Ru  | Tj
Сиёсати расмии Тоҷикистон дар баробари Толибон
Сиёсати расмии Тоҷикистон дар баробари Толибон
Аксҳо: Аз Интернет

Сиёсати расмии Тоҷикистон дар баробари Толибон

Нашр шуд

Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як сӯҳбат бо хабарнигорон боз таъкид кардааст, ки мавзеъгирии Тоҷикистон оид ба Толибон* тағйир наёфтааст. Вай изҳори умедворӣ кардааст, ки Толибон амалан омодагии худро барои музокира бо раҳбарони тамоми гурӯҳҳои сиёсӣ ва этникӣ нишон хоҳанд дод.

Вай дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе, 2 -уми феврал дар нишасти хабарӣ дар Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон изҳори назар кард ва гуфт, “ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Толибон хостори ташкили ҳукумати воқеии фарогир аст”.

Дар робита ба таъмини амният дар марзи кишвар бо Афғонистон гуфт, Тоҷикистон барои таҳкими марзҳои ҷанубии худ, аз ҷумла дар машварат ва ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар, ки аз он ном набурд, "тадбирҳои зарурӣ" меандешад.

Қаблан Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти маҷозии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) пешниҳод карда буд, ки “камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон бунёд шавад”. Дар ҳамин ҳол, Владимир Путин, Сарвари давлати Русия, дар як конфронси видеоӣ бо ишора ба нооромиҳои ахири Қазоқистон гуфт, "Русия ҳеҷ гоҳ иҷоза намедиҳад, ки дар минтақа инқилоб шавад."

Тоҷикистон ба марзи худ бо Афғонистон чандин сарбози изофӣ фиристодааст.

Нерӯҳои мусаллаҳи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар моҳи октябр нахустин бор дар наздикии марзи Афғонистон як тамрини бузурги низомӣ баргузор карданд. Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон зимни эълони сиёсати расмии давлат дар қиболи ҳукумати Толибон таъкид кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҳарчӣ зудтар ба ҳалли бӯҳрони шадиди башардӯстона дар Афғонистон таваҷҷӯҳ кунад, ки дар он Тоҷикистон инфрасохтори нақлиётии худ, аз ҷумла шаш пул дар гузаргоҳи марзии Афғонистонро бунёд хоҳад кард, то кӯмакҳои башардӯстонаи  созмонҳои байналмилалиро ба Афғонистон расонад.

Ҷаноби Вазир гуфт, Тоҷикистон интиқоли барқро пайваста ба вилоятҳои шимолии Афғонистон ва шаҳри Кобул идома медиҳад.

Бино ба гузоришҳо, ширкати Барқи тоҷик дар соли 2021 ба Афғонистон ба маблағи беш аз 56 миллион доллар нерӯи барқ ​​содир кардааст, дар ҳоле, ки ширкати миллии барқи Афғонистон - Брешна аз Тоҷикистон 33 миллион доллар қарздор будааст.

Тоҷикистон яке аз се ҷумҳурии ҳаммарзи Осиёи Марказӣ бо Афғонистон аст, ки дар масофаи 1400 километр аз Афғонистон воқеъ буда ва шумори зиёди паноҳандагон пас аз тасарруфи вилоятҳои шимолӣ тавассути Толибон ба Тоҷикистон фирор карданд.

Бар асоси омори расмии ҳукумат, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 3000 хонаводаи паноҳҷӯёни афғон ба сар мебаранд.

Вазорати хориҷа шумори умумии паноҳҷӯёни афғон дар ин кишварро беш аз 15 000 нафар медонад.

Шуморе аз паноҳҷӯёни афғон муваққатан дар ин кишвар ба сар мебаранд, то аз кишвари саввум паноҳандагӣ гиранд. 

Тоҷикистон аз замони ба қудрат расидани Толибон марзҳояшро бо  Афғонистон баст ва барои амният тадобири заруриро роҳандозӣ кард.

Вазири корҳои хориҷа  дар ин бора ба хабарнигорон чунин гуфт: "Ба далели амният мо наметавонем марзҳоро боз кунем, зеро унсурҳои террористӣ метавонанд бо баҳонаи паноҳандагӣ вориди кишвари мо шаванд".

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин гуфт, ки агар дар Афғонистон ҳукумати фарогир ва ҳамашумул сохта шавад, сиёсати Тоҷикистон нисбати ин кишвар аз сар гирифта хоҳад шуд. 

*Толибон – Ҳаракати террористии фаъолияташ  мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон


Ҳамкории Русия ва Тоҷикистон: Иқтидори лоиҳаҳои башардӯстона ва ҷавонон




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед