Ru  | Tj
ВКХ: Бе раводид баромадани тоҷикистониён аз Украина ба Лаҳистон, Руминия ва Молдова имкон дорад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

ВКХ: Бе раводид баромадани тоҷикистониён аз Украина ба Лаҳистон, Руминия ва Молдова имкон дорад
Акс: Интернет

ВКХ: Бе раводид баромадани тоҷикистониён аз Украина ба Лаҳистон, Руминия ва Молдова имкон дорад

Нашр шуд

Дар қаламрави Украина 4 000 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, ки 101 нафари онҳо донишҷӯ мебошанд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар медиҳад, Сафорати Тоҷикистон дар Украина раванди тартиб додани рӯихати шаҳрвандоне, ки майли бозгашт ба меҳанро доранд, ба роҳ мондааст.

Таъкид гардидааст, ки ба ҳолати соати 9:00-и рӯзи 28-уми феврал 200 шаҳрванд сабти ном шуда, аз ин шумор 76 нафар шаҳрванд ба Лаҳистон ва 45 нафар ба Молдова мустақилона сафар намудаанд.

Гуфта мешавад, ки сафари шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни барасмиятдарории виза ба кишварҳои мазкур ба мӯҳлати маҳдуд буда,  то 14 рӯз муқаррар гардидааст.

Ҳамчунин, аз шаҳрвандони кишвари мо даъват ба амал оварда шудааст, ки ҳангоми сафар ба Лаҳистон, Руминия ва Молдова бо худ шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдорро дошта бошанд.

Дар баробари ин, Вазорати корҳои хориҷӣ аз шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди Украина қарор доранд хоҳиш намудааст, ки дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи ҳолати ҳарбиро дар ин кишвар қатъиян риоя кунанд, сабур бошанд ва то ҳадди имкон аз манзилашон берун нашаванд.

Ҳамчунин, Сафорати Тоҷикистон дар Киев ҷиҳати тамос гирифтан бо шаҳрвандон ва мусоидат намудан ба баргашти онҳо тариқи кишварҳои сеюм хати алоқаи рақами +380933361040-ро фаъол намудааст.

Илова бар ин, тоҷикистониёне, ки аллакай дар ҳудуди Лаҳистон, Руминия ва Молдова қарор доранд, ҳангоми зарурат имкон доранд бо намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар тамос бошанд:

Сафорати Тоҷикистон дар Молдова (бо қароргоҳ дар Киев) хатти алоқаи доимии рақами +380933361040;

Сафорати Тоҷикистон дар Лаҳистон (бо қароргоҳ дар Берлин) хатти алоқаи доимии рақами +4915238204875, WhatsApp +992988613755;

Сафорати Тоҷикистон дар Руминия (бо қароргоҳ дар Вена) хатти алоқаи доимии рақами +436604806878 WhatsApp.



Китобҳои дастнависи Навоӣ ва Алии Яздӣ аз китобхонаи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон дуздида шудаанд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед