Ru  | Tj
Аҳамияти Афғонистон барои қудратҳои бузург
Аҳамияти Афғонистон барои қудратҳои бузург
Аксҳо: Аз Интернет

Аҳамияти Афғонистон барои қудратҳои бузург

Нашр шуд

Минтақаи Афғонистон, ки рӯзгоре бо номи “Ориёно” ва “Хуросон” ёд мешуду ва имрӯз “Афғонистон” аст, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ чун ҷуғрофиёи бисёр муҳимми сиёсӣ ҳамеша дар мадди назар буд. Замоне аз ин роҳ аврупоиҳо ва мисриҳо ба Ҳинду Чин тиҷорат мекарданд ва масири ин роҳ Осиёи Марказӣ ва алалхусус Афғонистон буд. Яъне дар ин минтақа корвонҳо дар рафту омади тиҷоратӣ қарор дошта, барои абарқудратҳо ҷолибият эҷод мекарданд. Ҳатто тиҷорати мисриҳову румиҳо аз ҳамин масир мегузашт ва ба кулли дунё доман паҳн менамуд. 

Бояд гуфт, ки дар он замонҳо масъалаи абҳор на он қадар ҷиддӣ ба шакле, ки имрӯзҳо аҳамият дорад, матраҳ мешуд ва бинобар ин, Осиёро ба Аврупо минтақаи Афғонистони имрӯза васл мекард. Аз ҳамон замон минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Афғонистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ба қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ аҳаммият пайдо карданд ва барои онҳо ҷолибияти зиёде халқ намуданд.  Ҷолибияти кишварҳои Осиёи Марказӣ на танҳо барои Русияи подшоҳӣ дида мешуд, балки дар имтидоди таърих барои қудратҳои дигар низ, аз ҷумла барои румиҳо ва фаронсавиҳо Афғонистон дар меҳвари таваҷҷӯҳ қарор дошт. Бахусус ин раванд аз асри  XVIII, яъне замоне, ки Бозии бузург байни Русияи таззор ва Англия оғоз мешавад, шакли тоза гирифта, Афғонистон дар маркази ин бозии бузург қарор пайдо кард. Яъне Афғонистон ҳам барои русҳо ва ҳам барои инглисҳо як дарвозаи бисёр муҳимми сиёсӣ дониста мешуд. 

Минтақашиносон ба ин назаранд, ки шимоли Афғонистон ҷузъи қаламрави Осиёи Марказӣ аст ва ҷануби он бошад, ҷузъи қаламрави Осиёи Ҷанубӣ дониста мешавад. Бинобар ин, Афғонистон дар ду ҳавзаи бисёр муҳимми тамаддунӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ қарор дорад, ки аз як тараф ба Осиёи Марказӣ ва аз Осиёи Марказӣ ба Русияи таззор, пасон Русияи Шӯравӣ ва имрӯз Русияи Федералӣ ва  аз тариқи Ҷануб (ки он вақт Покистон вуҷуд надошт) бо Ҳиндустон ва Чин иртибот дошту дорад. Ба ҳар сурат Осиёи Марказӣ на танҳо дар даврони Бозии бузург барои қудратҳо аҳамият дошт, балки дар даврони Ҷанги сард низ ин минтақа аз аҳамияти бисёр муҳимми сиёсӣ бархӯрдор буд. Баъди суқути Императории Британияи Кабир ҷойи ин империяи бузурги ҷаҳониро дар минтақаи Афғонистон абарқудрати дигаре бо номи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба даст овард ва минбаъд, яъне баъди Ҷанги сард ин абарқудрати бузурги ҷаҳонӣ ба майдони бозиҳои сиёсӣ ба шакли ҷадид ва хатарнок ворид гашт ва ҳамчунин аз ҷониби дигар ҷойи Русияи таззориро Иттиҳоди Шӯравӣ соҳибӣ намуд. Бояд гуфт, ки дар тӯли таърих Иттиҳоди Шӯравӣ бо минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна  як робитаи бисёр анъанавию таърихиро эҷод намуда буд. Барои Иттиҳоди Шӯравӣ на танҳо Осиёи Марказӣ муҳим дониста  мешуд, балки ҷануби Осиё ба меҳварияти Ҳиндустон низ аҳамият дошт ва дар ин масири роҳ боз ҳам Афғонистон аҳамияти худро соҳиб гашт. 

Бояд гуфт, ки на танҳо дар даврони Бозии бузург, яъне дар даврони Русияи таззор ва рақобати Русияи таззору Британия Афғонистону Осиёи Марказӣ аҳамият дошта, балки дар даврони Ҷанги сард низ ин минтақа аз аҳамияти зиёд бархӯрдор буда ва ҳамвора рақобати абарқудратҳои бузурги ҷаҳониро, ба монанди Иттиҳоди Шӯравӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро барангехтааст. Албатта баъди кудатои Савр ин рақобат дар Афғонистон бисёр шадид шуд ва мухолифини давлатро амрикоиҳо, чиноиҳо, аврупоиҳо ва ҳатто кишварҳои исломӣ ҳимоя карданд ва нерӯҳое, ки ба ҳимояи Шӯравӣ қарор дошт, зери пой шуд. Яъне ҳатто ин нерӯҳоро ба суқут мувоҷеҳ карданд. Албатта дар поёни ҷанги Сард Шӯравӣ дигар он қудрати қаблии худро аз даст дода буд ва барои муддати мадиде дар ҳимояи манфиатҳои сиёсии худ дар Афғонистон хомӯш монд. 

Аммо бори дигар бо роҳбарии Владимир Путин Русияи Федеративӣ қудрати муҷаддади худро эҳё кард ва имрӯз вориси Русияи таззор ва Иттиҳоди Шӯравии собиқ аст. Пас алоқаи Русия ин пеш аз ҳама Осиёи Марказӣ аст ва алоқаи дуюми ин кишвар бошад, ҷануби Осиё, яъне Ҳиндустон дониста мешавад. Яъне Русия имрӯзҳо кӯшиш мекунад, ки ҳар чизе, ки аз ниёгони худ боқӣ монда буд, ҳифз намояд.

Муҳимтарин аҳамияти Афғонистон ин аст, ки ин кишвар баъди кишварҳои Ховари Миёна дорои иқтидори барҷастаи ҳам иқтисодӣ ва ҳам иҷтимоӣ мебошад ва  бинобар ин, кишварҳои масрафкунандаи ин тавоноиҳо мехоҳанд аз ин иқтидорҳои ҳангуфти Афғонистон истифода кунанд. Бахусус барои Чин ҳам ин минтақа дар чанд даҳсолаи ахир аҳамияти зиёд пайдо кард ва ин кишвар бо лоиҳаи “Як камарбанд ва як роҳ” мехоҳад тиҷораташро бо Осиёи Марказӣ ва Покистону Туркияву билохира Аврупо тақвият дода, ба иқтисоди оламгири худ тавоноии дигаре зам кунад. 

Бинобар ин, Афғонистон дар тӯли таърих  ҳамеша дар меҳвари бозиҳои бузург қарор дошта ва ҳанӯз ҳам дар ин рақобатҳо майдони марказӣ дониста мешавад. Дар баробари ин, кишвари Русия ҳоло амнияти Осиёи Марказиро амнияти худ медонад ва бинобар ин, дар ин бозиҳо бо роҳбарии Владимир Путин бисёр огоҳона ва хирадмандона пеш меравад. Ҳоло барои Русия пеш аз ҳама ДИИШ, ки имрӯзҳо дар Афғонистон қудрат пайдо кардаанд, нигаронии зиёдеро эҷод кардааст. Чароки аъзои ин гурӯҳи террористии барои Осиёи Марказӣ ва Русия нигаронидашуда ҳам аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам аз Доғистону Чеченистон мебошанд. 

Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ равобити бисёр хуб дорад ва дар меҳвари ин робитаҳо Тоҷикистон, ки умумиятҳои зиёде бо Афғонистон дорад, ҷойгоҳи махсусро касб кардааст. 


Нодирҷон Сафаров: “Роҳи алтернативӣ ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад ҳатмӣ бошад”




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(151) "Иброҳим Усмонов: “Ҷомеа бояд аз матбуоти худӣ талаботашро қонеъ кунад, вагарна...”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "18992"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(16) "Разговор"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(5) "13216"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(94) "/tj/articles/talk/ibro_im_usmonov_omea_boyad_az_matbuoti_khud_talabotashro_one_kunad_vagarna_/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "6116"
  ["CODE"]=>
  string(75) "ibro_im_usmonov_omea_boyad_az_matbuoti_khud_talabotashro_one_kunad_vagarna_"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "6116"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Иброҳим Усмонов: “Ҷомеа бояд аз матбуоти худӣ талаботашро қонеъ кунад, вагарна...”

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(196) "“Бақои ҳаёт ва рушди устувори инсоният”. Эмомалӣ Раҳмон дар саргаҳи иқдомҳои созандаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "16648"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(12) "Таҳлил"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(5) "11506"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(1) "9"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(124) "/tj/articles/analytics/ba_oi_ayet_va_rushdi_ustuvori_insoniyat_emomal_ra_mon_dar_sarga_i_i_dom_oi_sozandai_ob_dar_sat_i_a_o/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "5352"
  ["CODE"]=>
  string(100) "ba_oi_ayet_va_rushdi_ustuvori_insoniyat_emomal_ra_mon_dar_sarga_i_i_dom_oi_sozandai_ob_dar_sat_i_a_o"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "5352"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "analytics"
}
                        

ТАҲЛИЛ

“Бақои ҳаёт ва рушди устувори инсоният”. Эмомалӣ Раҳмон дар саргаҳи иқдомҳои созандаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(144) "Иброҳим Усмонов: “То вақте ки давлат вуҷуд дорад, он бояд худашро ҳимоя кунад”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "16275"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(1) "9"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(101) "/tj/articles/analytics/ibro_im_usmonov_to_va_te_ki_davlat_vu_ud_dorad_on_boyad_khudashro_imoya_kunad/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "5230"
  ["CODE"]=>
  string(77) "ibro_im_usmonov_to_va_te_ki_davlat_vu_ud_dorad_on_boyad_khudashro_imoya_kunad"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "5230"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "analytics"
}
                        

ТАҲЛИЛ

Иброҳим Усмонов: “То вақте ки давлат вуҷуд дорад, он бояд худашро ҳимоя кунад”

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(133) "Омӯзиши дизайни графикӣ дар Душанбе ба донишҷӯён ва паноҳандагони афғон"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "16168"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(18) "Интересно"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(5) "11154"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "13"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(97) "/tj/articles/education/om_zishi_dizayni_grafik_dar_dushanbe_ba_donish_yen_va_pano_andagoni_af_on/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "5194"
  ["CODE"]=>
  string(73) "om_zishi_dizayni_grafik_dar_dushanbe_ba_donish_yen_va_pano_andagoni_af_on"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "5194"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "education"
}
                        

Ҷолиб

Омӯзиши дизайни графикӣ дар Душанбе ба донишҷӯён ва паноҳандагони афғон

Другие новости