Ru  | Tj
ОБУ ИҚЛИМ: ИБТИКОРОТИ ТОҶИКИСТОН ТО КУҶО МУАССИР АСТ?
ОБУ ИҚЛИМ: ИБТИКОРОТИ ТОҶИКИСТОН ТО КУҶО МУАССИР АСТ?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

ОБУ ИҚЛИМ: ИБТИКОРОТИ ТОҶИКИСТОН ТО КУҶО МУАССИР АСТ?

Нашр шуд

Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои ахири Тоҷикистон дар самти об, ки аз касби ҷойгоҳи шоиста ва мавқеи сиёсӣ башорат медиҳад, истиқбол менамояд.

Даҳаи дуюми моҳи июни соли равон, шаҳри Душанбе мизбони ҳамоиши байналмилалии “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” буд, ки  намояндагони беш аз 100 давлати узви СММ, роҳбарону мутахассисон, таҳлилгарони масоили обу иқлим ва даҳҳо созмони байналмилалиро гирди ҳам овард.

Яъне, Тоҷикистон ташаббускори тадбирҳои ҷаҳонӣ оид ба ҳалли мушкилоти марбут ба об буда, бо ин иқдоми сатҳи байналмилалӣ ба думболи боло бурдан ҳамкориҳо дар ҳавзаи милливу минтақаӣ ба манзури расидан ба мудирияти пойдор дар ҳалли мушкилоти глобалии об аст.

Таърихи 11-уми июни соли равон дар маросими ифтитоҳи ин ҳамоиш Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ аз ҷумла иброз дошт, ки дар баробари иҷрои уҳдадориҳои базимагирифта, дар доираи Конфронси оби Созмони милал мебояд, барои амалу иқдоми наву таъсирбахш кӯшиш намуд:

 “Пуштибонии ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути 10 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҷассумгари нақши фаъол ва калидии кишвари мо дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим дар сатҳи байналмилалӣ мебошад... “Раванди оби Душанбе” ҳамчун майдони муколамаи васеъ ва озоди ҷонибҳои гуногуни манфиатдор барои омодагии ҳамаҷониба ба баргузории Конфронси оби Созмони Милал дар соли 2028 дар Душанбе нақши муҳим хоҳад бозид. Имкониятҳои ин платформа, ҳамчунин, барои омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милал дар соли 2026 метавонанд истифода шаванд”.

Бо назардошти аҳамият ин ташаббус, ки нақши мустақим дар рифоҳи зиндагӣ ва наҷоти аҳли башар аз хатари камобӣ дорад, дар радифи кишварҳои узви СММ шахсиятҳои бонуфузи ҷаҳонӣ низ аз ин иқдоми Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.

Раиси иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии СММ, Деннис Фрэнсис аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва дастгрӣ аз тадорукоти ҳамоиши марбут ба даҳсолаи дуюми об бо мизбонии Душанбе таҳти раёсати Созмони милал изҳори сипос кардааст.


“Ин ҳамоиш дар шаҳри Душанбе  як лаҳзаи калидӣ барои суръат бахшидан ва пурзӯр кардани талошҳову уҳдадориҳо дар самти идораи яке аз арзишмандтарин захираҳои табиӣ аст. Об аз барномаҳои муҳими Созмони милал аст, бинобар ин мо бо ироаи иқдоми ҷаҳонии об, мудирияти масрафи об, афзоиши сармоягузорӣ дар тавлиди об ниёз дорем. Манзури ман на танҳо давлатҳост, балки  бахши хусусист, ҳамроҳ бо афроди маҳаллӣ ва ҷомеаи маданӣ аст”,- гуфт ҷаноби Фрэнсис.
Ҳоло дар муносибати аксари кишварҳо, об ба унвони омили миллии бисёр таъсиргузор матраҳ мешавад, зеро масрафи об ва буҳрони камобӣ дар солҳои ахир ба таври бесобиқа афзоиш ёфта, ба шакле, ки бархе аз соҳибназарон қарни 21-ро “қарни об” номидаанд. Аз ҳамин ҷиҳат, танишҳо бар сари об дар ҷаҳон рӯ ба афзоиш аст.

Антонио Гутереш, дабири кулли СММ вобаста ба буҳрони камобӣ дар баромадҳои ахираш иброз дошт, ки “об мояи ҳаёти башарият аст. Мо аз тариқи масрафи беш аз ҳад ва истифодаи нопойдор, мояи ҳаёти башариятро аз байн мебарем ва онро аз тариқи гармоиши ҷаҳонӣ табхир мекунем. Об, ҳаққи башар ва як асли муштараки тавсеа барои шакл додан ба ояндаи беҳтар аст ва аз ҳама кишварҳо мехоҳам, ки барои мудирияти муштараки об бо якдигар ҳамкорӣ кунанд”.

Ӯ ҳушдор додааст, ки аз ҳар чаҳор нафар дар ҷаҳон як нафар бидуни хадамоти марбут ба об зиндагӣ мекунад. Яъне беш аз 1.7 миллиард нафар аз ҷиҳати беҳдоштӣ ба оби тоза дастрасӣ надоранд. Ва ҳоло замони мутааҳҳид шудан барои эҳёи барномаи муҳофизат аз об аст.

Бар асоси гузориши солонаи СММ, 2,3 миллиард нафар аз ҷамъияти ҷаҳон, яъне як чаҳорум ҷамъияти ҷаҳон, дар кишварҳое зиндагӣ мекунанд, ки дучори таниши обӣ ё буҳронӣ ҳастанд. Ва беш аз 3,5 миллиард нафар ҳадди ақал як моҳи солро дар шароити таниши обӣ мегузаронанд.

Бар пояи ҳушдорҳои СММ, “ибҳомот” дар мавриди чигунагии таъмини об дар ҷаҳон дар ҳоли афзоиш аст ва дар сурати адами расидагии фаврии қатъӣ ва бо диққати бештар мудирият нашудани манобеи об башарият бо як буҳрони бузург мувоҷеҳ хоҳад шуд. Яъне ба далели тағйироти иқлимӣ, афзоиши тақозо ва олудагии манобеи об, беш аз панҷ миллиард нафар аз мардуми ҷаҳон то сол 2050 бо камбуди об рӯбарӯ мешаванд. Ин шароит баъди 25 соли оянда дар ҳоле ваҳимтар хоҳад шуд, ки тибқи пешбиниҳо, ҷамъияти ҷаҳон ба 9.4 то 10.2 миллиард нафар хоҳад расид. Ҳамчунин аз ҳар се нафар ду тан сокини шаҳрҳо хоҳанд шуд.

Мутахассисону таҳлилгарони масоили обу иқлим ба он боваранд, ки об дар ҳамаи самтҳои зиндагии инсон нақши ҳаётӣ дорад ва барои тавсеа дар бахшҳои кишоварзӣ, саноат ва рушди ҳаёти инсон зарурӣ аст. Зеро яке аз манбаъҳои камёбе аст, ки дар бисёр нуқоти ҷаҳон, монанди манотиқи хушк ва нимахушк камбуди об бисёр барҷаста ва мудирияти манобеъ яке аз муҳимтарин авлавиятҳо аст.

Ҳамраиси раванди оби Душанбе, Султон Раҳимзода вобаст ба ҳамоиши ахири сатҳи ҷаҳонӣ дар Душанбе иброз дошт, ки ҳадафи ин конфронс ҷалби таваҷҷуҳи намояндагони кишварҳои ҷаҳон ба масъалаи об ва уҳдадории онҳоро дар самти пешгирӣ аз оқибатҳои ногувори обу иқлим нишон додан ва расидан ба ҳадафҳои гузошташуда буд.


“Таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масоили обу иқлим рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст ва конфронси Душанбе бори дигари инро исбот намуд, ки масъалаи об яке аз мавзуъҳои мубрам ва меҳварӣ дар ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ мебошад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд диққати махсус диҳад. Пешбиниву дурбинии Пешвои миллат аст, ки ҳанӯз вақте таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба буҳрони об набуд, соли 1999 бори аввал ин масъаларо аз минбари СММ бардоштанд ва баъдан дар чанд нишастҳои ҷаҳонӣ гуфтанд, ки асри 21 қарне мешавад, ки қимати об аз арзиши нафту газ ва дигар сӯзишвориҳои аввалия боло мегардад ва мо аллакай дида истодаем, ки сол то сол вазъи камбуди об мубрам гардида истодааст. Ва ҳамоиши Душанбе тавонист, ки зиёд аз 2.5 ҳазор иштирокдоронро бо намояндагӣ аз кишварҳои узви СММ, ниҳодҳои ҳамин созмон, бонкҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираи олимону коршиносон ҷамъ оварда, атрофи мавзуъҳои бисёр муҳими соҳаи об муколама баргузор намояд. Бо ин вуҷуд, гузориши СММ дар мавриди хатарзо гардидани раванди обу иқлим нишон медиҳад, ки амалҳои мо хеле кам ҳастанд ва мо бояд чунин амалҳоро шаш маротиба зиёд кунем, то ин ки ба ҳадафҳои рушди устувор, то соли 2030 ноил гардем. Ба ин хотир дар Душанбе мо чунин замина (платформа)-ро муҳайё кардем, то бубинем, он уҳдадориҳое, ки аз ҷониби кишварҳо муҳайё карда шуд, то чӣ андоза онҳо амалӣ шуда истодаанд ва ҳадафи мо низ такон бахшидан, фаҳмонидани ин масъалаи муҳим аст”,- афзуд Раҳимзода.
Ба гуфтаи коршиносон, се соли охир гармтарин солҳо дар тамоми давраи мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Ва идомаи ин раванд бо дарназардошти афзоиши босуръати талабот ба об дар натиҷаи зиёд шудани аҳолӣ ва рушди иқтисод ба оқибатҳои ногувор оварда мерасонад.

Дадахон Ҳодиев, устоди Донишгоҳ ва таҳлилгари умури иқтисодӣ, мегӯяд, ки ҳанӯз буҳрони камобӣ ва коҳиши ҳаҷми пиряхҳо аз сӯи аксари кишварҳои ҷаҳон ба таври бояду шояд дарк намешавад. Яъне, масъалаи камобӣ падидае аст, ки асароти тӯлонимуддат ба ҷо мегузорд ва аз сӯе таъсироти он дар кутоҳмуддат шояд ба чашм нарасад.


“Дар шароити кунунӣ, вақте кишварҳои мухталифи дунё ба масоили сиёсӣ, низоъ ва ихтилофу таҳримҳои иқтисодӣ саргарм ҳастанд, ба миён кашидани масоили обу иқлим дар чорчӯби ҳамоишҳои сатҳи баланди об аз сӯи Тоҷикистон саривақтӣ буда, ҷомеаи ҷаҳониро атрофи ин мавзӯи муҳими глобалӣ муттаҳид месозад. Ва чунин ҳамоишҳо дар ҳоле, ки шумори зиёди аҳолии сайёра ба камбуди об мувоҷеҳ ҳастанд, роҳи тозаеро дар самти истифодаи самараноки оби тоза ба миён меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мавқеи худро дар назди ҷомеаи ҷаҳон бо пешниҳодҳои созанда боз ҳам пурқувваттар мекунад, ки ин ҳам обрӯву нуфузи кишвари моро боло мебардорад ва ҳам боиси он мегардад, ки созмонҳои мухталифи дунё, кишварҳое, ки иқтидори баланди сармоягузорӣ доранд ба барномаву тарҳҳои истифодабарии об таваҷҷуҳи бештар зоҳир хоҳанд кард. Зеро пуштибонии ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷассумгари нақши фаъол ва калидии кишвари мо дар пешбурди ин масъалаи муҳим мебошад”,-иброз дошт Ҳодиев.
Воқеан буҳрони об ва камбуди он ҳамвора муҳимтарин чолиш дар манотиқи мухталифи дунё ва ҳамчунин дар канори он дағдағае барои давлатҳои мухталиф барои муқобила бо он мебошад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, Тоҷикистон дар минтақае ҷойгир аст, ки ҳамчун кишвари болооб аҳамияти зиёд дорад ва бар рӯйи камарбанди камобии кураи замин бо мавқеияти хосаш ва захираҳои фаровони оби тозааш, аз ҷумла пиряху кӯлҳо ва дарёҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад. Аз ин рӯ, бояд мудирияти оби минтақа ҳам ба шиддат ҷиддӣ гирифта шавад, зеро омили дигаре, ки бар камбуди об асаргузор аст, рушди ҷамъият дар минтақа аст. Бо афзоиши аҳолӣ ниёз ба оби бештар ба вуҷуд хоҳад омад ва гарм шудани замин бо тағйирёбии иқлим омили аслӣ хоҳад буд.

Гуфта мешавад, ҷуғрофиёи куҳистонии Тоҷикистон боис шудааст, то оби зиёде дар ин кишвар захира шавад, вале ҳанӯз ҳам дар гузоришҳои Бонки ҷаҳонӣ изҳори нигаронӣ мешавад, ки Тоҷикистон бо вуҷуди бархӯрдорӣ аз захоири фаровони об дар манотиқи рустоии ин кишвар шуморе аз мардум ва хонаводаҳо дар самти оби ошомидании тоза дастрасӣ надоранд ва бо мушкилот рӯбарӯ ҳастанд. Ин дар ҳолест, дар ин самт Тоҷикистон бо ниҳодҳои бонки байналмилалии Созмони милал барои ҳамкории бештар ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба сиёсату ниҳодҳо ва зерсохтҳои обрасонӣ дар манотиқи кишвар кор мебарад.

НИГАРОНИҲО АЗ ОБШАВИИ ПИРЯХҲО ВА КОҲИШИ ЗАХИРАҲОИ ОБИ ТОЗА

Афзоиши буҳрони камобӣ дар сатҳи ҷаҳон авоқиби хатарноке ба ҳамроҳ хоҳад дошт. Агар давлатҳо иқдоми мудирияти дуруст, барои ҳифзи манобеи мавҷуд ба об яъне, ҳифзи пиряхҳо ва ҳамин тавр ҳифозат аз муҳити зистро анҷом надиҳанд, ин масъала метавонад ба бузургтарин буҳрони башарӣ дар солҳои пешорӯ табдил шавад. Ин масъала, то ҷое ҷиддӣ аст, ки бархе муҳаққиқон бар ин боваранд бо идомаи обшавии пиряхҳо дар ояндаи на чандон дур як ҷанги ҷаҳонӣ бар сари манобеи об ба вуқуъ хоҳад пайваст.

Донишмандон пешбинӣ мекунанд, ки тайи 30 то 40 соли оянда имкони об шудани 15 то 20 дарсад аз пиряхҳои табиии Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки барои ҷилавгирӣ аз ин раванд бояд партоби газҳои гулхонаӣ коҳиш дода шавад ва барномаи густардаи ниҳолшинонӣ амалӣ гардад. 

Яъне, пиряхҳо сарчашмаи асосии обҳои ширин ба ҳисоб мераванду захираҳои онҳо зери таъсири гармшавии глобалӣ босуръат коҳиш ёфта истодаанд. Ва дар шароити идомаи гарм шудани ҳаво дар кураи замин пиряхҳои табиии Тоҷикистон, ки 60 дарсад аз оби мавриди ниёзи минтақаи Осиёи Марказиро таъмин мекунанд, бо хатари ҷиддии об шудан рӯбарӯ мешаванд.

Абдулҳамид Қаюмов, роҳбари “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, вобаста ба обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои онҳо, ки боиси нигаронии амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, афзуд, ки Тоҷикистон зери таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар чанд даҳсолаи охир зиёда аз ҳазор пиряхи худро аз даст дода, ҳамасола аз селу обхезиҳои зиёд ва хушксоливу камобӣ, ки марбути ин раванд мебошад, хисороти зиёди моливу ҷонӣ мебинад. Ӯ вобаста ба ҳамоиши байналмилалии марбут ба об бо мизбонии Душанбе гуфт, ки Тоҷиистон бо ин иқдоми сатҳи ҷаҳонӣ ба думболи боло бурдани ҳамкориҳо дар ҳавзаи милливу минтақаӣ ба манзури расидан ба мудирияти пойдор дар ҳалли мушкилоти глобалии об аст.


“Муаррифии об шудани пиряхҳо дар чунин ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ, на танҳо аз нуқтаи назари манбаи оби ошомиданӣ, балки омили хисорот низ дида мешавад. Ва дар ҳошияи ин ҳамоиши марбут ба оби Душанбе аз сӯи роҳбари давлат пешниҳод шуд, то соли оянда баъди ҳамоиши аввалини бузурги байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо лоиҳаи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони милал оид ба эълони Даҳсолаи илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ пешбарӣ шавад. Ин тасмим асоси илмии худро дорад, зеро тадқиқоти илмӣ болои пиряхҳо хеле гарон аст ва дар 50 сол як маротиба гузаронида мешавад. Бе таҳлил ва бе маълумоти илмӣ ягон стратегияи аниқ муайян карда намешавад. Ҳоло дар курраи замин пиряхҳое ҳастанд, ки барои як давраи муайян аз сад то чанд аср вуҷуд хоҳад дошт, вале бо мурури замон он аз байн меравад. Боз пиряхҳое ҳастанд, ки нав рӯ ба инкишоф буда, тариқи омӯзиши изотопӣ муайян мешавад, ки пиряхҳои нав рӯ ба таназзул меоранд, ки ин ташвишовар аст”,- гуфт профессор Абдулҳамид Қаюмов.

Тибқи қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, Тоҷикистон соли оянда мизбони ҳамоиши аввалини бузурги байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад шуд. Ва шуруъ аз баҳори соли оянда, ҳамасола ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” ҷашн гирифта мешавад.

Об шудани пиряхҳо ба маънии коҳиши мизони захоири оби ошомидании мавриди ниёзи сокинони кишварҳои Осиё Марказӣ аст, ки дар рушди иқтисодии ин минтақа низ таъсире ногувор хоҳад гузошт. Яъне идомаи об шудани пиряхҳои куҳӣ, натанҳо барои Тоҷикистон балки барои тамоми Осёии Марказӣ буҳрони оби ошомиданӣ ва паёмадҳои вайронкунандаи ҳифзи муҳити зистро эҷод хоҳад кард.

Бояд гуфт, “Даҳсолаи байналмилалии амал, Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз ибтикороти Тоҷикистон мебошад, ки соли 2018 бо қарори Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз шуд. Қабл аз ин барномаҳои “Соли байналмилалии оби тоза, 2003”, Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт дар солҳои 2005-2015” ва “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013”  низ бо пешниҳоди Тоҷикистон иҷро гардидааст.

Ба боварии коршиносон, заминаи бештари низову даргириҳои оянда ва хушунатҳои маданиву иҷтимоӣ умдатан аз камбуди манобеи обу ғизо хоҳад шуд. Ҳамчунин камобиву хушксолӣ боиси нобудии заминҳои кишоварзӣ, коҳиши истеҳсоли маводи ғизоӣ, афзоиши сатҳи бекориву муҳоҷират хоҳад шуд, ки паёмадҳои бади иқтисодиву амниятиро дар пай хоҳад дошт. Агар аз роҳи дипломатия ва ҳамгироӣ кор гирифта нашавад, то ба муноқишаву низоъ бурда мерасонад.

Ба гуфтаи ҳолдонҳо ҳамон гуна, ки кишварҳои абарқудрат барои мубориза бо терроризм дағдағаву иддаои мубориза доранд, дар самти коҳиши мизони захоири обӣ, яъне коҳиши ҳаҷми пиряхҳо ва буҳрони камобӣ низ таваҷҷуҳ намоянд, то рушди дипломатияи об ба шиддат дар сатҳи глобалӣ эҳсос шавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед