Ru  | Tj
Толибон роҳбари нави ҳокимияти Афғонистонро эълон карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибон роҳбари нави ҳокимияти Афғонистонро эълон карданд
Акс: Интернет

Толибон роҳбари нави ҳокимияти Афғонистонро эълон карданд

Нашр шуд

Ҳукумати нави Афғонистонро пешвои ҳаракати радикали "Толибон"* Ҳайбатулло Охунзода идора мекунад. Дар ин бора шабакаи телевизионии “TOLOnews” иттилоъ медиҳад.

Узви комиссияи Толибон дар масоили фарҳанг Амонулло Самангонӣ изҳор доштааст, ки муҳокима дар атрофи ташкили ҳукумати нав хотима меёбад ва ба наздикӣ ҳайати мукаммали мақомоти болоии Афғонистон эълон мешавад.

"Ҳукумати исломиеро, ки мо муаррифӣ мекунем, барои халқ намуна хоҳад шуд. Охунзода роҳбари ҳукумат мешавад ва дар ин бора набояд шӯбҳа кард",- гуфт Самангонӣ.

Дар структураи ҳукумати нав мақоми сарвазир низ ҷой дорад.

"Унвони системаи нав [Идораи Афғонистон] набояд ҷумҳурӣ ва ё аморат бошад. Он бояд ба мисоли ҳукумати исломӣ бошад. Ҳайбатулло бояд роҳбари ҳукумат бошад, аммо ӯ Президент намешавад. Ӯ роҳбари Афғонистон мешавад. Сарвазир ва ё Президент дар мақом аз Ҳайбатулло як зина поёнтар мешаванд ва дар зери роҳбарияти ӯ амал хоҳанд кард",-шарҳ додааст, таҳлилгари сиёсӣ Муҳаммад Ҳасан Ҳақяр.

Илова бар ин, "Толибон" аллакай губернатори музофот, роҳбари идораи милитсия ва дигар аъзои мақомоти ҳукуматро таъин намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар музофоти Панҷшер, ки тоҷикон дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, Толибон чандин маротиба ба шикаст мувоҷеҳ шуданд.

*Ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия




Аҳмади Масъуд ба Толибон шарт гузошт

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед