Ru  | Tj
Вазорати меҳнат гуфт, ки дар кадом минтақаи Тоҷикистон сатҳи баландтари бекорӣ дида мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазорати меҳнат гуфт, ки дар кадом минтақаи Тоҷикистон сатҳи баландтари бекорӣ дида мешавад
Акс: ASIA-Plus

Вазорати меҳнат гуфт, ки дар кадом минтақаи Тоҷикистон сатҳи баландтари бекорӣ дида мешавад

Нашр шуд

Ба гузориши хабаргузории расмии “Ховар”,  дар нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Тоҷикистон Бобохон Баротзода гуфт, ки айни замон сатҳи бекорӣ дар Вилояи Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 6%, шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 2,9%, вилояти Суғд 1,9% ва дар вилояти Хатлон ба 2% баробар аст.  

Баротзода ҳамчунин афзуд, ки соли гузашта бистуяк ҳазор шаҳрванди кишвар ба таври ройгон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда,  Вазорат ҳар моҳ ба онҳо 40 сомонӣ идрорпулӣ додааст.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба таври расмӣ 106,2 ҳазор нафарро ҳамчун корҷӯй сабт кардааст ва дар соли гузашта дар маҷмӯъ 2 миллиону 480 ҳазор нафар дар иқтисодиёт фаъол будаанд.

Ширин Амонзода, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ин нишаст аз ҷумла гуфтааст, ки соли гузашта 70,6 ҳазор нафар бо кор таъмин гардидаанд.

Бояд гуфт, ки масъалаи дарёфти кор дар Тоҷикистон бахусус миёни ҷавонон яке аз масоили мубрам боқӣ мемонад. Аксари мардум рӯ ба муҳоҷират оварданашонро аз набудани ҷойи кор дар Ватан медонанд. Ҳамасола дар шаҳру навоҳии кишвар ярмаракаи ҷойҳои кории холӣ баргузор мешавад, аммо андозаи маоши пешниҳодгардида, ки камтар аст, ҷавонон муҳоҷиратро афзалтар мешуморанд. 


Вазири адлия сабаби зиёд шудани талоқ дар Точикистонро гуфт




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед