Ru  | Tj
Афғонистон - сарватмандтарин кишвари фақири ҷаҳон
Афғонистон - сарватмандтарин кишвари фақири ҷаҳон
Аксҳо: Аз манбаъҳои гуногуни интернетӣ

Афғонистон - сарватмандтарин кишвари фақири ҷаҳон

Нашр шуд

Имрӯз ҳарчанд Афғонистон дар радифи фақиртарин кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб меояд, аммо пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки ин кишвар чунон ганҷҳо ва сарватҳои бузурге дорад, ки агар аз онҳо истифода кунад, дар қатори шукуфонтарин кишварҳои ҷаҳон қарор мегирад. Афғонистон ганҷҳои нодире дорад, ки онҳоро маҳз дар чанд кишвари маҳдуд пайдо кардан мумкин аст. Бархе аз ин сарватҳо маъданҳо ва сарватҳои табииро дар бар мегиранд, ки имрӯз саноат ва технологияи ҷаҳон ба онҳо ниёзи ҷиддӣ доранд. Таҳқиқоти Созмони геологии Амрико ва чанде дигар аз созмонҳои байналмилалии соҳа нишон медиҳанд, ки дар Афғонистон 1400 навъи маъдан ва захираҳои бузурги нафту газ мавҷуд аст, ки арзиши умумии онҳо ба беш аз 9 триллион доллар мерасад. Бо назардошти 40 миллион аҳолии Афғонистон, ки чандон зиёд ба ҳисоб намеояд, истифода бурдани ин сарватҳо Афғонистонро ба як кишвари сарватманд ва мардуми онро ба сарватмандтарин мардуми ҷаҳон табдил медиҳад. Барои исботи ин иддао, дар мақола баъзе аз муҳимтарин маъданҳо ва сарватҳои табиии Афғонистон ба баррасӣ гирифта шудаанд.


Литий (литиум): Конҳои литиуми Афғонистон аз 850 то 900 километр дарозӣ ва аз 150 то 200 километр паҳноӣ доранд, ки аз вилояти Ҳирот дар ғарб оғоз ёфта, то вилояти Нуристон дар шимолу шарқи Афғонистон идома доранд. Бар асоси пажӯҳишҳои Агентии кайҳонии Амрико (НАСА), арзиши конҳои литиуми Афғонистон, ки то ҳол истихроҷ нашудаанд, ҳудуди як то се триллион долларро ташкил медиҳад. Литиум дар тавлиди батареяҳои мобилӣ, компютер, дронҳо ва дигар фанновариҳои нав истифода мешавад ва ҳама ширкатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Apple, Samsung ва ҳатто NASA ба он талабот доранд. Тибқи гузориши Созмони геологии Амрико, литиуми Афғонистон аз нигоҳи покӣ ва консентратсиявӣ сифати баланд дорад. Дар соли 2010 Вазорати дифои ИМА Афғонистонро "Арабистони Саудии литиум" номид. Ин маънои онро дорад, ки ин кишвар метавонад барои таъминоти ҷаҳонии металҳои аккумулятор муҳим бошад, мисли Арабистони Саудӣ барои нафти хом.


Мис: Мис яке аз унсурҳои маъдании васеъистифодашаванда дар иқтисодиёт ва саноати имрӯзаи ҷаҳонӣ мебошад. Афғонистон кишвари аз мис бой буда ва дорои беш аз 68500 миллион тонна мис аст. То ба имрӯз, таҳқиқоти Созмони геологии Афғонистон нишон додааст, ки дар Афғонистон ҳудуди 300 кони мис мавҷуд аст, ки танҳо 12 кони он мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Гурӯҳе аз геологҳои Вазорати дифои Амрико изҳор доштанд, ки агар конҳои миси Афғонистон истихроҷ шаванд, ин кишвар Чилиро, ки бузургтарин содиркунандаи мис дар ҷаҳон аст, мегузарад. Ҳамчунин, Созмони геологии Амрико нишон додааст, ки арзиши миси Афғонистон ба беш аз 273 миллиард доллар мерасад.


 

Оҳан: Бар асоси пажӯҳишҳои пажӯҳишгарони Русия, Англия, Олмон ва Фаронса Афғонистон дар вилоятҳои Бомиён, Ҳирот, Панҷшер, Кунар, Тахор, Бадахшон, Парвон ва Кобул 100 кони оҳан дорад ва ин миқдор 1 миллиарду 800 миллион тоннаро ташкил медиҳад, ки арзиши он ба маблағи 420,8 миллиард доллар мерасад. Конҳои оҳани Афғонистон дар маҷмӯъ 47- 62% меъёри баланд доранд, ки аз конҳои баҳтарин дар ҷаҳон ба ҳасоб меоянд.

Кони “Ҳоҷӣ Гак” дар устони Бомиёни Афғонистон аз бузургтарин маъданҳои оҳан дар минтақа бо дарозии 16 километр ва умқи 550 метр ва ҳаҷми 2 миллиард тонна мебошад.

Уран: Захираҳои урани Афғонистон асосан дар вилояти Ҳилманд ҷойгиранд. Бино ба маълумоти Пажӯҳишгоҳи кайҳонии Амрико (NASA) ҳаҷми захираи урани Афғонистон 1,4 то 3,5 миллион тонна арзёбӣ мешавад. Тибқи пажӯҳишҳои пажӯҳишгарони Русия дар соли 1984, вилоятҳои Парвон, Кобул ва Ҳирот низ дорои манобеи уран мебошанд. Ҳанӯз арзиши ин захираҳо мушаххас нашудааст, вале гуфта мешавад, ки арзиши онҳо беш аз даҳҳо миллиард долларро ташкил медиҳад. Ин унсур аз он сабаб хеле муҳим аст, ки дар сохтмони технологияи ядроӣ истифода мешавад.


Нефт ва газ: Афғонистон, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 95 дарсади нафту гази худро тавассути воридот таъмин мекунад ва ҳамасола барои харидани он миллионҳо доллар харҷ менамояд, дорои захираҳои бузурги нафту газ мебошад. Тибқи пажӯҳишҳои анҷомгардида, захираҳои нафту гази ин кишвар чунин аст: 1,8 миллиард бушка нафт, 16 триллион метри мукааб газ ва 500 миллион бушка гази моеъ. Созмони геологии Иёлоти Муттаҳида арзиши нафту гази Афғонистонро тақрибан 223 миллиард доллар арзёбӣ кардааст. Бархе аз пажӯҳишҳои дигар маҳз арзиши гази Афғонистонро як триллион доллар эълом кардаанд. Афғонистон имкони истихроҷи 300 000 бушка нафти хомро дар як рӯз дорад, ки солона ба ин кишвар 10 миллиард доллар даромад меорад. Қобили зикр аст, ки ҳаҷми нафту газ дар Афғонистон аз бисёре аз кишварҳои содиркунандаи он, назири Озарбойҷон ва Ӯзбакистон бештар аст. Ҳавзаи шимолӣ як қисми бузурги нафту гази Омӯдарё мебошад, ки дар байни 152 ҳавзаи нафту гази кашфшуда дар ҷаҳон аз рӯи захираҳо ҷои 15-умро ишғол менамояд.


Ангишт: Конҳои ангишт дар Афғонистон дар шакли камарбанд дар зери теппаҳои хокии қаторкӯҳҳои Ҳиндукӯш ҷойгир шудаанд, ки аз вилояти Бадахшон оғоз ёфта, то Тахор, Бағлон, Самангон, Бомиён, Сарпул ба масофаи 750 километр тӯл кашида шуда, дар Сабзак - Ҳирот ба охир мерасад. Захираҳои исботшудаи он тақрибан аз 100 то 400 миллион тонна ҳисоб карда мешаванд. Дар Афғонистон дар маҷмуъ 1616 кони ангишт мавҷуд аст.


Талк: Бино ба гузориши маҷаллаи «Global Witness» дар соли 2016 Афғонистон дорои захираҳои бузурги талк аст, ки ба таври васеъ дар саноати пластикӣ, сафолӣ, рангубор ва пудари кӯдакон истифода мешавад. Кони он дар шаҳри Ғазнӣ дар дашти Навор воқеъ аст. То ҳанӯз арзиши ин маъдан ба доллар муайян нашуда, аммо гуфта мешавад, даҳҳо миллиард доллар арзиш дарад.


Тилло: Афғонистон дар манотиқи мухталифи худ конҳои тилло дорад, аммо бузургтарин захоири тилло дар вилояти Бадахшон ва дар канори Омӯдарё ва дарёи Куче ҷойгир аст. Миқдори тилло дар Афғонистон ҳудуди 2700 кг. тахмин меравад, ки тақрибан 170 миллион доллар арзиш дорад. Бузургтарин конҳои тилло дар ҷаҳон ҳоло дар Афғонистон ҷойгиранд.

Алмос: Алмосҳои шаффоф ва рангҳои зарду сабз ва сурхчатоб дар бархе аз манотиқи Афғонистон пайдо шудаанд, ки гуфта мешавад, аз алмосҳои африқоӣ сифаташ баландтар ва арзишмандтар аст.


Об: Захираҳои обии Афғонистон яке аз сарватҳои бузурги ин кишвар барои расидан ба рушди устувор ба ҳисоб меравад. Бар асоси гузориши Вазорати энергетика ва оби Афғонистон, захоири оби ин кишвар ба 75 миллиард метри мукааб мерасад. Аммо ҳамасола беш аз 50 миллиард метри мукааби он ройгон ба кишварҳои ҳамсоя рехта мешавад, ки солона беш аз 50 миллиард доллар арзиш дорад.

Ляпис-лазур: Конҳои баландтарин, калонтарин ва қадимтарин конҳо дар ҷаҳон мебошад, ки дар вилояти Бадахшон ҷойгир шудаанд. Лазули Афғонистон яке аз маъруфтарин маъданҳои таърихи санъат ва меъморӣ аст, ки ҳатто фиръавнҳои мисрӣ аз ин конҳои истихроҷшуда дар қасрҳои худ истифода мекардаанд. Сатҳи сайқалёфтаи он ба осмони пурситора монанд аст.


Зумуррад: Дувумин санги гаронбаҳо пас аз алмос,  зумуррад аст, ки дар чанд манотиқи Афғонистон, бахусус дар вилоятҳои Панҷшер ва Нуристон ба миқдори зиёд вуҷуд дорад. Дар водии Панҷшер бори нахуст соли 1970 аз ҷониби як геологи рус 172 кони санги зумуррад кашф гардид, ки сифати онҳо аз зумуррадҳои Колумбия ва ҳатто дар ҷаҳон баландтар аст. Он чизе, ки зумуррадҳои Афғонистонро ғайриоддӣ мегардонад, равшании хеле хуби он аст. Аксари зумуррадҳо, ҳатто зумуррадҳои баландсифат, таркибҳои рӯизаминӣ доранд, аммо зумуррадҳои Афғонистон бо вуҷуди хурд буданаш ба таври истисноӣ тоза ва сифати хеле баланд доранд. Афғонистон имкон дорад, ки манбаи дуввуми тавлиди зумуррад - санги қиматбаҳо пас аз алмос дар ҷаҳон бошад.


Дар хулоса метавон гуфт, ки Афғонистон бо доштани сарватҳои бузурги худ дер ё зуд имкони табдил шудан ба як кишвари сарватмандро дорад. Рӯзномаи "Ню-Йорк Таймс" дар гузорише дар бораи конҳои Афғонистон навишт, ки миқдори захираҳои конҳои тозакашфшудаи литий, оҳан, мис, кобалт ва тилло дар Афғонистон ба ҳадде аст, ки метавонад ин кишвари фақирро ба яке аз муҳимтарин кишварҳо табдил диҳад. Қобили зикр аст, ки Афғонистон ба ҷуз аз маъданҳо ва захираҳои табиии дар боло зикршуда, аз лиҳози тиҷорат, транзит ва интиқоли нерӯи барқ ​​аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ дар заминаи геоиқтисодӣ мавқеи хоса дорад ва ин мавқеъро метавон як манбаи даромади бузурги дигари ин кишвар арзёбӣ кард.

Бо он чӣ, ки дар боло зикр гардид, ба ин натиҷа мерасем, ки Афғонистон аз ҷиҳати доштани захираҳои маъдани табиӣ ва мавқеи геоиқтисодӣ имкониятҳои пурманфиате дорад ва маҳз бо барқарории амният дар ин кишвар, ширкатҳои бузурги байналмилалӣ ба сармоягузорӣ пардохта ва Афғонистонро дигаргун хоҳанд намуд. Бояд қайд кард, ки аз пешрафти Афғонистон на танҳо мардуми он, балки кишварҳои ҳамсоя бахусус Ҷумҳурии Тоҷикистон низ манфиатдор хоҳад шуд.


Ёдбуди сартосарии ҷаҳонӣ аз мардони наҷиб. Аз кушта шудани Б. Раббонӣ 11 сол ва А. Масъуд 21 сол сипарӣ шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед