Ru  | Tj
Файзуллоҳ Ҷалол: “Афғонистон солҳои дигар дар як ҷанги ҷадид хоҳад сӯхт”
Файзуллоҳ Ҷалол: “Афғонистон солҳои дигар дар як ҷанги ҷадид хоҳад сӯхт”
Аксҳо: Halva.tj

Файзуллоҳ Ҷалол: “Афғонистон солҳои дигар дар як ҷанги ҷадид хоҳад сӯхт”

Нашр шуд

Ҳақиқат ин аст, ки имрӯз қудрати Афғонистон ба дасти Толиб расид. Оё Толиб қудратро ҳифз карда метавонад ё не, дӯстии Русия бо Толиб ба хотири дӯстиаш бо Покистон аст ё чизи дигар, чаро имрӯз қудратҳои ҷаҳонӣ ошкоро аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳимоят намекунанд, Толиб дар даруни худ кадом мушкилоти сангинро дорад, чаро коршиносон таҷзияи Афғонистонро пешгӯӣ карда буданд ва бо расидани он рӯз ин минтақа ва ин кишварро чӣ интизор аст, Чин ба хотири Ҳинд бо Покистон ва Толиб ҳамкорӣ дорад ё манофеи иқтисодии худ, оё фазо барои тақвияти имкониятҳои иқтисодии Чин дар минтақа мусоид нагардидааст, чаро бояд дили Амрико ба Афғонистон боз ҳам кашолтар гардад, аз даруни дил Толиб бо кадом кишвар наздикӣ дорад: Русия, Чин ва ё Покистон, то чӣ андоза дӯстии русҳо бо Толиб давомдор хоҳад буд, ин ҳама баҳсе буданд, ки аз нигоҳи илм ва бидуни эҳсосот бо устоди Донишгоҳи Кобул, сиёсатшиноси варзида ва нуктасанҷ, доктори илмҳои сиёсӣ - Файзуллоҳ Ҷалол матраҳ кардем.

М. Қосимов: – Чанд моҳе қабл дар сӯҳбататон бо телевизиони Тулӯъ қайд карда будед, ки дар музокироти сулҳ танҳо Толибон дар сухани худ устувор буда, сари хостаҳои худ пойбарҷоянд, на ҳукумати Ашраф Ғанӣ, “Толибон дар фикри ал-фатҳ ҳастанд”, гуфта будед ва ин рӯз расид. Бо кадом далел чунин нуктаро бисёр ҷиддӣ баён доштед? Ин ҳолат ба назари Шумо пешгӯишаванда буд?

Файзуллоҳ Ҷалол: - Бидуни шак, ин ҳаводиси бавуҷудомада, ки мунҷар ба пирӯзии Толибон шуд, то ҳадде ба сурати нисбӣ қобили пешбинӣ буд. Ба далели он, ки давлати Ашраф Ғанӣ ва Карзай барои тақвияти Толибон бисёр корҳо карданд. Ҳатто иттилооти начандон таъидшуда, ки худи Карзай дар даврони қудраташ пулҳои зиёде ба Толибон равон кард ва Ашраф Ғанӣ ҳам зоҳиран зидди Толибон гап мезад, аммо бистари фаъолиятҳои Толибонро маҳдуд насохт. Яъне бисёр зиёд ба Толибон вақт дод, ки худро тақвия кунанд. Ашраф Ғанӣ ва Карзай зоҳиран зидди Толибон буданд, аммо дар воқеъ бинобар гароишҳои қавмӣ, қабилавӣ, самтӣ ва таборӣ Толибонро хуш доштанд. Яъне намехостанд, ки Толибон тазъиф шаванд. Барои ҳамин, онҳо Толибонро ба зидди нерӯҳои шимол меҷангонданд ва нерӯҳои шимолро тазъиф карда ва худашон дар ин миён, яъне дар миёни ҷанги ду бабр ё ду шер ҳукумат мекарданд. Ҳамин тасаввур дар сарашон буд ва аз тариқи Толибон нерӯҳои шимолро тазъиф карда, худашон идора мекарданд. Ба ин назар буданд, ки агар нерӯҳои шимол тазъиф шавад, нерӯҳои Толиб низ табиист, ки тазъиф мешавад ва дар ин миён мо ҳукумат мекунем. (Яъне текнократҳои паштун – Ашраф Ғанӣ ва тимаш) Вале ин оҳиста – оҳиста воқеан ҳам ба тазъифи нерӯҳо рӯ ба рӯ шуда ва ба тақвияти бештари Толибон сабаб гардид. Як мавзӯъ ин буд.

Мавзӯи дувум, фасоди бисёр густурда ва беадолатӣ дар низоми Ашраф Ғанӣ буд, ки ба ин ҳолат сабаб шуд. Ба ҳадде фасод ва бадамнӣ буд, ки ҳеҷ кас эҳсоси масуният намекард. Масири роҳҳо аз марказ ба вилоят ва аз вилоят ба навоҳӣ, маҳалот ва рустоҳо амн набуд. Дар ҳама ҷо дуздон, роҳзанон, мофиё ва чаповулгарон ҳукумат мекарданд. Ин ҳолат низ мардумро нисбат ба давлат бадгумон сохта буд. Дар манотиқи Толиб ба ҳар сурат ба зӯр буд, ё ба хушунату фишор амният вуҷуд дошт. Амният ба маъное, ки оромиш буд.

Ахиран Ашраф Ғанӣ тасмим гирифт, ки бояд бо Толибон биҷангад, вале ин тасмим билохира мутафаккирину назарияпардозону мушовиринашро мутаваҷҷеҳ сохт, ки ҳамроҳи чӣ меҷангад? Яъне бо нерӯҳои шимол, ҳазора, ӯзбек? (Агар ба онҳо такя мекунед боз ҳам он сарнавишти доктор Наҷиб ба саратон меояд). Яъне ба ин маъно, ки Шимол боз қавӣ мешавад ва қудрат бештар ба Шимол тааллуқ мегирад ва паштун матазаррур мешавад, ин фикрро аз сарашон дур карданд. Ин масъала барои Ашраф Ғанӣ бисёр як масъалаи ҳаётӣ буд ва ӯро ҳассос ва мутаваҷҷеҳ сохт. Яъне ӯ гуфт, ки ман ин иштибоҳро бояд накунам. Биноан, чора набуд ва ӯ ба фикри ин афтод, ки як теъдод фармондеҳон, қумондонҳои фирқаҳо, қумондонҳои қулюрду, ки чандин фирқаро дар бар мегиранд, иваз намояд. Оҳиста – оҳиста ӯ раисҳои истихбороту амниятро иваз намуда ва гурӯҳҳое, ки аз дигар таборҳо дар паҳлӯи Ашраф Ғанӣ буданд, ба ҳар кори майдаву чӯда масруф сохт. Масалан, Солиро масруфи масоили амниятии шаҳри Кобул сохт ва ӯ низ аз ин мансаб бисёр хуш буд. Яъне дигар қавмҳоро мутаваҷҷеҳи масоили хурду реза сохт ва худ масоили асосиро ба даст гирифт. Барои ақвоми дигар мушкилотҳои хурди дигаре дар дохили худашон эҷод кард, якеро алайҳи якеи дигар шӯр андохт ва барои худ бистарро ҳамвор кард. Билохира гуфт, ҳоло, ки барои ман намешавад, ман бояд барои қабила ё қавми худ як кори таърихӣ бикунам, то номам боқӣ бимонад. Бинобар ин, роҳро ҳамвор кард, ки Толибон биоянд. Бисёр ба суръат қудрат ба дасти Толибон аз Ашраф Ғанӣ интиқол ёфт. Яъне ҳеҷ кас дар муқобили Толиб наҷангид. Албатта баъзеҳо мегӯянд, ки дар ин роста на танҳо Ашраф Ғанӣ ва Карзай кӯмак карданд, балки худи Халилзод ҳам ба ҳайси намояндаи сиёсии Амрико нақши зиёд дошт. Инҳо, ки аз як табор буданд, ба ин масъала ҳамфикр шуданд. Албатта ин ҳолат дар музокироти Дуҳа низ дида мешуд.

М. Қосимов: - Ҳатто мегӯянд, ки вақте Кобул суқут кард, худи Халилзод низ дар Кобул буда, барномаи интиқоли қудратро мудирият мекардааст!

Файзуллоҳ Ҷалол: - Бале, чунин буд. Халилзод дар давоми фаъолияташ танҳо дар сар фикри қабилагароӣ дошту бас. Онҳо нахуст шуда, нуқтаи бисёр муҳим ва стратегиро ҳам аз назари сиёсӣ ва ҳам аз назари ҷуғрофиёӣ ва геопалитикӣ суқут доданд. Чароки аз Ҷануб шуруъ мекарданд, Шимол алайҳи онҳо омода шуда ва мубориза мебурд.

Яъне ин як бозии бисёр пӯхта ва бисёр ҳамаҷониба буд, ки худи Карзай, Халилзод ва Ашраф Ғанӣ солҳо ба ин тараф дар ин раванд кор мекарданд. Биноан, авомили суқут ба ин суръат пешбинӣ намешуд, аммо нисбатан қобили пешбинӣ буд. Чароки қавмбозӣ, нақзи қонун, фасод ва ғайра вуҷуд дошт. Муттаҳидини Ашраф Ғанӣ аз давлати Ашраф Ғанӣ бисёр бебовар шуда буданд.

М. Қосимов: - Ҳама (манзур нухбагон) пешниҳод доштанд, ки хурӯҷи нерӯҳои НАТО бояд аз рӯи як барномаи миллӣ сурат бигирад ва ҳатто худи Шумо ҳам дар ин маврид борҳо таъкид кардаед. Шумо киро масъули бидуни огоҳӣ берун кардани нерӯҳои НАТО аз Афғонистон медонед, Ҷо Бойден ва ё каси дигар?

Файзуллоҳ Ҷалол: - Мо дар тамоми мусоҳибаҳои худ ва солҳои сол гуфтем, ки хурӯҷи нерӯҳои НАТО сурат бигирад, аммо бар асоси як механизми маъқул. Яъне масъулона сурат бигирад. Ба ҳамин хотир, ҳам дар Амрико ва ҳам дар байни муттаҳидини Амрико ва НАТО ва ҳам дар Русия ва Чин масъули ин вазъ Ҷо Бойденро медонанд, ки ғайри масъулона мардуми Афғонистонро дар як ботлоқ андохтанду гурехтанд ва ин сари рӯҳияи мардум ва сари рӯҳияи нерӯҳои урдуву пулис бисёр таъсири манфӣ гузошт ва билохира аз дарун низ барояшон кор шуда буд.

М. Қосимов: - Аз дарун, чӣ тавр?

Файзуллоҳ Ҷалол: - Амрикоиҳо аз муддатҳо ба ин тараф нисбат ба давлати Ашраф Ғанӣ, ки дифои мустақилона дорад, бебовар буданд. Ба гумони ағлаб як теъдоди зиёде аз қумондонҳо бо Халилзод иртибот доштанд. Яъне аз ин тариқ ҳам, барои онҳо гуфта шуд, ки моқовимат бар алайҳи Толиб беҳудаву бемаъност. Чандин авомил – авомили дарунӣ, авомили берунӣ ва аз ҳама муҳимтар фасоди густурда, адами ҳимояти мардум, ки байни мардум ва давлати Ашраф Ғанӣ фосила эҷод шуда буд, омили суқут шуд.

М. Қосимов: - Аз рӯи таҳлилҳои илмӣ ҳокимияти имрӯзаи Толибон то чӣ андоза пойдор буда метавонад? Оё онҳо тавони ҳифзи ин қудратро доранд ё не?

Файзуллоҳ Ҷалол: - Ҳоло феълан Толибон қудратро аз Ашраф Ғанӣ гирифтанд. Арг дар дасти Толибон аст ва бисёр вилоятҳо тақрибан ғайр аз Панҷшер ва Андароб ҳамагӣ ба Толибон суқут кардааст. Ҳоло Толибон дар саросари Афғонистон ҳоким ҳастанд, вале як мавзӯъро ба хидмати Шумо арз мекунам. Бо шинохте, ки ман аз ҷомеаи Афғонистон дорам, дар Афғонистон гирифтани қудрати сиёсӣ бисёр осон аст. Масалан, кудатои Муҳаммад Довудхон муваффақона ва дар чанд соат сурат гирифт. Кудатои 7-и Савр, ки баъзеҳо онро инқилоб мегӯянд, он низ дар чанд соат сурат гирифт. Аммо мушкил ҳифзи қудрати сиёсист. Толибон ҳоло қудратро воқеан гирифтан, аммо онҳо то чӣ андоза ин қудратро ҳифз карда метавонанд? Боз аз ҳифзи қудрат ҳам ҷиддитар ин иртиқоъ, инкишоф ва густариши қудрат аст. Яъне ин раванд се марҳала дорад: гирифтани қудрат, ҳифзи қудрат ва инкишофи қудрат. Оё Толибон муносиботи худро бо кишварҳои дигар барқарор карда метавонанд ё не? Ё кишварҳои дигар инҳоро ба расмият мешиносанд ё не? Равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дипломатӣ барқарор карда метавонанд ё не? Ин ҳама чизест, ки моро ба андеша мебарад.

М. Қосимов: - Дар ин чанд ҳафтае, ки онҳо қудратро ба даст доранд, Шумо чӣ таҳлил карда метавонед?

Файзуллоҳ Ҷалол: - Инҳо кобинаи худро эълом карданд, ки то ҳанӯз кадом нишонае аз шинохти давлати Толибон тавассути ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои дигар дида намешавад. Шароитеро СММ, Амрико, Русия, ҳатто Чин ва бисёре аз кишварҳо барои шиносоӣ ироа карданд. Муҳимтарин шароити онҳо ин аст, ки Толибон бояд як давлат ба қоидаи васеъ эҷод бикунанд, то дар таркиби он бояд тамоми ақвом, ақшор ва сунуфи мухталиф ҷой дошта бошад. Ҳоло чӣ гунае, ки худ мебинед, бештари вазирҳо ва умуман тими Толибон аз як қавми хос ҳастанд. Имрӯз ин синфи сиёсӣ аз як гурӯҳи хос ба номи Толибон ҳастанд. Бовари дунё ин аст, ки ин ҷо муҷоҳиддин ва демократҳо ҳастанд ва дар ҷомеаи Афғонистон, агар онро дуруст мутолиа кунем, нисфи ҷомеа агар мардҳост, пас нисфи дигараш зан аст. Дар кобинаи Толибон занҳо дида намешаванд. Дар ин ҷомеа текнократҳо ҳузур надоранд. Билохира, ин кобина, ки намояндагӣ аз тамоми мардуми Афғонистонро надорад, қудратро ҳифз карда наметавонад. Толибон ба ин назар ҳастанд, ки мисли гузаштаҳо – “мо қудратро гирифтем мо намояндагӣ аз тамоми мардуми Афғонистон мекунем” буда метавонанд. Дар ин ҳолат инҳо ба олами мушкилот мувоҷеҳ шуда, ба қиёми мардум рӯ ба рӯ хоҳанд шуд, ки намунаашро имрӯз мебинед.

М. Қосимов: - Оғози мушкилоти қавмӣ агар хато накунам аз конфронси Бун ба вуҷуд омада буд. Яъне дар он ҷо ҳам ба як қавми Афғонистон бартарӣ дода шуда буд. Оё фикр намекунед, ки решаи ин ҳолат ба конфронси Бун пайванд аст? Яъне масъалаи асосӣ масъалаи қавмист?

Файзуллоҳ Ҷалол: - Мутаассифона, мушорикат дар ин конфронс ба маънои воқеӣ ба вуҷуд наомад. Аз бародарони паштун одамони донову хирадманд омаданд ва аз тоҷикон одамони заъифу нотавон ва аз ҳазораву ӯзбекҳо низ одамони ношоиста. Билохира, онҳо намояндагии хуб аз ақвоми Афғонистон карда натавонистанд ва дар натиҷа як чеҳраи хуби миллӣ ва мушорикатӣ барои мардуми ҷаҳон ироа нашуд. Агар мо ин таҷоруби қаблиро аҳаммият бидиҳем, чӣ таҷоруби 7-и Савр ва чӣ Кудатои коммунистӣ (Инқилоби Савр) ва ғайра, Толибон танҳову танҳо ҳукумат карда наметавонанд. Дурурст аст, ки онҳо аз гӯшаҳои мухталифи Афғонистон мебошанд, аммо инҷо ақвом, ақшор ва синфҳои дигар низ ҳастанд. Пофишории дунё низ ба ин аст, ки Толибон бояд гурӯҳҳои дигарро низ дохили давлат бикунанд.

М. Қосимов: - Ҳоло чӣ гунае, ки хабар доред, Толибон дар гӯшаҳои мухталиф ҳамон андешаҳои суннатии худро амалӣ карда истодаанд. Ба мардум фишор оварда, онҳоро маҷбур карда истодаанд, ки риш бимонанд ва занҳоро намегузоранд, ба берун бароянд. Дар Кобул ҳоло онҳо синфи бачаҳоро аз духтарҳо ҷудо карданд. Ин нишонаи он аст, ки боз онҳо ба шеваҳои қаблии худ муътақид ҳастанд. Яъне инҳо шеваҳои ҷаҳоншумулро аҳамият намедиҳанд ва бинобар ин, фикри гузаштаи худро доранд. Аз ин рӯ, табиист, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин осонӣ Толибонро намешиносад. Дар давлатдорӣ онҳо чӣ мушкилот доранд?

Файзуллоҳ Ҷалол: - Ҳоло калонтарин мушкили Афғонистон ин аст, ки бонки Афғонистон фаъолияти озод карда наметавонад. Мо як кишваре ҳастем, ки ба кӯмаки ҷомеаи ҷаҳонӣ сахт чашмдӯхтем. Бидуни кӯмакҳои ҷаҳонӣ мо ҳеҷ фаъолияте карда наметавонем ва агар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мо кӯмак накунад, кишварҳои бузург, ба монанди Амрико, Русия, Чин, Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои ҳамсоя мисли Ҳинд, Покистон, Туркия, Эрон, Арабистони Саудӣ кӯмак накунанд, Афғонистон наметавонад, ки корҳои давлатдории худро дуруст пеш бубарад.

Ҳоло кӯмакҳои байналмилалӣ бо Толибон шакли шартиро ба худ гирифтааст. Мегӯянд, ки мо ба як шарт шуморо ба расмият мешиносем, шумо бояд ҳуқуқи башарии мардумро дар назар бигиред, шумо ҳукумати мушориктӣ бисозед, шумо қонунро ҳоким бисозед, шумо ба риши мардуму аҳволи шахсии мардум ғараз нагиред ва шумо занонро дар қудрат мушорикат бидиҳед ва Толибон ҳанӯз дар ин масъалаҳо мушкилот доранд. Инҳо ҳама мушкилотест, ки ояндаи ҳукумати Толибонро зери суол мебарад. Агар ин вазъ ҳамин тавр идома биёбад, инҳо чӣ тавр метавонанд, ки урду, пулис ва амнияти худро бисозанд? Инҳо ба ҳаёти сиёсии худ идома дода наметавонанд.

Худ медонед, ки имрӯз ҳеҷ давлате ба танҳоӣ ҳеҷ коре карда наметавонад. Давлатҳо ҷузъи як хонаводаи муштарак ҳастанд ва бинобар ин, кӯмаки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бошад. Дунёи мо дунёи иртибот аст. Биноан, иртиботе набошад инҳо кореро пеш бурда наметавонанд. Ҳоло ҷангҳои кӯчаке, ки дар Панҷшеру Андароб аст, оҳиста – оҳиста боз густариш меёбад.

Мушкилоти дохилии Толибон ин аст, ки ҳоло онҳо мафкураҳои гуногун доранд, баъзеи онҳо дар вобастагиҳои бисёр танготанг бо Покистон ба сар мебаранд. Ҳоло Толибони Покистон аз инҳо тақозо доранд, ки мо дар Афғонистон шуморо кӯмак карда ҳукумати Ашраф Ғаниро сарнагун кардем ва инак вақти он аст, ки шумо моро кӯмак кунед, то мо низ дар Покистон мубориза кунем ва давлати Покистонро сарнагун кунем. Инҳо даҳҳо ва садҳо мушкилотест, ки имрӯз домангири Толибон мебошанд ва ин мушкилот дар ҷомеаи ҷаҳонӣ саволҳои ҷиддиро ба вуҷуд овардааст, ки инҳо воқеан ба ҳаёти сиёсии худ идома дода метавонанд ё не?

М. Қосимов: - Гароиши Толибон имрӯз ба ғайр аз Покистон боз ба кадом кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ бештар аст? Яъне Толибон бо кадомин кишвар ҳамкории танготанги сиёсӣ доранд? Дар ин росто Русия ё Чин ва ғайра бо Толиб бо кадом манфиат ҳамкорӣ мекунанд ва ҳамкории онҳо то кадом андоза давомдор хоҳад буд?

Файзуллоҳ Ҷалол: - Бо шинохте, ки аз Толибон дорам, русҳо сахт иштибоҳ мекунанд. Толибон аз Русия ва Чин шуда наметавонанд. Бале муқобили Амрико меҷангиданд ва дар ин муқобил ба ҳимояти душманони НАТО ва душманони Амрико ниёз доштанд. Толибон аз ин фурсати тиллоӣ истифода карда, дар натиҷа ҳимояи Русия ва Чинро ба даст оварданд. Аммо аз назари эътиқодӣ инҳо ба ҳеҷ ваҷҳ бо Русия давомдор дӯст буда наметавонанд. Ҳатто бо Чин. Як теъдод уйғуриҳо, ки барои озодии Синхуани Чин мубориза мекунанд, дар байни Толибон ҳастанд ва равобити бисёр танготанг бо Толибон доранд. Як таъдоде аз исломгароҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Озорбойҷон ва ҳатто Чеченистону Доғистон низ ҳамроҳи Толибон бар зидди НАТО ва Амрико ҷангиданд. Албатта ин гурӯҳҳо дар Осиёи Марказӣ хостаҳои худро доранд, ки ин хостаҳои онҳо дар ин минтақа муқобили манфиати Русия қарор мегирад. Ҳеҷ вақт ва дар дарозмуддат Толибон бо Русия дӯст буда наметавонанд. Чароки инҳо аз худ фикр, барнома ва стратегия доранд. Дар як мақтаъ рус аз инҳо истифода кард ва дар мақтаъи дигар инҳо аз рус истифода карданд. Ҳоло дар Маскав ин фикр хато аст, ки Толибон гӯё аз онҳо бошанд.

М. Қосимов: - Пас Толибон аз кӣ мебошанд?

Файзуллоҳ Ҷалол: - Толибон пайвандҳои бисёр амиқи идеологӣ, ормонӣ ва фикрӣ бо Покистон, бо Арабистони Саудӣ ва ҳатто бо Туркия доранд. Инҳо аз нигоҳи идеологӣ бисёр родикал, суннатгаро ва мазҳабӣ ҳастанд. Шояд баъдан дар Осиёи Марказӣ аз гурӯҳҳои радикалии ин минтақа ҷонибдорӣ кунанд. Бинобар ин, ин бозиҳо бозиҳои фаслии сиёсӣ аст, ки ҳар кас кӯшиш мекунад, то аз замон ва фасл истифода кунад. Толибон ба эътиқодоте, ки доранд бо русҳо дар дарозмуддат наметавонанд, ки дӯст бошанд. Шумо дидед, ки Вазири корҳои хориҷии Покистон бисёр талош кард, ки дунё Толибонро ба расмият бишиносад ва ҳанӯз ҳам ин талошҳо ҷараён дорад. Биноан, ҳанӯз ҳам чӣ дар Вазорати хориҷаи Покистон, чӣ дар амнияти Покистон алоқамандии Толибон ба Покистон аст ва алоқамандии Покистон ҳам бо Толибост. Чин ҳам, ки алоқамандӣ дорад, дар иртибот бо Покистон аст. Чун Чин Покистонро дар муқобили Ҳинд ҳимоя мекунад. Дар ин росто Чин мехоҳад қарордодҳои бисёр бузурги иқтисодиро, ки дар гузашта Амрико аз Чин гирифта буд, аз нав роҳандозӣ кунад.

М. Қосимов: - Овозаҳо ҳаст, ки чиноиҳо ба Багром меоянд. Яъне чиноиҳо мехоҳанд, ки ҷойи Амрикоро бигиранд. Табиист, ки ин ҳолат барои Амрико хушоянд нест. Шумо чӣ назар доред, оё дили Амрико боз ба Багром кашол хоҳад шуд?

Файзуллоҳ Ҷалол: - Ин албатта барои амрикоиҳо як сардарди калон аст. Онҳо намехоҳанд, ки Чин ба он пойгоҳи низомиашон соҳибӣ кунад. Бинобар мавқеияти геопалитикӣ, геостратегӣ ва геоиқтисодии Афғонистон инро Амрико ба ҳеҷ ваҷҳ қабул намекунад. Бинобар ин, амрикоиҳо бубинанд, ки вазъ боз харобтар мешавад, ба Афғонистон бармегарданд. Афғонистон бисёр як мавқеи сиёсӣ ва иқтисодии барҷаста дорад, яъне ин кишвар як даҳлези иқтисодӣ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ аст ва бинобар ин, Амрико ин бозиҳои ҷадиди сиёсиро даст зери алоша тамошо намекунад.

М. Қосимов: - Русҳо аз ин фурсат чӣ гуна истифода кардан мехоҳанд? Ҳанӯз пурра мушаххас нест, ки русҳо аслан чӣ мехоҳанд?

Файзуллоҳ Ҷалол: - Бидуни шак русҳо низ аз ин фурсат мехоҳанд, ки истифода кунанд, вале онҳо эҳтиёткорона қадам мегузоранд. Онҳо имрӯз дар шинохти Толиб каме мулоҳизакориро пеш гирифтаанд. Русҳо тарс аз он доранд, ки мабодо дар Шимол гурӯҳҳои радикалии дигар фаъолтар шуда ва як ҷанги ҷадиди навро шуруъ накунанд. Вале ба ҳар сурат, ҳам ба сурати табиӣ ва ҳам ба сурати суннатӣ Толибон бо Покистон бисёр муносибати танготанг доранд ва аз тариқи Покистон аҷолатан ҳимояи андаки Чин ва Русияро бо худ доранд.

Дуруст аст, ки Чин кӯшиш мекунад то аз ин фазо истифода намуда, қарордодҳои бисёр муҳимми стратегиро ба даст орад. Чиноиҳо медонанд, ки манфиати иқтисодии Афғонистон бисёр зиёд аст ва аз ҳамин сабаб, кӯшиш мекунанд, то ба Афғонистон соҳибӣ кунанд.

М. Қосимов: - Бо мушкилоте, ки Толибон имрӯз дар дохили худ дорад, оё ин фурсати тиллоиро барои чиноиҳо мусоид месозад ё не? Ҳамчунин, кишварҳои ҷаҳонӣ Толибонро то чӣ андоза ба расмият мешиносанд?

Файзуллоҳ Ҷалол: - Қудрат дар Афғонистон бо масоили минтақавӣ ва ба масоили ҷаҳонӣ иртибот дорад. Мавзӯи Афғонистон бо рақобатҳои шадиди Амрикову Чин, Амрикову Русия, Покистону Ҳинд ва ғайра иртибот дорад. Қудрати Афғонистон бо манфиатҳои дар Осиёи Марказӣ буда, иртиботи сахт дорад. Ҳамчунин, қудрати Афғонистон бо манфиатҳои Ҷануби Осиё иртиботи боз ҳам қавӣ дошта, ба масъалаи Халиҷи Форс ва мавзӯи Ховари Миёна бастагӣ дорад.

Русия ғофил аз он аст, ки Покистон дар ниҳояташ бидуни иҷозаи Ингилис коре карда наметавонад. Дуруст аст, ки муносибаташ бо Русия хуб шудааст ва муносибати иқтисодии калон бо Чин дорад, аммо дар тору пуди Покистон ингилисҳо ҳоким ҳастанд. Ингилисҳо дар навбати худ шарики стратегии Амрико ҳастанд. Ба ҳар сурат ин масъалаҳоро нодида гирифтан хатост.

М. Қосимов: - Агар Толибон ҷангро дар Панҷшер давом бидиҳанд ба чӣ ҳолат рӯ ба рӯ хоҳанд шуд?

Файзуллоҳ Ҷалол: - Толибон агар дар ин масъала сарсахтӣ нишон бидиҳанд ва бихоҳанд, ки мушкилро аз роҳи зӯр ҳал кунанд, ба нитиҷае нахоҳанд расид. Боварӣ дорам, ки дар сурати давом бахшидан ба ҷанг дар Панҷшер ва Андароб онҳо боз ба мушкилоти дигар мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

М. Қосимов: - Барои манфиати давомдор Русия бояд бо кадом гурӯҳ ҳамкории густурда дошта бошад?

Файзуллоҳ Ҷалол: - Русия бидуни шак як қудрати бисёр бузург аст ва рақиби асосии Амрико ба ҳисоб меравад. Баъзеҳо мегӯянд, ки рақиби Амрико Чин аст, аммо бовари ман ин аст, ки Чин ҳанӯз аз назари низомӣ ба мисли Русия дар дунё таборӯз накардааст. Ҳатто худи Чин ҳам аз назари низомӣ ба Русия муттакӣ аст. Қудрати низомӣ ва мошини низомии Русия ин кишварро ба қудрати бузурги ҷаҳон табдил кардааст. Бинобар ин, Русия манфиатҳои худро дида ором – ором бозӣ мекунад. Агар ин кишвар дирӯз бо нерӯҳои Шимол робита дошт, манфиаташ буд ва агар имрӯз бо Толибон робита дорад, боз ҳам манфиаташ ҳаст ва фардо ҳам дар миёни ин ду манфиати худро дида, амал мекунад. Русия шояд кӯшиш бикунад, ки бо ҳарду тараф иртиботи худро мустақим ва ғайримустақим ҳифз кунад. Агар бо Толибон аз тариқи Покистон ҳифз мекунад, бо мухолифини Толибон аз тариқи Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Ҳинд мумкин аст, ки ҳифз бикунад. Русия намехоҳад, ки як тарафро сад фисад таъид бикунад ва як тарафи дигарро ба кулли ба ёди фаромӯшӣ бисупорад. Русия аз таркиби қавмии Афғонистон ва ҳассосиятҳои Афғонистон, ки ҷиддитар аз масоили мазҳабӣ аст, огоҳӣ дорад. Русия ҳатто ҷиддитар аз Инглис Афғонистон ва минтақаро хуб мешиносад. Русия медонад, Афғонистоне, ки бо Русия душман бошад, барои ӯ мушкилоти гуногун эҷод мекунад.

М. Қосимов: - Шумо ба чӣ бовар ҳастед, Русия ба кадом нерӯҳо дилгарм аст?

Файзуллоҳ Ҷалол: - Ман бар он назарам, ки Русия дар даруни дил бо нерӯҳое, ки дар Шимол мустақаранду ва парокандаанд алоқаманд аст. Чароки тамоми фаъолиятҳои солҳои охири Русия дар иртибот бо ҳамин нерӯҳо будааст, ба монанди нерӯҳои Ҳизби демократики Парчам, Ҷараёни Ҳизби Ваҳдат, Гурӯҳи кор, Тоҳири Бадахшӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд. Аммо Русия ҳимояи худро ба ин соддагӣ шояд зоҳир накунад.

М. Қосимов: - Дар бораи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ чӣ таҳқиқ доред? Чаро кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ, шояд Русия, Эрон, Ҳинд, Фаронса, Олмон ва ғайра ба таври ошкоро аз фаъолиятҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер ва умуман Афғонистон ҷонибдорӣ намекунанд ва фаъолиятҳои ин нерӯро нодида мегиранд?

Файзуллоҳ Ҷалол: - Мехоҳам дар бораи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бигӯям, ки агар воқеан масъала - Афғонистон бошаду мардуми он, табиист, ки дар ин ҳаракат оҳиста – оҳиста ӯзбекон, ҳазораҳо ва тоҷикони дигар минтақаҳо саҳм мегиранд. Ман бовар дорам, ки оҳиста – оҳиста норизоиятиҳо бештар мешавад ва хостаҳои ӯзбекҳову ҳазораҳо бароварда нашуда, ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ гароиш зиёд мегардад. Дар натиҷа боварӣ дорам, ки инҳо бо андак тағйир дар дохили худ оҳиста – оҳиста ҳимояи кишварҳои дунёро ба даст меоранд. Яъне ин ба хирад ва ҳушёрии сиёсии онҳо иртибот дорад. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ агар “ман”, “ман” нагуфтаву “мо” бигӯянд, бовар дорам, ки дар зудтарин фурсат таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро аз нигоҳи сиёсӣ ба худ ҷалб менамояд.

М. Қосимов: - Оё Шумо фикр намекунед, ки ҳокимияти Толибон ба тақвият ёфтани гурӯҳҳои радикалии мазҳабии дигар, ба монанди ДОИШ, Ал – Қоида ва ғайра фазора ба вуҷуд меорад?

Файзуллоҳ Ҷалол: - Ҳамаи масъала мисли як сандуқи сарбаста аст. Ҳоло оҳиста – оҳиста ин масоил маълум мешавад. Яъне ҳанӯз хаткашиҳо рӯшан нест. Ҳоло маълум нест, ки кӣ ҳамроҳи ДОИШ робита дорад ва ё бар зидди ин гурӯҳ аст? Ҳоло бибинем, ки ҳомиёни Ал-Қоида мутлақ ҳоким мешаванд ва ё душманони он. Ман бовар надорам, ки Ал-Қоида аз ин фазову фурсат даст кашида бошад. Бовари ман ин аст, ки ҳар як гурӯҳҳои ба Толиб монанд аз ин фазо барои тақвияти худ истифодаи густурда мекунанд. Яъне ин масъалаҳо дар даруни дег ҷӯшида равон аст ва ҳоло бубинем, ки аз даруни ин дег чӣ берун меояд. Ин ҳолат бастагӣ ба авзои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дорад. Маънои ин он аст, ки агар Толибон ҳимояи дунёро ба даст биорад, баъдан ин гуна шартҳоро мувоҷеҳ мешавад.

Сухани воқеӣ ин аст, ки дунё дигар дар торикӣ сиёсат намекунад. Дунё пойи худро дар як ҷойе мемонад, ки ғарқ нашавад. Дунё мехоҳад, ки бо як шинохт манфиати худ ва манфиати мардуми Афғонистонро (дар қадами дувум) таъмин кунад. Аммо дунё чӣ Русия, чӣ Чин, чӣ Амрико, чӣ Аврупо, чӣ Туркия, чӣ Ҳинд, чӣ Ӯзбекистон, чӣ Эрон, чӣ Арабистони Саудӣ, чӣ Покистон ҳар кишварро, ки мебинем барояш манфиатҳои худаш матраҳ аст. Афғонистон пур аз манфиатҳост.

Дар даруни Толиб ифлосиҳои зиёд дар пай аст. Инҷо фақат пирӯзии Толиб нест, пирӯзии Толиб ин чизи кучак аст. Аммо Толиб барои фазои печидаи сиёсӣ ва ноамнии дигар васила аст. Ҳоли ҳозир Ал-Қоида баргашт ва ҳамчунин сарбозгирии ДОИШ дар Афғонистон шурӯъ шуд.

М. Қосимов: - Бархе коршиносони амрикоӣ бар он назаранд, ки солҳои баъд Афғонистон таҷзия мешавад. Ин ҳолатҳо то чӣ андоза барои таҷзияи ин кишвар дар солҳои баъд замина шуда метавонад?

Файзуллоҳ Ҷалол: - Як чизро ба Шумо бояд бигӯям, ки хушбахтона гурӯҳҳои хирадманд ва афроди огоҳ дар Афғонистон қатъан тарафдори таҷзия нестанд. Мо барои адолат мубориза намудем, на барои таҷзия. Мо аз таҷзия нафрат дорем ва мушкилоти онро ҳам медонем, ки таҷзияи Афғонистон мушкилоти калонро дар минтақа ба вуҷуд меорад. Масалан, дар тамоми манотиқи Афғонистон тоҷикон сукунат доранд, пас ҳангоми таҷзия аҳволи онҳо чӣ мешавад? Агар Афғонистон таҷзия шавад ин масъала ба Бухоро, Самарқанд, Андиҷон ва ғайра иртибот мегирад. Бинобар ин, мо солҳои дигар дар як ҷанҷоли ҷадид хоҳем сӯхт.

Хулоса мо тарафдори таҷзияи Афғонистон нестем, вале дар навбати худ тарафдори зӯргӯйӣ ва иқтидори як қавм, як гурӯҳ ва як синфи хос ҳам нестем. Мо барои адолат, ҳукумати мушорикати миллӣ, ҳукумати Ваҳдати миллӣ мубориза мекунем. Таҷзия як ҷанги тозаи дигар дар дохили Афғонистон аст.

М. Қосимов: - Имрӯз ба вазъи феълии Афғонистон хомӯш истодани кишварҳо чӣ маънои сиёсӣ дорад?

Файзуллоҳ Ҷалол: - Маънояш ин аст, ҳанӯз маълум нест, ки аз ин деги сиёсӣ чӣ мебарояд: палов, шӯрбо, шула ё чизи дигар. Кулли дунё ҳайрон мондааст, ки бо ин Толибон чӣ кунанд. Ҳама кишварҳои дунё эҳтиёт доранд, ки боз мабодо гуноҳи нобахшиданиро муртакиб нашаванд. Амрико як коре кард, ки ҳамаро машкук мононд. Амрико бидуни иҷозаи мардуми Афғонистон омад ва бидуни иҷозаи мардум беҷову бемавқеъ рафт. Ҳатто бо СММ ҳам машвара накард.

Бинобар ин, агар Шумо ҳам ба ҷойи Путин, ба ҷойи Садри аъзами Ҳинд ва ё дигар сиёсатмадорҳои дунё бошед, ҳайрон мемонед, ки чӣ кор кунед. Ҳатто Покистон ба ҷуръат гуфта наметавонад, ки ҳукумати Толибонро ба расмият бишиносед. Дар тамоми дунё дар мавриди Афғонистон назари воҳид вуҷуд надорад. Яъне ин масъаларо замон ҳал мекунад ва замон қудрат аст. Мавзеъгириҳои кишварҳо оҳиста – оҳиста маълум мешавад. Дар Афғонистон як қавм ҳукумат карданаш номумкин аст.

М. Қосимов: - Ташккур устод.


Иброҳим Усмонов: “Интернет хатарноктарин навъи журналистика аст”

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед