
Ҳузури рӯзафзуни Чин дар Тоҷикистон
Нашр шуд
Чин яке аз шарикони бузурги Тоҷикистон дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ мебошад. Ҳаҷми умумии сармояи чиноӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар даҳ соли охир 3,8 миллиард долларро ташкил додааст.
Дар арафаи сафари давлатии Сӣ Ҷинпин, раисҷумҳури Чин ба шаҳри Душанбе дар даҳаи аввали моҳи июли соли равон, ки як рӯз пас аз анҷоми иҷлоси роҳбарони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Остонаи Қазоқистон сурат мегирад, зиёда аз чил созишномаи дутарафа байни Тоҷикистону Чин барои имзо омода шудаанд. Дар таърихи муносибатҳои дутарафа, ин миқдор ҳуҷҷат бори аввал пешниҳод шудааст.
Шарикии стратегии Тоҷикистон ва Чин аз соли 2014 оғоз гардида, рӯз аз рӯз меафзояд. Дар соли 2019 он ба сатҳи шарикии стратегии амиқи фарогирии умумӣ омада расид.
Ҳоло ин ду кишвар ба муносибатҳои кушод ва бовариноки байни роҳбарони Тоҷикистону Чин такя намуда, рушди муносибатҳоро баланд карда, омодаанд муштаракан ҷиҳати пешбурди таҳкими дӯстии анъанавӣ, таъмиқи ҳамкории ҳамаҷонибаи судманд иқдом намоянд. Хоса дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки марбут ба “иқтисоди сабз”, иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва истеҳсолот дар Тоҷикистон бо истифода аз “технологияҳои сабз” ҳавасманд ҳастанд.
Ҷӣ Шумин, сафири Чин дар Тоҷикистон зимни сухаронии худ дар як ҳамоиши ахир дар шаҳри Душанбе гуфт, ки дар маҷмуъ, дар зарфи 32 соли истиқрор ва пешбурди муносибатҳои дипломатӣ миёни Чину Тоҷикистон ҷонибҳо ба натиҷаҳои ниҳоят назаррас ва муҳим дастёб гардиданд.
“Имсол аз барқарории равобити дипломатӣ миёни Чин ва Тоҷикистолн 32 сол пур мешавад. Ва дар 32 соли ахир равобити ин ду кишвар рушди устуворро нигоҳ дошта ба имтиҳони таҳаввулоти мухталифи байналмилалӣ тоб оварда, нерӯи зинда ва устувории қавӣ нишон доданд. Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳое буд, ки пуштибонӣ аз ташаббуси “Як камарбанд - як роҳ”-ро эълон кард. Ҳоло Чин бузургтарин манбаи сармоягузории Тоҷикистон ва яке аз муҳимтарин шарикони тиҷоратии Душанбе аст. Тибқи омори Чин, дар соли 2023 ҳаҷми муомилоти дуҷонибаи Чину Тоҷикистон ба 3 миллиарду 926 миллион доллар расид, ки нисбат ба як сол 53,5 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар ҳамин ҳол, Чин бузургтарин кишвари кумакрасони Тоҷикистон аст, ки танҳо барои тарҳҳои бузурге, ки ҳоло амалӣ мешаванд, ба бинои парлумон ва ҳукумати ин кишвар, инчунин бахшҳои асосии марҳилаи дуюми лоиҳаи роҳи мошингарди Чину Тоҷикистон ва ғайра сармоягузорӣ карда истодааст”,- гуфт Ҷӣ Шумин.Ба таъкиди дипломатҳо, равобити ин ду кишвар дар шароити мураккаб ва вазъияти зудтағйирёбандаи байналмилалӣ, имтиҳоноти хеле сахту ҷиддиро паси сар намуда, босубот ва самарабахш рушд ёфта истодаанд. Дар робита доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Рашид Олимов дар мавриди баъзе ҷанбаҳои вазъ ва дурнамои рушди шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикисону Чин зимни як ҳамоиши байналмилалӣ дар Душанбе гуфт, ки муносибатҳои ду кишвар нисбатан наздик, дӯстии байни халқҳо мустаҳкам ва осмони он софу беғубор хоҳад гашт.
“Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Чин, Сӣ Ҷинпин ҳамдигарро аз соли 2012 бисёр хуб мешиносанд ва ҳар як имконияти алоқаи мутақобиларо истифода мебаранд. Дар як даҳсолаи охир мо шоҳиди суҳбатҳои сермаҳсул ва ҳаматарафаи сиёсии байни Пешвои миллат ва роҳбарияти Чин гардидем. Давоми солҳои 2014 ва 2024 раисҷумҳурони Тоҷикистону Чин шонздаҳ маротиба вохӯрӣ гузарониданд. Чунин сатҳи сермаҳсули суҳбату вохӯриҳо бо ягон роҳбари дигар давлатҳо ба истиснои роҳбари Федератсияи Русия гузаронида нашудааст. Сатҳи баланди фаъолнокӣ, ки сарварони давлатҳо нишон медиҳанд, мисоли равшани ҳавасмандкунанда барои аъзои ҳукуматҳо мебошад. Асоси муносибатҳои дӯстона байни ду кишвари ҳамсоя - Тоҷикстон ва Чинро эҳтироми мутақобилаи соҳибихтиёрӣ ва ягонагии ҳудудӣ, баробарӣ ва манфиатҳои мутақобила ташкил медиҳад. Тоҷикистон ба таври қатъӣ ва устувор тарафдори принсипи “Чини воҳид” баромад мекард ва мекунад. Барои ҳарду давлат принсипи асосии бар зидди тарафи саввум равона накардан ва сиёсати берунаи бисёрвекторӣ, умумӣ буд ва мемонад. Давоми даҳ соли ахир таҳкурсии шартномавии ҳуқуқии муносибатҳои ҳамсоягӣ нисбатан мустаҳкам шуданд ва сохтори асосии он, принсипи инкишофи муштараки якҷоя гардид. Сармоягузории мустақими Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба 4 миллиард доллар баробар шудааст, ки дар баробари он ҳар доллари чорум ба инфрасохтори роҳ сарф гардидааст. Дар даҳ соли охир Тоҷикистон тавонист аз бунбасти нақлиётӣ барояд ва ду маротиба додугирифтро бо Чин афзун намуд”, - иброз дошт Олимов.Таҳлилҳои ҳамаҷонибаи шарикии пурсамари беш аз 30-солаи Тоҷикистону Чин нишон медиҳад, ки дар сиёсати берунии гуногунҷанба байни ду кишвар, ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва фаъолияти гуруҳҳои дӯстии байнипарлумонии ду кишвар мавқеи махсусро дорад. Саодатшо Матробиён, вакили парлумон дар мавриди рушди ҳамкориҳои ду кишвар аз ҷумла гуфт, Тоҷикистон ба густариши равобит бо Ҷумҳурии мардумии Чин аҳамияти вижа медиҳад.
“Дар муддати даҳ соли охир ҳамкориҳо дар саттҳои сайёҳӣ, иқтисоду тиҷорат, маориф, тандурустӣ, илмиву техникӣ, ҳарбӣ, ҳифзи муҳити зист рушду инкишоф дода шуда, зиёда аз 80 шартномаи байналмилалӣ ба тасвиб расидаанд. Танҳо дар соли 2023 байни ҳукуматҳои ду кишвар, вазорату идораҳо ва ширкатҳои тиҷоратии Тоҷикистону Чин зиёда аз 20 созишнома, протокол, ёддошти тафоҳум ва дигар санадҳо ба имзо расиданд ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд. Имрӯз миёни ин ду давлат дар соҳоти мухталиф зиёда аз дусад санад ба имзо расидааст. Бори нахуст, дар таърихи соҳибистиқлолӣ моҳи марти соли 1993 раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон нахустин сафари хориҷии худро ба давлати Чин анҷом дод. Ва бо ҳамин дар баробари боз гардидани дарҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба муносибатҳои байнипарлумонии ду кишвар қадами устувор гузошта шуд”,- афзуд ҷаноби Матробиён.
Қомат афрохтани биноҳои ҷадид бо сармояи Чин
Ҳоло дар пайи сафари Сӣ Ҷинпин, раисҷумҳури Чин ба Тоҷикистон биноҳои нави Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе, ки сохтмонаш ба итмом расидааст, расман мавриди истифода қарор мегирад.
Чор сол муқаддам раиси вақти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, Ҷамшед Аҳмадзода дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки бунёди ҳарду бино камаш чаҳор сол тӯл мекашад, зеро масоҳати ҳар кадомашон аз 42 то 44 ҳазор метри мураббаъ аст. Ва барои сохтмони ин ду бинои боҳашамат давлати Чин дар ҳаҷми 1,5 миллиард юан баробар ба 220 миллион доллари ИМА кумаки бебозгашт ихтисос дода буд.
Гуфта мешавад, дар бунёди биноҳои фавқуззикр муҳандисони тоҷику чиноӣ ҷалб шуда буданд. Бинои нави Маҷлиси Олӣ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт, дар ҷойи биноҳои собиқи шаҳрдории Душанбе ва Вазорати кишоварзии мамлакат қомат афрохтаст. Бинои нави Ҳукумати мамлакат дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ аз як бинои 15-ошёна барои дастгоҳи ҳукумат ва ду бинои 13-ошёна барои идораҳои тобеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.
Қобили зикр аст, ки санги асоси ин ду биноро Эмомалӣ Раҳмон бо собиқ сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян гузошта буданд.
Атрофи шарикии ҳамаҷанбаи ду кишвар, рушди босуръати муносибатҳои дӯстона дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ раиси Фонди миллии “Шоҳроҳи абрешим”, Абдуғанӣ Мамадазимов зимни як ҳамоиши ахир дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар гуфт, ки Душанбе ва Пекин ҳамсояҳои наздик буда, ба таҳкими ҳарчи бештари робитаҳои зичи бисёрҷанба дар ҳама бахшҳо ҳавасманд ҳастанд.
“Мо давоми се даҳсола муносибати дуҷонибаро дар сатҳи боло бардоштем ва ҳанӯз захираҳои кофии бузург мавҷуд аст, ки васила барои таҳкими робитаҳо мебошад. Зеро ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар мебошад, ки амалӣ карда истодаем ва тавре роҳбарони ду кишвар дар моҳи сентябри соли 2017 зикр карданд, ташаббуси бузурги чинии “Як камарбанд - як роҳ” метавонад ба кишвари мо дар татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат намояд. Гузашта аз ин, ширкати фаъоли Тоҷикистон дар ин лоиҳа, ҳамчун кишваре, ки ба баҳр баромад надорад, ба рушди иқтидори транзитӣ кумак менамояд ва ин хеле хуб аст, лекин бисёр захираҳое ҳастанд, ки мо бояд оид ба он бештар ҳарф занем, чун иродаи сиёсӣ ва якдигарфаҳмии роҳбарони ду кишвар буд, ки сатҳи муносибатҳо хеле рушд намуд. Бояд аз тарафи тоҷикон ва чиноиҳо як гуруҳи муштарак таъсис ёбад, то дар самти татбиқи чунин лоиҳаҳои бузург нуктаи назарҳо дар як китоб гирдоварӣ шавад. Тоҷикистону Чин дар ҷаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ фаъолона ҳамкорӣ менамоянд. Ва дар аксар масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ Тоҷикистон ва Чин мавқеъҳои монанд ё наздик доранд”,- гуфт Мамадазимов.
Воқеан, ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” соли 2013 аз ҷониби раисҷумҳури Чин, Сӣ Ҷинпин пешниҳод шудааст. Ва ин тарҳ дар шароите рӯйи кор омадааст, ки абарқудратҳо ба баъзе аз кишварҳо таҳримҳои иқтисодии худро ҷорӣ намудаанд. Маҳаки фалсафии “Як камарбанд, як роҳ” низ зери як камарбанд ба ҳам омадан ва дар як роҳ равона шудан ё нигаристан мебошад. Ин роҳ ба ташаккули даҳлезҳои энергетикӣ, нақлиётӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Шарқи Наздик нигаронида шудааст ва дар самти бозрёбӣ ба Пекин кумак мекунад.
Гуруҳе аз таҳлилгарони сиёсӣ, иқтисодӣ ва ислоҳотхоҳон аз Сӣ Ҷинпин ба унвони як сиёсатмадори ором ва оянданигар ёд мекунанд, ки тарҳҳои зиёдеро рӯи даст дорад ва мехоҳад дар қудрат обрӯву эътибораш ба монанди роҳбарони пешин Дэн Сяопин бошад, ки баъд аз марги Мао Тседун дар рушди босуръати иқтисоди Чин нақши бориз доштааст.
Ду сол муқаддам, Сӣ Ҷинпин давоми беш аз панҷоҳ соли гузашта аввалин шахсе дар кишвараш муаррифӣ шуд, ки бори саввум пайи ҳам дабири кулли Ҳизби коммунисти Чин ва раисҷумҳури ин кишвар шуд.
Мунтақидони ҳукумати феълии ин кишвар бар ин боваранд, ки Сӣ Ҷинпин аз соли 2012 то кунун барои васеъ намуданни доманаи қудраташ дар мубориза бо фасод, мухолифонашро яке пас аз дигаре аз саҳнаи сиёсат ва қудрат дар Чин берун ронд. Ӯ мехоҳад бо барномаҳои азими иқтисодӣ ва густариши қудрати сиёсиаш, давлати Чинро ба яке аз қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ табдил диҳад. Ин аст, ки ҳоло ба ӯ ба қавле чароғи сабз дода шудааст, то бидуни маҳдудият давраи зимомдориашро идома диҳад.
Вобастагии иқтисодӣ?
Давлати Чин, то кунун яке аз шарикони аслии иқтисодии Тоҷикистон буда, барои бунёди иншооту ҷодаҳо, коргоҳу нерӯгоҳҳо, истифодаи манобеи табиӣ дар кишвар сармояи ҳангуфт мегузорад.
Даҳаи сеюми моҳи июни соли равон миёни сармоягузорон ва соҳибкорону мақомоти тоҷик тавофуқнома имзо шуд, ки тоҷирони Чин дар Душанбе ба иқтисоди Тоҷикистон 6 милллиард сомонӣ (беш аз 584 миллион доллар) сармоягузорӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, соҳибкорони Чин шуморе аз ин маблағро дар бунёди корхонаи оҳангудозӣ дар кони оҳани “Шоҳқадамбулоқ” дар наздикии Хуҷанд харҷ хоҳанд кард, ки кони мазкур садҳо миллион тон захираи оҳан дорад. Инчунни, бо усули замонавӣ варзишгоҳи Душанберо аз нав сохта, барои хидматрасонии таксӣ шумори электромобилҳоро афзоиш медиҳанд.
Алҳол дар Тоҷикистон беш аз 500 ширкат бо сармояи Чин кор мекунад ва дар даҳ соли охир ҳаҷми умумии сармояи чиноӣ ба иқтисодиёт наздик ба чор миллиард доллар арзёбӣ мешавад.
Ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни ду кишвар ба сатҳи ҷадиде расида, ҳаҷми тиҷорати хориҷии мутақобил ҳар сол дар ҳоли афзоиш аст. Мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Чин дар як соли гузашта бо афзоиши 24 дарсадӣ мувоҷеҳ шуд ва Пекин дар сохтори гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон мавқеияти дувумро пас аз Русия ба худ ихтисос додааст.
Коршиносони мустақил мегӯянд, ки дар татбиқи тарҳҳои иқтисодии Чин барои Тоҷикистон ҷониби Душанбе бояд ҳушёриро аз даст надиҳад, зеро Пекин бо додани қарзҳо ба кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ заиф онҳоро пойбанди худ мекунад. Ва мақомоти Тоҷикистон бояд дар робита бо Чин аз эҳтиёт кор гирад, то вобастаи худ накунад. Зеро ҳузури рӯзафзуни Чин дар минтақа, хоса Тоҷикистон метавонад ташвишовар барои истиқлоли иқтисодӣ ва сиёсии кишварҳо бошад. Инчунин назарҳое ҳам дар расонаҳо раду бадал мешавад, ки тавсеаталабии ин кишвар бештар ба самти иқтисод, эҳтимол дорад, Тоҷикистонро ба корхонаи тавлиди ашёи хом табдил диҳад. Ҳарчанд, яке аз нукоти умдаи созишномаву эъломияҳои муштараки ду кишвар эҳтиром ба ҳокимияти миллӣ, истиқлолият, якпорчагӣ ва тамомияти арзии ҳарду тараф арзёбӣ мешавад.
Ин дар ҳолест, Тоҷикистон дар сиёсати хориҷиаш ба “бисёрсамта” ё “дарҳои боз” пойбанд мондан мехоҳад, вале боз талош мешавад дар равобити худ бо қудратҳои бузурге, чун Русия, Амрико ва Чин тавозунро нигоҳ дорад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед