Ru  | Tj
Шиддати таниш ба нафъи Душанбе ва Исломобод нест
Шиддати таниш ба нафъи Душанбе ва Исломобод нест
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Шиддати таниш ба нафъи Душанбе ва Исломобод нест

Нашр шуд

Таҳкими равобити ҳасана, бо таваҷҷуҳ ба мавқеи геостратегӣ ва нуфузи Покистон дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ яке аз самтҳои асосӣ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Авоили моҳи ҷорӣ нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф, баъди пирӯзиаш дар интихобот ва ташкили давлати ҷадид, нахустин сафари хориҷиашро аз Тоҷикистон оғоз намуда, дар дидор бо раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Рамҳон дурнамои рушди ду кишвар ва амиқ гардонидани пайвандҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётӣ, вусъат бахшидани лоиҳаҳои энергетикӣ, қавӣ сохтани ҳамкориҳои сиёсиву амниятӣ ва низомию техникиро баррасӣ карданд.

Дар ҷараёни ин мулоқот, ки таърихи 2 июли соли равон дар шаҳри Душанбе сурат гирифт, роҳбарони ду кишвар тавофуқномаи ҳамкориҳои стратегиро имзо карданд.

Ба гуфтаи ҳолдонҳо, ин созишнома омили рушди равобит дар ҳамаи самтҳо гардида, гувоҳи таҳкими ҳарчи бештари муносиботи дуҷониба байни Тоҷикистону Покистон ва як руйдоди бесобиқа аст. Яъне имзои ин санад як ояндаи нав ва саҳифаи тозаеро дар муносибати натанҳо ду кишвар, балки ду минтақа - Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ боз мекунад.

Инчунин, меҳвари шарикии ду кишвар дар соҳаи таъмини амният пеш аз ҳама ҳамкорӣ дар масъалаҳои муқовимат ба терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир арзёбӣ мегардад.

Роҳбарони Тоҷикистону Покистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Шаҳбоз Шариф бар муборизаи муштарак бо чолишҳои минтақаӣ, аз ҷумла терроризм ва ҳамкории наздик барои сулҳу субот дар Афғонистон ва дар ниҳоят тавофуқ бар зарурати ташкили як давлати фарогир дар ҳукумати Толибон*-ро таъкид намуданд.

Расонаи урдузабони покистонӣ “Geo news” дар гузорише, ки ин дидорро пӯшиш додааст, ба нақл аз Шаҳбоз Шариф навиштааст, ки кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бо шумули Покистон ва Тоҷикистон қурбонии терроризм шудаанд. Кобули зери дасти Толибон* яке аз мавзуъҳои меҳварӣ дар гуфтугӯи раҳбарони ду кишвар буда, ҷонибҳо эҷоди як Афғонистони сулҳомез ва мураффаҳро барои амнияти минтақа муҳим хонданд.

Шаҳбоз Шариф дар нишасти матбуотии муштарак бо раисҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе гуфтааст, ки “Покистон омодаи ироаи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм аст”.


Дар ҳамин ҳол Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири дифои Покистон бар идомаи амалиёти фаромарзии ин кишвар барои ҳадаф қарор додани гурӯҳи “Таҳрики Толибон”*-и Покистон дар дохили хоки Афғонистон таъкид кардааст. Яъне, Покистон дар мавриди фаъолиятҳои таҳрики “Толибони Покистон”*, ки бештари раҳбаронаш дар Афғонистон ҳастанд, аммо худро аз Толибон* ҷудо медонанд, ҳассосияти хосе дорад. “Таҳрики Толибон”* ба далели қавмият ва хешовандии муштараки паштунҳо, наздиктарин гурӯҳ ба Толибон* аст ва ба ҳамин далел Толибон* алоқаи чандоне ба бархӯрди ҷиддӣ бо ин гурӯҳро надорад.

Ба иддаои “Таҳрики Толибон”*, ин гурӯҳ аз дохили хоки Покистон алайҳи давлати ин кишвар меҷангад ва бо руҳия ва силоҳе, ки дар хоки Покистон мавҷуд аст, метавонад чандин даҳа ба ҷанг идома диҳад. Исломобод эълон кардааст, ки ҳамлаҳо бар ғайринизомиёни покистонӣ дар дохили хоки Афғонистон тарҳрезӣ мешавад ва Толибон*-и Афғонистон “Таҳрики Толибон”*-и Покистонро дар хоки ин кишвар паноҳ додааст.

Дар ин авохир, Покистон ва Тоҷикистон пеш аз ин гуфта буданд, ки бо таҳдидоти амниятӣ аз хоки Афғонистон рӯбарӯ ҳастанд. Аммо ҳукумати Толибон* ба гунаи муқаррар ин нигарониҳоро беасос хонда, итминон додааст, ки аз хоки Афғонистон ҳеҷ таҳдиде мутаваҷҷеҳи кишварҳои дигар нест. Дар ҳар сурат шароити кунунии ҳоким бар Афғонистон ва шиддати таниши Исломобод бо “Таҳрики Толибон”* нигаронии роҳбарони Покистону Тоҷикистонро ҳам дар пай доштааст, зеро ноамнӣ дар марзи муштараки ин ду кишвар бо Афғонистон монеаи ҷиддӣ дар масири тавсеаи равобити Душанбе ва Исломобод мегардад.

Вазорати хориҷаи Покистон дар баёнияе эълом кардааст, ки ду тараф эҷоди як ҳукумати фарогирро барои суботи Афғонистон муҳим хондаанд.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо Шаҳбоз Шариф дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, ки қазияи Афғонистон мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор дошт: “Тоҷикистон ҳамеша манфиатдори он аст, ки дар ин кишвари ҳамҷавор сулҳу амонии пойдор ҳукмфармо бошад. Дар ин раванд таъсиси ҳукумати воқеан ҳамашумулро омили калидӣ мешуморем”.

Таъсири муайяни Исломобод ба қазияи Афғонистон

Дар робита ба нигаронии муштараки Тоҷикистону Покистон аз шароити кунунии ҳоким бар Афғонистон ва эътироф накардани ҳукумати Толибон* аз сӯи кишварҳои ҳамсоя, ки қаламрави Афғонистонро барои эҷоди масири транзитӣ истифода мекунанд, сиёсатшинос Шералӣ Ризоён дар суҳбат бо шабакаи телевизионии “Afghanistan International” гуфт, ки воқеан чолишҳои мавҷуда, вобаста ба вазъи Афғонистон дар маркази диққати ду ҷониб қарор дошт.


“Пас аз музокироти расмии роҳбарони Тоҷикистону Покистон дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки ҷонибҳо масоили Афғонистонро баррасӣ карданд ва ба ин назар ҳастанд, ки рӯйи кор омадани ҳукумати ҳамашумул шароитро барои ин кишвар ва ҳам барои ҳамсоягон беҳтар мекунад. Дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки ҷонибҳо рушди босубот ва таъмини сулҳ дар Афғонистонро ҳамчун василаи муҳими пешрафт меҳисобанд. Гумон мекунам, барои тамоми ҳамсояҳои Афғонистон мавзӯи ин кишвар ва равандҳое, ки ҷараён дорад аз аҳамият холӣ нест, зеро ин метавонад ҳам ба худи Афғонистон ва ҳам ба дигар кишварҳои ҳамҷавор таъсири мустақим расонад. Ва то замоне, иртиботи бевосита, аз тариқи қаламрави Афғонистон роҳандозӣ нашавад ин дар рӯзномаи муносибатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, аз он ҷумла Тоҷикистон ва Покистон боқӣ хоҳад монд. Яъне, суботи пойдор дар Афғонистон барои иртиботи бевоситаи ин ду минтақа омили калидӣ аст ва суди ниҳоят зиёдро пеш аз ҳама барои Афғонистон дорад. Дар ин росто истифодаи тавонмандиҳои “Долони Вахон”, ки хеле фоисилаи кӯтоҳ барои пайвастани Тоҷикистон бо Покистон аст, ҷойгоҳи Афғонистонро калидӣ кардааст. Умед мекунем, ки дар Афғонистон як ҳукумати қонунии аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда, рӯйи кор меояд ва ин фурсатҳо ва амалисозии тавонмандиҳоро барои ҳар ду минтақа фароҳам меоварад",- афзуд Шералӣ Ризоён.
Ин дар ҳолест, бо гузашти наздик ба се сол аз ҳукумати Толибон* дар Афғонистон Душанбе ва Исломобод ҳанӯз таъсиси ҳукумати фарогир дар ин кишварро кафолати амният медонанд. Зеро Тоҷикистон ба таҳкими субот дар Афғонистони ҳамсоя манфиатдор аст. Тавре таҳлилгари умури минтақа, Саъдӣ Юсуфӣ мегӯяд, Исломобод ба равандҳои дохилии Афғонистон таъсири муайяне дорад, аз ин рӯ Тоҷикистону Покистон дар ин самт ҳамкории зич доранд.
 “Се даҳаи охир нишон дод, ки Покистон кишваре аст, ки таъсири амиқе дар таҳаввулоти Афғонистон дорад, вале аз тарафи ҳамсояи шимолӣ ин нукта ҳам ба исбот расидааст, ки Тоҷикистон кишваре ҳаст, ки бо мавзеъгирии яксони худ дар даврони зуҳури аввали Толибон*  метавонад таъсири фаровоне дар таҳаввулоти Афғонистон дошта бошад. Яъне, ҳам Исломобод нақши Тоҷикистонро дар таҳаввулоти минтақаӣ дарк мекунад ва ҳам Душанбе ба хубӣ медонад, ки Покистон чӣ таъсире дар таҳаввулоти Афғонистон дорад. Барои ҳамин ин ду кишвар музокироту баҳсу баррасии фаровоне дар масъалаи Афғонистон доштанду доранд. Ва дар сурати ба ифоқа расидан, метавонанд таъсири зиёде бар ҳалли мушкили Афғонистон дошта бошанд ва ё метавонанд нақши калидӣ бозӣ кунанд, то боиси таҳаввулоти мусбат дар ин кишвар шаванд.  Ҳамчунин, роҳро барои татбиқи лоиҳаҳои муаллақмонда аз даврони пеш боз кунанд. Зеро тарҳҳои зиёде ҳастанд, ки ду минтақаро ба ҳам мепайванданд, чӣ тарҳи “CASA-1000” (барои нахуст шабакаҳои барқи Осиёи Марказиро ба Ҷанубӣ мепайвандад), чӣ тарҳи хати лӯлаи гази ТАПИ (интиқоли гази Туркманистон аз тариқи Афғонистон ба Покистону Ҳинд) ва ё тарҳи хатти стратегии роҳи оҳани “Термиз - Мазори Шариф – Кобул – Пешовар” ва чандин барномау лоиҳаҳое ҳастанд, ки мунтазири як ҳалли ниҳоии қазияи Афғонистн ҳастанд, то татбиқ ва амалӣ шаванд. Мутаассифона, даргириву нооромиҳои гуногун ва таҳаввулоте, ки дар Афғонистон ҳаст, монеи рушду тавсеаи муносиботи минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мешавад. Умедворем бо мурури замон авзои Афғонистон ҳам ба тарафи рушду суботу амният ва омадани як низоме, ки мавриди қабулу писанди кишварҳои ҷаҳон қарор гираду машруияташ эътироф шавад ва муносибот байни ин ду минтақа аз тариқи ин кишвар ба роҳ монда шавад”,-гуфт ҷаноби Юсуфӣ.

Ба боварии ин соҳибназари тоҷик, масъалаи Афғонистон як қазияи бисёр печида, бозиҳои гуногун, омилҳои даруниву берунии фаровоне дошта, дастҳои зиёде ҳастанд, ки ин ҳама  чолишофарин мебошад, вале боз ҳам иродаи қавӣ ва билфеъли ҳамкории байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Покистон метавонад, таъсири зиёд дар ростои ҳалли ин мушкилот дошта бошад.

Майли Покистон ба долони тиҷоратии Чин-Тоҷикистон-Афғонистон

Гуфта мешавад, Тоҷикистону Покистон фосилаи ҷуғрофиёии зиёде аз ҳам надоранд, аммо барои ҳар гуна дастрасии заминӣ ба якдигар ногузир ба убур аз хоки Афғонистон ҳастанд ва адами итминони онҳо аз шароити амниятӣ дар хоки Афғонистон як масъалаи ҷиддӣ аст, зеро масирҳои нақлиётӣ ва энергия аз Тоҷикистон ба Покистон аз ин кишвар мегузарад.

Соли гузашта гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистону Покистон дар муқоиса ба соли 2022 ба миқдори 1,6 маротиба афзуда, 53 миллион долларро ташкил додааст. Соли равон бори аввал дар пайи созишномаҳои қаблан ба тасвиб расида байни ду давлат аз Покистон корвони мошинҳои боркаши Ширкати миллии логистикии ин кишвар ба Тоҷикистон ворид шуд.

Нахуствазир Шаҳбоз Шариф гуфт, ки равобити бародаронаи худро бо Тоҷикистон устувортар хоҳад кард, зеро тавассути бандари Карочӣ ба Афғонистону Тоҷикистон молу коло интиқол меёбад ва Покистон мехоҳад, шабакаи роҳи оҳан байни Тоҷикистону Покистон ҳам пайваст шавад. Ҷонибҳо хостори рушди бештари ҳаҷми савдои хориҷӣ бо истифода аз бандарҳои Покистон буда, таъкид кардаанд, ки дар рӯзҳои наздик барои афзоиши тиҷорат ва сармоягузорӣ иқдомоте сурат хоҳад гирифт. Ӯ афзуд, Покистон хостори табдил шудан ва ё ба як бахше аз долони тиҷории Чин-Тоҷикистон-Афғонистон гардидан аст.


Ба андешаи Саъдӣ Юсуфӣ, бидуни шакку тардид дар равобити ин кишварҳо роҳҳои заминӣ, нақлиётӣ ё ҳамкорӣ дар ростои рушди тиҷорати молу коло ҳарфи аввалро мезанад ва набояд фаромӯш кард, ки барои кишварҳое, ки дар муҳосираи хушкӣ ҳастанд, ёфтани роҳи кутоҳтарин ба баҳр як масъалаи бисёр муҳими иқтисодӣ ва тиҷоратӣ аст. Кутоҳтарин роҳ пешорӯи Тоҷикистон ба баҳр ва бозорҳои ҷаҳонӣ тариқи Афғонистон ва Покистон баромадан ба бандари обии Гвадар дар наздикиҳои шаҳри Карочии Покистон аст, ки 2720 километр аст. Дар ин замина созишномаву тафоҳумномаҳо вуҷуд дорад, вале боз ҳам чолишҳое ҳаст, ки монеи татбиқ ва амалишави ин санадҳо мешавад. Ӯ бо изҳори таассуф афзуд, ки дар ин шабу рӯз баромади Тоҷикистон аз роҳҳои хушкии Афғонистону Покистон ба обҳои баҳрӣ, натанҳо мушкили ноамнӣ дар Афғонистон, балки мушкили дохилии Покистон ҳам ҳаст. Зеро дар дохили Покистон ҷараёнҳое ҳастанд, ки татбиқи ин гуна лоиҳаро қабул надоранд ва фаромӯш накунем, ки натанҳо Тоҷикистон, балки давлати Чин бо ҳама қудрату азамат бо ин, ки роҳҳои зиёди обии баҳрӣ дорад, боз дар фикри баромадан ба роҳи оҳани Қошғар - Гвадар ба бозорҳои ҷаҳонӣ аст.


Ба таъкиди ин соҳибназари тоҷик, ҳоло Покистон майл дорад, то ба тарҳу долонҳои тиҷоративу иқтисодии Чин, Тоҷикистону Афғонистонро бо ҳам пайванд созад. Ва ҳоло Тоҷикистон дар расонҳаи покистонӣ ҳамчун дарвозаи Осиёи Миёна қаламдод мешавад, ки “Долони Вахон” ин ду кишварро аз ҳам ҷудо мекунад, ки бо даст додани фурсат, он ҷо роҳҳои заминӣ ва нақбҳо бунёд карда мешавад, то ҳамдигарро бо тарҳи баромадани кишварҳои Осиёи Марказӣ ба бандари обии Гвадар ва ҳамчунин тарҳи роҳи оҳани Чин ба Покистонро пайванд диҳанд. Ва бидуни шакку тардид дар сурати амалӣ шудан чунин тарҳҳои минтақаӣ як таҳаввули бузурги иқтисодӣ дар самти тиҷорату савдо байни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба миён хоҳад омад.

Гуфта мешавад, суботи комил ва барқарории иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон барои таъмини амният ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ аҳамияти хосса дорад ва идомаи шиддати танишҳо дар Кобул ба нафъи Душанбе ва Исломобод нест. Аммо дасти ниҳони қудратҳо тариқи Покистон бо пуштибонии “пардапӯшона” аз Толибон* нақши Афғонистонро дар муомилоти сиёсӣ ва иқтисодии минтақа густариш медиҳад.


*Фаъолияти ин гуруҳҳо дар Тоҷикистон мамнуъ аст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед