷорӣ баимзорасида роҳандозӣ мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи соли равон бо як сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафта буд. Дар доираи ин сафар вай бо Президент Сайид Иброҳим Раисӣ, Раҳбари Инқилоби исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ, Муовини аввали Президенти ин кишвар Муҳаммад Мухбир ва Раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ Муҳаммад Боқири Қолибоф мулоқотҳо анҷом дода буд.

Дар шаҳри Батумии Гурҷистон Консулгарии фахрии Тоҷикистон кушода шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед