Ru  | Tj
Андешае чанд аз ҳақиқати ҶБВ ва ҶДҶ
Андешае чанд аз ҳақиқати ҶБВ ва ҶДҶ
Аксҳо: Интернет

Андешае чанд аз ҳақиқати ҶБВ ва ҶДҶ

Нашр шуд

Моҳе қабл ба оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ 80 сол пур шуд. Баъзеҳо байни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ тафовути камтар мегузоранд. Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, ки 1-уми сентябри соли 1939 оғоз ёфтааст, асосан дар мамлакатҳои Аврупо ва як қисми шимоли Африқо давом кард. Олмони фашистӣ ҳамроҳи иттифоқчиёнаш - Испания ва Ҷопон мехост, ки соҳиби ҷаҳон шавад, аз ин рӯ, ин ҷангро шурӯъ кард. Ин ҷанг аз ҳуҷум ба Полша оғоз ёфта, ба туфайли он Олмон дар як муддати ниҳоят кӯтоҳ Фаронсаро шикаст дод ва аз худ кард. Дар натиҷа Олмон Англияро ҳам бомбаборон кард, яъне тавоноии худро нишон дод.

Дар тобистони соли 1941 Олмон дар худ қувваеро пайдо кард ва дар Аврупо ба дараҷае расид, ки ба муқобили Иттиҳоди Шӯравӣ ҷангиданро иқдоми наҷиби худ донист. Олмон субҳи барвақти рӯзи 22- уми июн ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ дар минтақаи Белорусияи имрӯза дохил шуд. Дар натиҷа Иттиҳоди Шӯравӣ ва роҳбарияти он ба халқ муроҷиат кард, ки Олмон моро ба ҷанг кашид, ба мамлакати мо ҳуҷум кард ва он ваъдаҳоеро, ки бо мо барои ҷанг накардан баста буд, шикаст. Ҳамин тариқ, Олмон ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ даромад ва дар ин мулк Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт. Яъне Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамроҳ карда шудани Иттиҳоди Шӯравӣ ба Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ аст.


Ба андешаи профессор Иброҳим Усмонов Иттиҳоди Шӯравӣ ба Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ дохил нашудааст. Ӯ мегӯяд: 

“Имрӯз баъзеҳо ҳамин хел маънидод кардан мехоҳанд, ки гӯё Ҷанги Дуюми Ҷаҳониро Олмон ва Иттиҳоди Шӯравӣ шурӯъ карда бошанд. Не, Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин ҳеҷ дахле надорад. Олмон ҷангро дар Аврупо шурӯъ кард, ба замини ҳамсояҳои худ даромад, онҳоро ба худ тобеъ кард ва аз ҳисоби онҳо ҳам иқтидори ҳарбиашро мустаҳкам кард, ҳам артишашро пурқувват кард ва ҳам баъди мустаҳкамшавӣ бо ин гурӯҳ, ба хоки Шӯравӣ ҳуҷум кард”.

Бояд гуфт, ки Иттиҳоди Шӯравӣ албатта ҳуҷуми Олмонро дидаву дониста хомӯш нишаста наметавонист. Бинобар ин, ба по хесту ба муқобили Олмон ҷангид. Иттиҳоди Шӯравӣ ташабускори саршавии ҷанг набуд. Барои ҳамин ҳам, вақте дар солҳои 1940-1941 гарчи чандин бор ба ставкаи Олии Шӯравӣ, яъне ба Сталин хабар расониданд, ки Олмон тайёрӣ мебинад, ба муқобили Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанг кардан мехоҳад ва ин ҷанг имрӯз ё фардо шурӯъ мешавад, гӯё Сталин нафаҳмид ва худашро ба нодонӣ зада аксуламале нишон надод. Ӯ то охирин рӯзи эълони ҷанг интизор буд, ки воқеан ҳам Олмон ҷанг мекарда бошад ё не. Чун дид, ки воқеан ба хоки ин сарзамин ҳуҷум кард ва инро расман эълон намуд шӯравиён ба по хеста, ба муқобили Олмони фашистӣ ҷангиданд.


Бархе мамлакатҳои Аврупо имрӯз ин ҷангро ҳамчун бори вазнин ба дӯши худ, ҳамчун қувваи худ ва ҳамчун ғалабаи якҷояи худ бо Амрико маънидод кардан мехоҳанд. Ҳол он ки то ворид шудани Иттиҳоди Шӯравӣ ба Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, яъне то шурӯъ шудани ҶБВ аксари мамлакатҳои пуриқтидори Аврупо шикаст хӯрда, дар натиҷа дастнигари Олмон гардида буданд. Олмониҳо ба хоки онҳо даромада, лагерҳои худро ташкил карданд ва ҳукуматҳои мусаллаҳаи худро сохтанд. Танҳо баъди он, ки ҷанг бар муқобили Иттиҳоди Шӯравӣ шурӯъ шуд, дар ин мамлакатҳои Аврупо ҷуръате пайдо гардид. Яъне баъди он, ки Иттиҳоди Шӯравӣ фашистҳоро то сарҳади ғарбии Олмон гурезонд, дар мамлакатҳои Аврупо ҳаракатҳои партизанӣ пайдо шуд. Бинобар ин, дар Фаронса, Полша, Маҷористон, Руминия, Чехословакия ва ғайраҳо ҳаракатҳои партизанӣ дастгирӣ ёфтанд, ки онҳоро Иттиҳоди Шӯравӣ дастгирӣ мекард.

Профессор Иброҳим Усмонов мегӯяд: 

“Дар натиҷаи барномаи пропагандии Аврупою Амрико ақидаҳое пайдо шуда истодааст, ки гӯё дар ин ҷанг Иттиҳоди Шӯравӣ не, балки Аврупоиҳо ғалаба карда бошанд. Ҳоло он, ки ин ғалаба бо хуни рехтаи фарзандони Шӯравӣ, аз ҷумла бо хуни 90 ҳазор тоҷикистонии дар ин ҷанг қурбоншуда ба даст омадааст”.


9-уми майи соли 1945 аз ҷониби Иттиҳоди Шӯравӣ Олмони фашистӣ шикаст дода шуда, дар натиҷа ҶБВ ва Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ба анҷом расид. Яъне гарчи Ҷопон ҳанӯз шикаст нахӯрда буд, вале иқтидори ҷангиашро аз даст дода буд. Ҳамин тавр, 2-уми сентябри соли 1945 Ҷопон расман шикаст хӯрду Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ба анҷом расид.



И. Усмонов: “Халқи тоҷик аз онҳое, ки барои ба роҳи сулҳ расидан ба мо кӯмак карданд, бояд ҳамеша миннатдор бошад”

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед