Ru  | Tj
Тоҷикистону Қирғизистон чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ баргузор мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Қирғизистон чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ баргузор мекунанд
Акс: Интернет

Тоҷикистону Қирғизистон чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ баргузор мекунанд

Нашр шуд

Раҷаббой Аҳмадзода бо раиси вилояти Ботканди Қирғизистон дидор намуд.

Дар дидоре, ки рӯзи 16 –уми июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон Абдикарим Алимбоев доштанд, масъалаи тарғибу ташвиқи ҳаёти осоишта дар минтақаҳои марзӣ, чорабиниҳои муштарки фарҳангӣ ва дигар тадбирҳо, ки ба таҳкими муносибатҳои дӯстона мусоидат мекунанд, меҳвари дидор ва гуфтугӯро ташкил додааст

Тавре хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили истифодаи об низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар ин мулоқот роҳбарони сохторҳои қудративу идораҳои оби ду кишвар иштирок намуда, ҷонибҳо ба мувофиқа омадаанд, ки обро минбаъд дар асоси ҷадвале, ки аз ду тараф таъйид гардидааст, истифода мебаранд.

Бояд гуфт, ки дар ин дидор ба минтақаҳои баҳсӣ низ ишора шуда, гуфта шудааст, ки ҳама гуна сохтмонҳо бе мувофиқаи ҷонибҳо иҷозат дода намешавад. Масъалаҳои боздошту нигоҳ доштани шаҳрвандон, гузаштани чорвои сокинон ба марз, ки боиси ихтилоф мешаванд, минбаъд дар доираи ҳамдигарфаҳмӣ дар сатҳи ноҳиявӣ баррасӣ ва ҳал карда мешаванд.

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон масоили марзиро баррасӣ карданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед