Ru  | Tj
Нақш ва ҷойгоҳи ҳунари мусиқӣ дар равобити Тоҷикистону Афғонистон
Нақш ва ҷойгоҳи ҳунари мусиқӣ дар равобити Тоҷикистону Афғонистон
Аксҳо: Аз Интернет

Нақш ва ҷойгоҳи ҳунари мусиқӣ дар равобити Тоҷикистону Афғонистон

Нашр шуд

Фарҳанг дар равобити Тоҷикистону Афғонистон аз ҷойгоҳи хосе бархӯрдор аст. Мардумони ҳарду кишвар дар гузаштаҳо аз фарҳанги воҳиде бархӯрдор буданд, ки дар парвариши он шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро ва Хуҷанд аз ин сӯйи Омӯ ва шаҳрҳои Балх, Ҳирот ва Ғазна дар он сӯйи Омӯ нақши муассир доштанд. Ин ягонагии фарҳангиро сабаб он буд, ки бо вуҷуди марзбандиҳо, ҷудоиҳои сиёсӣ ва эҷоди маҳдудиятҳо иртибот ва табодулоти фарҳангӣ, ҳамчунон, идома дошт. Чунончӣ дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки марзҳо идора шуда, ҳама гуна равобит байни мардумони ду кишвар аз тариқи расмӣ сурат мегирифт, боз ҳам ҳамкориву табодули фарҳангӣ байни фарҳангиёни ду кишвар қатъ нагардид ва ба наҳве идома ёфт. 

Бо Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурсатҳои ҳамкорӣ гушуда шуд ва аз он замон то кунун ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла, дар арсаи фарҳанг густариши зиёде пайдо кард. Аммо дар ин миён ҳамкорӣ дар арсаи ҳунари мусиқӣ беш аз ҳама назаррас аст, ки ин навишта сайъ кардааст, онро инъикос созад. 

Баъд аз Истиқлоли Тоҷикистон тавсиаи равобити ҳунарии ду кишвар на аз тариқи барномарезиҳо ва маҷроҳои давлатӣ, балки одатан аз тариқи талошҳои ҳунармандон ва истиқболи мардумӣ тавсиа ёфтааст, ки ин нишондиҳандаи алоқаҳои фарҳангии ду кишвар дар ҳавзаи ҳунари мусиқӣ мебошад. Ба гунае камтар ҳунарманди тоҷикистонӣ аст, ки ба Афғонистон сафар накарда бошаду дар Афғонистон шинохташуда набошад ва мардум ба сурудаҳои он гӯш надиҳад. Садои ҳунармандони Тоҷикистон дар Афғонистон дар ҳама ҷо аз фазои хонаҳо то нақлиётҳои ҷамъиятӣ ва мошинҳои шахсӣ ва ҳама гуна маҳфилҳои хушӣ танинандоз аст ва мардум аз шунидани онҳо лаззат мебарад. 

Аз тарафи дигар, Тоҷикистон кишваре аст, ҳунармандони Афғонистон беш аз ҳар кишвари дигар ба ин ҷо омадаанд ва ба иҷрои барномаи консертӣ пардохтаанд, ки мавриди истиқболи хуб қарор гирифтаанд. Нуктаи ҷолиб ин ки бархе ҳунармандони тоҷикистонӣ, ҳатто беш аз кишвари худ дар Афғонистон тарафдор доранд, ба гунаи мисол Хурмо Ширинова, Манижа Давлатова, Садриддини Наҷмиддин, Нигина Амонқулова, Шабнами Сурайё, Мадина Ақназарова ва дигарон пурҷӯшу хурӯштарин консертҳои худро дар Афғонистон гузаронидаанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештарин бинандагон ва шарҳгузорони ҳунармандони фавқро шаҳрвандони Афғонистон ташкил медиҳанд. Истиқболи ҷавонони шаҳри Кобул аз консерти Садриддини Наҷмиддин дар соли 2017 чунон бо шукӯҳ ҳамроҳ буд, ки назири онро ин сарояндаи мумтоз дар ягон кишвари дигар, ҳатто шояд дар Тоҷикистон низ таҷриба накарда буд.

Ҳамчунин, бархе ҳунармандони Афғонистон беш аз Афғонистон дар Тоҷикистон маҳбуб ҳастанд ва ба сурудаҳои онҳо гӯш дода мешавад, ки бидуни тардид дар раъси онҳо Аҳмад Зоҳир қарор мегирад. Дар ҳоле ки дар Афғонистон ифротиҳо, толибони аҳли мадраса ва мактабҳои динӣ ва мардуми рустоҳо дидгоҳи мусбате дар мавриди Аҳмад Зоҳир надоранд, аммо дар Тоҷикистон тақрибан ҳама мардум аз ҳар қишр ва табақае алоқамандии хос ба ӯ доранд ва он гуна, ки аз солрӯзи ӯ дар Тоҷикистон таҷлил ва қадрдонӣ ба амал меояд, дар Афғонистон камтар иттифоқ меафтад. 

Ҳамкории ҳунармандони ду кишвар дар шакли сохт ва иҷрои сурудаҳои муштарак низ қобили таваҷҷуҳ аст. Сурудаҳои зиёде аст, ки ба гунаи дугона (дуэт) ва муштарак тавассути ҳунармандони ду кишвар иҷро шудааст. Ба гунаи мисол аз ҳамкории муштараки Садриддини Наҷмиддин бо Ғизол Иноят, Ҷовиди Шариф бо Мадина Ақназар ва Шабнами Сурайё, Сито Қосимӣ бо Моҳира, Мири Мафтун бо Хуҷаста, Қайси Улфат бо Шабнами Сурайё ва даҳҳо мавриди дигарро метавон ном бурд, ки иҷрои онҳо бо истиқболи густардаи мардумони ҳарду кишвар мувоҷеҳ гардида,  намоди ягонагии фарҳангии ду кишварро ифода мекунад. 

Ҳамкории муштараки байни ҳунармандони Тоҷикистону Афғонистон дар ҳоли ҳозир ба хориҷ аз қаламрави ин ду кишвар ва ба қораи Аврупову Амрикову Австралия низ кашида шудааст. Садриддин Наҷмиддин дар воқеъ, бо даъвати ҳунардӯстони афғонистонии сокин дар Аврупову Канада ба онҷо рафтааст ва бештарин ширкаткунандаҳои консертҳои ӯро шаҳрвандони Афғонистон ташкил медиҳанд. Консертҳои муштараки Қайси Улфат ва Шабнами Сурайё дар шаҳрҳои Аврупо ва Австралия намунаи дигаре аз ҳамкории ҳунармандони ду кишвар аст, ки бо истиқболи густардаи муҳоҷирини Афғонистон (муқим дар кишварҳои ин ду қора) мувоҷеҳ шудааст. Намунаи дигари ҳамкорӣ миёни ҳунармандони ду кишвар, бозхонӣ ва зинда нигоҳ доштани мусиқии фолклор ва маҳаллӣ аст, ки тавассути ҳунармандони ду кишвар бозхонӣ шудааст. Дида мешавад, ки теъдоди зиёде аз сурудаҳои ҳунармандони маҳаллӣ ва фаромӯшшудаи Афғонистон тавассути ҳунармандони маъруфи Тоҷикистон бо абзорҳои ҷадиди мусиқӣ, бо зебоӣ бозхонӣ гардида, боиси зинда нигоҳ доштани ин гуна сурудаҳои суннатӣ шудааст. Мадина Ақназар сурудаи “Эй ҷон, дилакам”-и Азизуллои Дарвозӣ ва “Маъсума силсиладор”-и Ҳоҷӣ Сайфиддинро ба хубӣ ва зебоӣ бозхонӣ кардааст. 

Ягонагӣ ва шабоҳати ҳунари мусиқии ду кишвар ба андозае аст, ки дар бархе маворид аслияти як асари мусиқӣ ва ин ки он суруда дар Афғонистон ва тавассути ҳунармандони афғонистонӣ эҷод шудааст ва ё дар Тоҷикистон тавассути ҳунармандони тоҷикистонӣ эҷод шуда, ба дурустӣ маълум намешавад. Масалан, сурудаи маъруфи “Камарборики ман”, ки бар асоси шеъри Абулқосими Лоҳутӣ танзим гардидааст, дар Афғонистон ба номи Зоҳири Ҳувайдо шинохта мешавад, дар ҳоле ки дар Тоҷикистон холиқи онро Тӯҳфа Фозилова ва Анвар Муллоқандов медонанд.

Ҳар гоҳ ба бойгониҳои телевизионҳои Афғонистон, бахусус, телевизионҳои ғайридавлатӣ, ки дар он нақши давлат камранг аст ва онҳо телевизионҳои тиҷоратӣ дониста мешаванд, (Барномаҳои бештар пахш мекунанд, ки мавриди алоқа ва таваҷҷуҳи мардум бошад, то бар теъдоди мухотабони худ биафзоянд) муроҷиат шавад, дида мешавад, ки аз ҷамъи мусоҳиба бо ҳунармандони хориҷӣ бештарин мусоҳиба бо ҳунармандони мусиқии Тоҷикистон сурат гирифтааст ва аз тариқи дигар, ҳунармандони мусиқии Тоҷикистон дар мусоҳибаҳо бо телевизионҳои хориҷӣ бештарин мусоҳибаро бо телевизионҳои Афғонистон анҷом додаанд, ки худ алоқамандии дуҷониба байни ҳунармандони Тоҷикистон ва мардуми Афғонистонро мерасонад.

Бояд изофа кард, ки ҳунари мусиқӣ дар муаррифӣ ва зинда нигаҳдоштан ва ошноии мардум бо ном ва шеъри шоирони бузурги ҳарду кишвар ва ҳавзаи тамаддунии форсизабонон нақши калидӣ доштааст. Шеъри шоирони классик, ки ифтихороти муштараки ду кишваранд, аз ҷумла, беш аз ҳама тавассути ҳунари мусиқӣ ва садои дилнишини сарояндагон ба насли имрӯза муаррифӣ мешаванд ва ҳамчунон, ҳунари мусиқӣ беҳтар ва бештар аз ҳама метавонад, дар муаррифии шоирони муосири ҳарду кишвар ба мардумони ҳамдигаре мусоидат кунад.

Ҳамкорӣ дар арсаи мусиқӣ миёни мардумони Тоҷикистону Афғонистон ба гунае аст, ки намунаи онро дар миёни ҳеч ду миллати дигар наметавон пайдо кард. Ба унвони натиҷагирӣ метавон гуфт, фарҳанг, бахусус, ҳунари мусиқӣ байни мардумони Тоҷикистону Афғонистон, ки дорои фарҳангу таърихи муштараке буда, аммо таи беш аз як қарн аз ҳам ҷудо афтода, камтарин иртиботро доштанд, муҷаддадан василаи барқарории иртибот гардидааст ва нақши муассире дар шинохти мутақобили мардумони ду кишвари мутааллиқ ба як фарҳанги пурбори воҳид доштааст. 

Дар воқеъ, сарояндагон ва овозхонони Тоҷикистон ва Афғонистон “сафирони” воқеие ҳастанд, ки аз фарҳанги муштараки мардумон намояндагӣ карда, онро ҳифз, рушд ва боланда месозанд. Вижагии ҳунари мусиқӣ дар он аст, ки мухотаби он гурӯҳи хосе нест, балки ҳама гурӯҳҳо ва табақаҳои мухталиф, аз бесавод то ба босавод, рустоӣ то шаҳрӣ, зан ва мард, пиру ҷавон ва ҳатто кӯдакон ба он гӯш медиҳанд ва аз шунидани он лаззат мебаранд. Ба ин тартиб ба воситаи ҳунари мусиқӣ аст, ки мардумони ду кишвар шинохти бештару беҳтаре аз якдигар пайдо карда ва ҳисси ягонагӣ мекунанд. Аз сӯйи дигар мусиқӣ бо эҳсосоти мардум сари кор дорад ва камтар ба ҳавзаҳое чун манофеи миллӣ ва амнияти миллӣ иртибот мегирад. Ба ҳамин далел, фарозу нишебҳои сиёсат кунуш ва вокуниши ҳукуматҳо, ки баъзан равобити кишварҳоро ба мушкил мувоҷеҳ месозад ва боиси нопойдорӣ бар дӯстиву душмании миллатҳо мегардад, домангири ҳавзаи ҳанар, бахусус, ҳунари мусиқӣ намегардад ва ҳунари мусиқӣ пойдории равобитро ҳифз мекунад. Ҳукуматҳо ва режимҳо меоянд ва мераванд, бархе онон дар ҷиҳати ҳамсӯии миллатҳо кор мекунанд ва бархеи дигар эҷоди мушкил менамоянд, аммо ҳунари мусиқӣ пайвандҳои мондагор ва баргаштнопазир эҷод мекунад. Аз ин назар, фарҳанг, бахусус, дар ҳар шароите муассиртарин омиле аст, ки пайванди дӯстӣ миёни Афғонистону Тоҷикистонро ҳимоят мекунад.  

«Зебо, муд ва рангоранг». Чаро адрас дар олами муд ба як тамоюли воқеӣ мубаддал гардид?



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед