
Талоши Русия барои эҷоди назми навин ва одилона дар ҷаҳон?
Нашр шуд
Сафари ахири ҷаноби Путин ба Пхенян ва Ханой аз сӯи ҳолдонҳо нишона аз равобити амиқи тарафҳо, талош барои ҳузури бештар дар саҳнаи ҷаҳонӣ, ҷазби шарикони ҳамфикр ва ба шакле аз буҳронҳои мавҷуда бо Ғарб берун баромадан баҳогузорӣ мешавад.
Дидори раҳбарони Русия, Кореяи Шимолӣ ва Ветнам мӯҷиби он шуд, то дар арсаи ҷаҳонӣ нигоҳҳо бештар мутаваҷҷеҳи сатҳи ҳамкориҳои иқтисодиву низомӣ ва амниятии ин се кишвар шавад, ки бо кадом шева дар музокирот бар сараш ба тавофуқи ҷадид даст ёфтанд. Яке аз ҷанбаҳои муҳимм сафари расиҷумҳури Русия ба шарқи Осиё, чигунагии бархурди ҷаҳони ғарб ба мулоқоти Владимир Путин бо Ким Чен Ин ва То Лам буд.
Аввалин сафари раисҷумҳури Русия ба ин кишвар дар беш аз ду даҳаи гузашта ва охирин нишона аз таъмиқи ҳамсуии ду “қудрат ҳастаӣ” аст, ки ҳамзамон нигарониҳои густурдаи ҷаҳони ғарбро барангехтааст.
Гуфта мешавад, ин як сафар хориҷии нодир барои Путин аз замони оғози даргириҳои Украина бо Русия дар моҳи феврали соли 2022 ва лаҳзаи калидӣ барои Ким Чен Ин, раисҷумҳури Кореяи Шимолӣ аст, ки кишвараш аз замони бемории ҳамагири “Ковид -19” токунун мизбони раҳбари дигаре набудааст.
Дар ҷараёни сафари Владимир Путин ба Кореяи шимолӣ баъд аз 24 сол, қарордоди “ҳамкории ҳамаҷонибаи стратегӣ” миёни роҳбарони ду кишвар имзо шуд. Раисҷумҳури Русия имзои тавофуқи ҳамкорӣ миёни ду кишварро шомили “кумаки мутақобил” дар сурати "таҷовус" алайҳи яке аз ду кишвар донистааст.
Ким Чен Ин ин тавофуқро дар ҳадди як “иттиҳод” тавсиф кард ва иқдоми Русияро як ҳаракати стратегии бисёр муҳимм барои ҳимоят аз Кореяи Шимолӣ донист. Ӯ тавофуқи Маскаву Пхенянро нишондиҳандаи як ҷаҳони чанд қутбии ҷадид тавсиф кард, ки орӣ аз яккатозӣ, султаҷӯӣ ва хушунату худхоҳӣ хоҳад буд. Вай таъкид кард, ки аз дӯстии байни ду кишвар эҳсосоти воқеан амиқе дар ӯ эҷод шудааст.
Раисҷумҳури Русия ҳам гуфтааст, ки Маскав - Пхенян ҳар ду сиёсати хориҷии мустақилро думбол мекунанд ва забони ҳукмфармоӣ ва дикта карданро намепазиранд. Ҷаноби Путин хотирнишон кардааст, ки ду кишвар дар муқобила бо рафъи таҳримҳо ба унвони абзори ғарб дар ростои ҳифз ва даъвии яккатозиро идома хоҳанд дод. Ӯ бо ишора ба ин ки размоишҳои Амрико ва шариконаш дар Осиё мушаххасан гоми хасмона алайҳи Кореяи Шимолӣ аст, афзуд: “чунин иқдомҳо сулҳу субот дар нимҷазираи Кореяро заъиф сохта, амнияти тамоми кишварҳо дар ҷануби шарқи Осиёро ба хатар меандозад”.
Русия мегӯяд, ки ҳамвора бо Кореяи Шимолӣ ҳамкорӣ хоҳад кард ва равобитеро ба шеваи худаш тавсеа медиҳад ва ҳеҷ кишваре ба вежа Амрико наметавонд ба ӯ бигӯяд чӣ коре анҷом диҳад.
Гуфта мешавад, Кореяи Шимолӣ ва Русия, ки равобитеро аз дер боз дар қолаби эътилофҳои зидди ғарби доштанд, гомҳоеро ба самт амиқтар кардани ин равобит бардошта ва сафарҳоеро ба пойтахтҳои якдигар анҷом медиҳанд. Ин қарордод дар ҳоле ба имзо расид, ки кишварҳои ғарбӣ Кореяи Шимолиро муттаҳам ба ирсоли таҷҳизоти ҷанги ба Русия мекунанд.
Ким Чен Ин, роҳбарияти Кореяи Шимолӣ дар ин дидор гуфт, ки равобити Пхенян ва Маскав вориди давраи ҷадиде аз шукуфои мешавад ва кишвараш қасд дорад ҳамкориҳои стратегии худро бо Русия тақвият кунад. Сафари Путин ба Кореяи Шимолӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки Маскав ва Пхенян таҳти таҳримҳои шадиди Ғарб қарор доранд ва гарм шудани равобити онҳо мӯҷиби нигаронӣ дар Аврупо ва Амрико шудааст.
Раисҷумҳури Русия асоси равобити Маскав ва Пхенянро “баробарӣ ва эҳтироми мутақобил” донист ва изҳори умедворӣ кард, ки дидори баъди бо Ким Чен Ин дар Кремл баргузор шавад. Ӯ бо ишора ба чандин даҳаи “дӯсти мустаҳкам ва ҳамсоягии наздик” байни Русия ва Кореяи Шимолӣ, гуфт, ки ҳам Маскав ва ҳам Пхенян дар ҳоли мубориза бо “сиёсатҳои гегемония ва империалистии Амрико” ҳастанд. Ин дар ҳолест, Ғарб иддао дорад, ки Кореяи Шимолӣ ба Русия силоҳ ирсол ва Маскав аз он дар даргириҳо бо Украина истифода кардааст, аммо Кремл ва ҳукумати Ким ин иттиҳомро рад кардаанд.
В. Путин ҳамчунин аз раҳбари Кореяи Шимолӣ барои ҳимоят аз Русия дар даргириҳои Украина изҳори миннатдорӣ карда, ёдовар шуд, ки равобити Русия ва Кореяи Шимолӣ реша дар муборизаи муштараки ду кишвар алайҳи артиши Ҷопон дар тӯли Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дорад ва сарбозони Артиши Сурх нақши калидӣ дар озодсози нимҷазираи Корея доштанд.
Дар робита ба таҳлилгари масоили сиёсӣ Абдуғанӣ Мамадазимов мегӯяд, ки боздиди Путин аз Кореяи Шимолӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки чанд рӯз пеш ҳамоиши Гуруҳи ҳафтгона (G7) дар Италия бо ҳузури баргузор шуд ва дар он раҳбарони ғарбӣ ҳимояти ҳамешагии худ аз Украинаро такрор карданд. Ва мувофиқат карданд, ки аз дороиҳои масдуд шудаи Русия барои ин кишвар истифода карда, 50 миллиард доллар маблағ ҷудо мекунанд. Инчунин ин рӯйдод пас аз нишасти Сулҳи байналмилалӣ барои Украина дар охири ҳафтаи гузашта дар Швейтсария анҷом мешавад, ки бо ҳузури беш аз 100 кишвар ва созмонҳои байналмилӣ анҷом шуд.
“Пас аз низоъ дар ин нимҷазираи Корея давлати Кореяи Шимолӣ аз ҷиҳати нерумандии ҳарбӣ пешрафта гардид. Ин кишвар захираи бузурги лавозимоти ҷангии куҳна дорад, ки барои таҷҳизоти замони Шӯравии Маскав мувофиқ аст. Аз қабили миномётҳои 120 мм, тӯпхонаи 152 мм ва мушакҳои 122 мм, ки сохташ ба ченаку стандартҳои аслиҳаи Русия дар замони собиқ Шӯравӣ мувофиқ мебошад. Дар навбати худ кумакҳои Русия ба унвони як қудрати мусаллати фановариҳои фазоӣ, моҳвораӣ ва киштиҳои зериобӣ метавонад барои муваффақ шудани Кореяи Шимолӣ нақши калидӣ бозӣ кунад. Чун роҳбарияти Пхенян ҳавасмандии зиёд дар бахши низомӣ бо Русия дорад, ба вежа дар самти истеҳсоли муштаракаи таёраву мушакҳои дурпарвоз аст. Яъне ҳамаи нигоҳҳо дар расонаҳои ғарб мутаваҷҷеҳи ин мавзуҳо буд, ки ду кишвар чигуна ба рағми фишорҳои дипломатӣ ва мухолифатҳои байналмилалӣ ба ҳамкориҳои иқтисодиву низомии худ идома медиҳанд. Ба гунае таъкид мешавад, ки Русия дар бораи бурдани неруи корӣ аз Кореяи Шимолӣ ба Русия ҳавасманд аст, вале таҳримҳои Шӯрои амнияти Созмони милал, кори шаҳрвандони Кореяро дар хориҷ мамнуъ кардааст”-, афзуд А.Мамадазимов.
Ҳушдор ба ҳампаймонони ИМА
Сухангӯи дафтари раёсатҷумҳури Русия дар ин хусус гуфтааст, ки равобити Русия бо ҳамсоягонаш алайҳи ҳеҷ тарафи дигаре нест. Маскав дар заминаи барқарории равобит бо ҳамсоягонаш дар ростои манофеъи мардуми худ гом бар медорад, на бар алайҳи тарафи сеюм. Ӯ афзуд, ки дар солҳои ахир, ғарб ошкоро бар ҳадафи худ мабни бар саркӯби Русия таъкид кардааст. Созукорҳои барои коҳиш паёмадҳои таҳримҳо дар тавсеаи равобит байни Русия ва Кореяи Шимолӣ вуҷуд дорад. Тавофуқ ҷадид байни ду кишвар бозгуи иродаи сиёсӣ барои тавсеаи ҳамаҷонибаи равобити ду кишвар аст.
Дар ҳамин росто, таҳлилгараони рус ба “ТАСС” гуфтанд, ки паймон мушорикати роҳбурдии Русия ва Кореяи Шимолӣ посухе ба барномаҳои ИМА, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ барои эҷоди “НАТО-и Осиёӣ” аст.
Раисҷумҳури Русия дар ҷамъи хабарнигорон афзуд, ки агар Кореяи Ҷанубӣ тасмим ба ирсоли силоҳ ба Украина бигирад муртакиби “иштбоҳи бузург” хоҳад шуд ва Маскав ба чунин иқдом ба гунае посух хоҳад дод, ки барои Сеул “дарднок” бошад.
Раҷаб Сафаров, мудири маркази мутолиоти Эрони муосир дар Русия дар гуфтугӯ бо “Индипенденти форсӣ” ва шабакаи “Iran inertnational” дар бораи сафари ахири Путин ба Кореяи Шимолӣ гуфт, ки Амрико ва Аврупо мехостанд, касе ҷавоби саломи раисҷумҳури Русия ва Ким Чен Инро надиҳад. Вале ҷаноби Путин бо сафар ба Кореяи Шимолӣ, муодилаи аъмоли қудрати ИМА, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопонро ба чолиш кашид. Ӯ бо ишора ба тавони низомии Русия афзуд, ки Русия ба воридоти силоҳ аз ҳеҷ кишваре, на Эрон ва на Кореяи Шимолӣ ниёз надорад. Русия қутби тавонои низоми ҷаҳон аст ва таҳкими иртибот бо Кореяи Шимолӣ, бештар ба нафъи Маскав дар муқобили иттиҳоди Вашингтон ва ҳам паймонони минтақаи он дар шарқи Осиё аст.
“Ҷилави чашми мо як иттифоқе бо эҷоди эътилофи ҷадиде дар шимолу шарқи Осиё сурат мегирад, ки воқеан метавонад саҳнаи геополитикии дунёро иваз кунад. Ин вокуниши ҷаноби Путин вобаста ба иқдоми нобаҳангоми ғарб алайҳи Русия аст. Ҳарчанд солиёни сол Русия ҳушдор медиҳад, ки агар ин ғалатро идома диҳед мо ҳам имкон дорем, ки ин корро анҷом диҳем ва аз он хеле нороҳат шавед. Хоса раисҷумҳури Русия дар ҷараёни сафараш ба Пхенян ба Кореяи Ҷанубӣ ҳушдор дод, ки агар интиқоли силоҳ ба Украинаро идома диҳед, Маскав кореро анҷом медиҳад, ки хеле зиёд пушаймон хоҳед шуд. Ва оё ин ҳама кор барои Кореяи Ҷанубӣ чунин арзишеро дорад, ки ба хотири кумак аз Амрико худашро зери даҳони Русия гузорад? Яъне ин ҳаракатҳое, ки ҷаноби Путин бо сафараш ба кишварҳои шимолу ҷануби Осиё анҷом дод, нишондиҳандаи он аст, ки Русия аз худаш дифоъ мекунад ва ҳарчанд дар маҷмуъ чунин наздикӣ бо кишварҳои мазкур алайҳи касе равона нашуда, дӯстоа буд”,-афзуд Р.Сафаров.
Иртибототи таърихии Маскав ва Ханой
В. Путин пас аз сафари худ ба Кореяи Шимолӣ, ба шаҳри Ханой сафар кард ва равобити Ветнами таҳти ҳокимияти коммунистӣ бо Русияро ба таври барҷаста ба намоиш гузошт. Сафаре, ки он ҳам бетардид сабаби таваҷҷуҳ, ранҷиш ва норозигии амрикоиҳо гардид.
Бояд гуфт, дар бахши низомӣ Русия яке аз таъминкунандагони аслии аслиҳа барои Ветнам аст ва иртибототи таърихӣ ва сиёсии амиќе бо ин кишвар ва Ҳизби ҳокими коммунистии Ветнам дорад, ки бисёре аз раҳбарони аршади он дар собиқ Иттиҳоди ҷамоҳири Шўравӣ таҳсил кардаанд.
Сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов изҳор дошт, ки ҳоло кишварҳое мисли Ветнам кушиш дорад, ки аз имкониятҳои геополитикии худ истифода барад ва аз Русия дар соҳаҳои гуногун бартарии ҳадди аксар ба даст орад. Яъне Ханой низ дар баробари Маскав пайи ҳадафҳои худ аст.
“Русия замони Иттиҳоди Шӯравии собиқ пойгоҳҳои нерӯҳои дарёӣ дар обҳои Ветнамро дошт. Наздикии Русия бо Ветнам имкони онро дорад, ки оянда дар Уқёнуси Ором таъсиси маркази таъминоти муҷаддади низомиро баррасӣ намоянд, то аз муштаракан аз вуруди киштиҳои ҳарбии зериобии кишварҳои дигар ҷилавгирӣ намоянд ва ё дар ҳавзаи обҳои баҳрии минтақа пурзӯр намоянд. Ва ба ҳамин васила як навъ фишор ба ИМА ва муттаҳидони ин кишвар дар қисмати ҷанубу шарқи Осиё эҳсос шавад. Яъне бозиҳои геополитикии ҷаҳонӣ идома дорад. Дар ин росто Ветнам ҳам ба сифати бозингари минтақавии геополитики табдил ёфта истодааст ва бо Русия аз рақобат бо ҳампаймонони ғарб ҳадафҳои худро ҳифз намояд”,- мегӯяд Абдуғанӣ МамадазимовАлексей Маслов, мудири муассисаи мутолиоти Осиёӣ ва Африқои дар Донишгоҳи давлатии Маскав, доктори улуми таърих ба “Absatz.Media” дар мавриди ҳамкориҳои Русия ва Ветнам гуфт, ки ахиран ду кишвар барои тақвияти равобити башардӯстона тавофуқ карданд. Дар ин маврид, қарордодҳои мубодилаи донишҷуён ва роҳандозии барномаҳои ҷадиди омузишӣ дар ҳавзаи илму фановарӣ муҳим аст.
“Ба муддати тӯлонӣ, шарикони аслии Ветнам ширкатҳои амрикоӣ, ҷопонӣ, сингапурӣ ва чиноӣ буданд. Ва аз дидгоҳи Ветнам, танаввуъи ҳамкориҳои дар замина иқтисодӣ вуҷуд дорад. Бо Русия, аввал аз ҳама, ҳамкориҳо ва тамосҳои илмӣ ва фанне дар бахши кишоварзӣ ва агросаноатӣ дар ҳол густариш аст. Русия ва Ветнам ҳар ду бахши кишоварзии тавсеа ёфтае доранд, бинобарин мо дар мавриди табодул густурда таҷриба, фановарӣ ва маҳсулот сӯҳбат мекунем. Аз дигар сӯ, чанд сол пеш, Ветнам сохти неругоҳи ҳастаии муштарак бо Русияро мутаваққиф кард, аммо ҳеҷ кас ин тарҳро ба таври комил раҳо накард. Аз тарафи Русия аслан ҳеҷ монеае вуҷуд надорад, ки аз саргири ин лоиҳаи муштарак бисёр матлуб бошад. Ва ба тахмини ман бунёди ин иншоот ояндаи наздик бояд идома ёбад”, - иброз дошт А. Маслов.
Ин коршинос дар идома афзуд, ки Русия дар ҳоли суръат бахшидани равобити гуногунҷанба дар соҳоти мухталиф бо кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором аст. Агар қаблан Чин шарики аслӣ ва тақрибан танҳо буд, ҳоло кишварҳои мухталиф омодаи тавсеаи равобити дуҷониба бо Русия ҳастанд ва ин тамоюл барои рушди ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои Осиё идома меёбад.
Ба боварии таҳлилгарони минтақа Русия дар Шарқи Осиё ба думболи муттаҳидоне аст, ки битавонад онҳоро бо муттаҳидони пешин дар Аврупо ҷойгузин кунад. Ҳар чанд ба назар мерасад кишварҳои қудратманди Осиё дар ҳолатҳои ҳассос ва мавзеъгириҳои муҳим барои ҳамкорӣ бо Маскав аз эҳтиёт кор мегиранд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед