Ru  | Tj
Тоҷикистону Фаластин мубориза бо фасоди молиро тақвият мебахшанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Фаластин мубориза бо фасоди молиро тақвият мебахшанд
Акс: Хадамоти матбуоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистону Фаластин мубориза бо фасоди молиро тақвият мебахшанд

Нашр шуд

Дар Душанбе миëни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Комиссияи зиддикоррупсионии Давлати Фаластин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Ба иттилои дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, санади мазкур аз ҷониби роҳбари ин ниҳод Сулаймон Султонзода ва Раиси Комиссияи зиддикоррупсионии Фаластин Роид Муҳаммад Радван имзо шудааст.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз имзои ин ёддошти тафоҳум муайян намудани самтҳои ҳамкорӣ, ҳамоҳангсозии фаъолият ва андӯхтани тарҷибаҳои илмӣ-амалӣ дар  самти муқовимат ба коррупсия мебошад.

Манбаъ меафзояд, Султонзода дар мулоқот бо Роид Муҳаммад Радван, ҳамчунин, иброз доштааст, ки Агентӣ ҳамеша ҷонибдори роҳандозӣ ва тақвияти равобит бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ дар заминаи мубориза бо коррупсия аст.

Ин дар ҳолест, ки ду ҳафта қабл Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо як ҳайати фаластинӣ бо роҳбарии директори генералии Агентии ҳамкории байналмилалии ин кишвар Имод Зуҳайрӣ  вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисëрҷонибаи Тоҷикистону Фаластинро баррасӣ карда буд.

Бояд гуфт, ки муносиботи дипломатӣ миëни Тоҷикистону  Фаластин моҳи марти соли 1992 барқарор гашта, соли 2020 Сафорати ин кишвар дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд.

Вазорати хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, айни ҳол  лоиҳаҳои 7 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун  дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад.


Кумитаи зиддиинҳисорӣ: нархи барқ ҳоло боло намеравад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед