Ru  | Tj
Вазир аз Бонки Ҷаҳонӣ хост, ки барои бунëди мактабҳои нав кӯмак намояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазир аз Бонки Ҷаҳонӣ хост, ки барои бунëди мактабҳои нав кӯмак намояд
Акс: Интернет

Вазир аз Бонки Ҷаҳонӣ хост, ки барои бунëди мактабҳои нав кӯмак намояд

Нашр шуд

Вазири тоҷик гуфт, умедворанд, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар бунёду таҷдиди муассисаҳои нави таълимии замонавӣ дар кишвар  кӯмак менамояд.

Ба иттилои Дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илм,  Раҳим Саидзода ин матлабро дирӯз дар мулоқот бо Озан Севимли, намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баëн намудааст.

 Саидзода иброз доштааст, Бонки Ҷаҳонӣ 20 сол  боз аст, ки бо Вазорати маориф ва илм ҳамкорӣ роҳандозӣ карда, дар ин давра ҷиҳати рушди соҳа як зумра  корҳои судмандро анҷом додааст, вале ҳанӯз бархе аз мушкилот ҳал нашуда боқӣ мондаанд ва талошҳои муштаракро тақозо менамоянд.

Вазири маориф ва илм дар идома тавзеҳ дода, ки яке аз мушкилоти аслии бахши маориф дар Тоҷикистон бо назардошти афзоиши босуръати аҳолӣ норасоии ҷойи нишаст ва зарурати сохтмони мактабҳо мебошад.

Саидзода гуфт, умедворанд, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар бунёду таҷдиди муассисаҳои нави таълимии замонавӣ Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳад кард. Зеро ба гуфтаи Вазир, айни замон дар кишвар муассисаҳои таълимие вуҷуд доранд, ки ҳанӯз солҳои 20-30-и асри гузашта


Бонки Ҷаҳонӣ: 70%-и афғонҳо имкони қонеъ гардонидани ниёзҳои аввалияи худро надоранд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед