Ru  | Tj
Вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо директори "Маркази муҳоҷират"-и Москва

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо директори "Маркази муҳоҷират"-и Москва

Вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо директори "Маркази муҳоҷират"-и Москва

Нашр шуд

Дирӯз мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода бо директори генералии Департаменти давлатии "Марказии муҳоҷират"-и шаҳри Душанбе Сергей Балдин оиди таъсис додани чунин марказ дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Маркази муҳоҷират бо мақсади ба низом даровардани содироти қувваи корӣ ва ҳимоя ҳуқуқҳои шаҳрвандонро таъсис дода шуда, тибқи дархости ширкатҳои кортаъминкунанда муҳоҷирон ҷалб карда мешаванд.

Ба гуфтаи Сергей Балдин минбаъд аз ин марказ, шаҳрвандон метавонанд маълумотҳои заруриро оиди ҷойи кор, чи тавр гирифтани ҳуҷҷатҳо, ташкили мусоҳибаҳои онлайн ва баҳодиҳии малакаҳои касбии муҳоҷирони меҳнатӣ, тафтиши имкони вуруд ба қаламрави Федератсияи Россия ва амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ, машварат додани муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба масъалаи тартиб додани иҷозатномаи корӣ, қоидаҳои будубош дар Москва, аз ҷумла бо назардошти маҳдудиятҳои марбут ба пандемия.

Хотиррасон мекунем, ки ширкати сохтмонии "Техстрой" бо мақсади ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба шаҳрҳои Россия дар Тоҷикистон даври дуюми интихоби кормандонро мегузаронад.

Муҳлати амали имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирон кам шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед