Ru  | Tj
Манижа Баҳра: “Ба ҳар чиз мешавад одат кард, илло фақр”
Манижа Баҳра: “Ба ҳар чиз мешавад одат кард, илло фақр”
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Манижа Баҳра: “Ба ҳар чиз мешавад одат кард, илло фақр”

Нашр шуд

Ба гузориши СММ беш аз 90 дарсади мардуми Афғонистон имрӯзҳо дар фақру бечорагӣ ба сар мебаранд. Вазъи иҷтимоии Афғонистон рӯз ба рӯз бадтар шуда ва мардум кӯшиши тарки ҳарчи зудтари кишварро дар сар доранд. Бо чанд моҳи ҳукумати Толибон ҳанӯз дари макотибу донишгоҳҳо ба рӯйи муҳассилин боз нашудааст. Ҳуқуқи занон ва ҳуқуқи ақаллиятҳо дар ин кишвар поймол карда мешавад. Аз ин вазъи бади иҷтимоиву иҷтисодӣ мардум ва хосатан бонувони Афғонистон пайваста норизоиятии худро ба воситаи ташкили эътирозҳо ба гӯши ҷомеаи ҷаҳонӣ мерасонанд, аммо то ҳанӯз ҳеҷ яке аз созмонҳои ҷаҳонии ҳимояи мардум ба доди онҳо нарасидаанд. Дар бораи ин баҳсҳо ва умуман зиндагиву ранҷҳои мардумони оддии Афғонистон бо устоди Донишгоҳи Ҳирот Манижа Баҳра сӯҳбат намудем. 

- Манижа, ҳоло дар Афғонистон мардум дар кадом шароит зиндагонӣ мекунанд ва Шумо ин вазъияти маваҷудаи иҷтимоиро чӣ гуна тавзеҳ медиҳед?

- Тавзеҳи вазъияти Афғонистон дар тӯли ин чор моҳи охир пас аз суқути давлати қаблӣ ва ҳокимияти Толибон дар Афғонистон ба ҳар ҳол аз сӯйи расонаҳо инъикос мегардад. Яъне, ҷаҳон аз ин вазъият огоҳ буда ва дар ҷараён ҳаст, ки имрӯз дар Афғонистон чӣ мегузарад. Вале мехоҳам ба гунаи куллӣ ба вижа дар мавриди таҳсилу тадрис бигӯям. Пас аз ҳокимияти Толибон дар Афғонистон аввалин нишонае ки гирифта шуд, ба қасди таълиму тадриси духтархонумҳо буд, ки мо ҳанӯз шоҳиди бозгушоии макотиб дар Афғонистон нестем. Ҳоло танҳо чандто аз мактаб дар бархе аз шаҳрҳо боз шуда,  аммо дари бисёре аз мактабҳо ҳамчунон дар Афғонистон баста гардидааст. Дар боби донишгоҳҳо низ ҳамин ҳолат ба чашм мехӯрад.

- Имрӯзҳо мо шоҳид ҳастем, ки занҳои Афғонистон аз нақзи ҳуқуқҳои худ аз ҷониби Толибон зиёд мегӯянд ва ҳатто дар баъзе аз манотиқи Афғонистон ба эътирозҳо даст заданд. Кӯшиши онҳо оё натиҷаеро ба бор овард?

- Бояд бигӯям, ки занон дар баданаи ин ҳукумат ҳанӯз натавонистанд, ки ҷой бигаранд ва дар кобинаи Толибон ҳеҷ зане ҳузур надорад. Ҳарчанд онҳо мегӯянд, ки ҳеҷ мамониате дар боби таҳсили хонумҳо вуҷуд надорад, аммо мо аз онҳо чунин ҳолатеро шоҳид нестем. Яъне, мо феълан ҳеҷ навъ амалеро дар мавриди ҳузури занон дар бахшҳои мухталифи ҷомеа, ба вижа дар арсаи сиёсат намебинем. 

- Шумо гуфтед, бархе аз мактабҳо ба кор шурӯъ карданд. Он кадом мактабҳо буданд ва чӣ гуна дари ин мактабҳо аз ҷониби Толибон бозгушоӣ шуд ва ё эътирозе аз сӯйи мардум ба вуқӯъ пайваст?

- Як нуктаро дар мавриди шурӯъи баъзе аз макотиб ба дарсҳо бояд бигӯям. Теъдоде аз мудирони макотиб ва бузургони як шаҳр тақозо карданд, ки дарҳои макотибро боз кунанд. Ба таври мисол, дар Ҳирот таъдоде аз мудирони макотиб ва теъдоде аз хонаводаҳо бо ҳам якҷо шуданд ва ҷаласае ташкил доданд ва тасмим гирифта шуд, ки ҳузури духтарон дар мактаб бояд бошад. Яъне, ин сабаб шуд, ки баъзе аз мактабҳо дар Ҳирот бозгушоӣ шавад ва ин бозгушоӣ ҳам муваққат буд. Ба ин маънӣ, ки танҳо дар ҳадди 10 рӯз мактабҳо ба дарсҳо шурӯъ карданд. Вале  ба таври мушаххас ва ба таври расмӣ аз ҷониби ҳукумати Толибон  ҳеҷ навъ фармоне дар мавриди бозгушоӣ ба миён наомада буд. Толибон иддао карда буданд, ки амнияти шогирдонро наметавонанд, ки таъмин кунанд. Ин дағдағаҳо сабаб шуд, то дубора баъди 10 рӯзи фаъолият мактабҳо боз таътил эълон карданд. 

Ҳамчунин, бояд гуфт, ки бахши бисёр кӯчаки маоши муаллимон пардохт шудааст ва ҳоло ҳукумати Толибон тавони пардохти  маошро надорад. Ҳардуи ин масъала сабаб шудааст, ки дари мактабҳо баста шавад.

- Дар ин бора ҳарфи Толибон барои мардум чӣ аст ва ба ин ҳолат занони Афғонистон чӣ бархӯрд доранд?

- Аввал ин ки Толибон иддао доранд, барои бозгушоии макотиб, донишгоҳҳо ва ҳузури хонумҳо дар идораҳои давлатӣ ба дунболи тасвиби як тарҳи ниҳоӣ ҳастанд, ки дар чаҳорчӯби шариати исломӣ бошад. Дар тӯли ин чанд моҳе, ки Толибон дар Афғонистон ҳукумат пайдо карданд, ҳеҷ навъ маълумоти дақиқе барои мардум дода нашуд. Аз тарафи дигар дар мавриди он, ки фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам болои Толибон ҳоким аст ва кӯмакҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои Афғонистон масдуд шудааст. Яъне ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ба инобат гирифтани нақзи ҳуқуқи башар ба вижа ҳуқуқи занон дар Афғонистон кӯмакҳои худро ба Афғонистон бисёр кам кардаанд. Яъне, ман гуфтан мехоҳам, ки тамоми мардуми Афғонистон аз ин вазъият зарар диданд ва дар ин миён хонумҳо бештар. 

- Дар чанд моҳи охир ҳузури занон ҳатто дар кӯчаҳо ҳам бисёр кам ба чашм мерасад. Ин ҳолат ба ояндаи занони Афғонистон чӣ таъсир дорад?

- Вазъияти охир чунин шуда, ки Афғонистон ба як ҷомеаи мардмеҳвар рӯ ба рӯ гардидааст. Озодии хонумҳо дар Афғонистон маҳудуд аст ва ба ҳамин хотир мардҳо зиёдтар дар ҷомеа ҳузур доранд ва ин сабаб мегардад, ки  оҳиста – оҳиста занон дар ҳошия қарор бигиранд.

- Оё дар байни он эътирозгарон дар мавриди бозгушоии мактабҳо дар Афғонистон занон низ буданд?

- Бояд бигӯям,аксари он нафароне, ки дар ин эътирозҳо иштирок карданд, хонумҳо буданд. 

- Ҳоло рӯҳияи мардум аз ҳолати бавуҷудомада дар Афғонистон, хусусан рӯҳияи муаллимону мударрисони шаҳри Ҳирот дар кадом ҳолат аст?

- Як рӯҳияе, ки дар кулли Афғонистон ҳоким аст, масъалаи фақр аст. Мутаассифона,тамоми мардуми Афғонистон бо ин мушкил дасту панҷа нарм мекунанд ва дар ин миён муаллимоне, ки танҳо аз тариқи маош зиндагии худро пеш мебурданд, вазъияти зиндагии онҳо дар тӯли ин 4-5 моҳ, ки маош пардохт нашуд, муаллақ монда ва дар вазъияти бади иқтисодӣ қарор дорад. 

Ин рӯҳия як рӯҳияи нигаронкунанда аст, чун аз як сӯ фақри шадид дар кулли Афғонистон паҳн шудааст. Яъне, бештар аз 97 фисади мардуми Афғонистон дар фақр зиндагонӣ мекунанд. Ин ҳолат сабаб гардидааст, ки нигаронии зиёд дар байни табақаи мардуми зиёд ҳам ба вуҷуд биояд. Масъалаи дигар ин ояндаи таҳсили фарзандон аст, ки мардуми бисёр дар ин маврид  ранҷ мекашанд ва нигаронанд, чун фарзандони онҳо бидуни таълим дар фазои ҷангу нооромӣ ба сар мебаранд. Аз ин сабаб, аксари мардум имрӯзҳо ба ҳар роҳу васила кишварашонро тарк карда истодаанд ва онҳое, ки боқӣ мондаанд, ҳолати равонии бисёр баде доранд. 

- Бештар аз ҳама кадом табақаи шаҳри Ҳирот Афғонистонро тарк карданд? 

- Дар падидаи фирори мағзҳо мо бо табақаи матавассит рӯ ба рӯ будем. Табақаи босавод, таҳсилкарда ва соҳиби шуғлу пойгоҳи иҷтимоӣ маҷбур шуданд, ки ин кишварро тарк кунанд. Бештари нафароне, ки аз ин ҷо рафтанд, афроди табақаи мутавассит ва афроди босаводи ин кишвар буданд ва дар канори ин сармояҳо ҳам аз Афғонистон фирор  карданд. Ба ин маънӣ, аксари тоҷирон бо истифодаи имконият кӯшиш карданд, ки Афғонистонро тарк кунанд. Яъне, бештари оморе, ки Афғонистонро тарк карданд, ҳамин ду гурӯҳ мебошанд. 

- Шумо ба унвони як шаҳрванд ва як зани Афғонистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ чӣ паём доред?

- Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври куллӣ ва ба таври возеҳу рӯшан дар мавриди вазъияти ҳоким дар Афғонистон маълумоти кофӣ дар ихтиёр дорад ва ҳатто маълумоти бештару амиқтару дақиқтарро нисбат ба мардуми Афғонистон худи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба даст дорад. Худи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар такя бо намояндагоне, ки дар Афғонистон дорад, дар ҷараён аст, ки дар Афғонистон чӣ мегузарад. Яъне, ҷомеаи ҷаҳонӣ медонад, як кишваре, ки дар он Толибон ҳукмронӣ доранд, ба чӣ мушкилиҳо рӯ ба рӯ мебошад. 

Аммо боиси таассуф аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди  ҷомеаи Афғонистон содиқона амал намекунад ва агар онҳо дар ин бахш содиқона амал мекарданд, ҳадди ақал имрӯз дар Афғонистон фақр камтар ба назар мерасид. Ҷомеаи ҷаҳонӣ агар мехост бо таваҷҷӯҳ ба қудрат метавонист, ки масоили иҷтимоиро, аз ҷумла таҳсили духтарон дар макотибҳоро дар Афғонистон ҳал бикунад. Аз ҷонибе ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам дар авлавият барномаҳои сиёсӣ ва дигар аҳдофи худро гузоштааст ва аз ин рӯ, намехоҳад, ки Афғонистон барои онҳо бе аҳдоф бимонад. 

Ман ба унвони як шаҳрванд мехоҳам бигӯям, дар натиҷаи ин кашмакаш ва ин муборизаи ҷаҳонӣ бо ҳукумати Толибон, ки ҷараён дорад, фақат табақаи оддии Афғонистон зарар мебинанд. Яъне, чӣ паёмади иқтисодӣ бошад ва ё чӣ паёмади иҷтимоӣ ва таълимиву тадрисӣ куллан мардум ҳастанд, ки аз он зарар мебинанд. Ман фикр мекунам то замоне, ки кашмакаш байни ҳокимияти ҷаҳонӣ ва Толибон ҳал нашавад, вазъият чунин боқӣ хоҳад монд. 

Боз бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ фишорҳои зиёдеро болои Толибон равона кунанд, то онҳо дар кори худ тағйир кунанд ва ҳамчунин бояд мардум низ пайваста эътироз кунанд, то ба ҳуқуқҳои худ дастёб гарданд.

- Ба фикри Шумо мардум ба ин ҳолат оҳиста – оҳиста одат мекунанд ва ё то охирин нафас аз ҳуқуқҳои худ ҷонибдорӣ менамоянд? Яъне, ин ҳолат аз нигоҳи Шумо чӣ паёмад дорад?

- Ман фикр мекунам, ба ҳар чиз мешавад, ки одат кард, илло фақр. Фақре, ки имрӯз беш аз 90 дарсади Афғонистонро гиребонгир аст. Мардум наметавонанд, ки ба фақр одат кунанд. Дар сурате, ки ба ин мавзӯҳо расидагӣ нашавад, мо ба чанд паёмади бади дигар рӯ ба рӯ хоҳем буд. Мо ҳоло садҳо ҳазор нерӯи кории худро аз даст додем ва агар вазъият чунин давом кунад, ман фикр мекунам, худи Толибон бештар зарар мебинанд. Яъне, агар Толибон натавонанд, ки ниёзҳои мардумро бароварда бисозанд ва натавонанд ба хостаҳои мардум бирасанд, рӯз ба рӯз норизоиятии мардум насбат ба ҳукумат бештар мешавад ва вақте ки ин норизоиятӣ бештар шуд, мушаххас аст, ки мардум аз қудрати ҷамъии худ истифода мекунанд ва эътирози сахти сиёсӣ эҷод менамоянд. Ба ҳамин хотир, ҳоло мебинем, ки эътирозҳои гуфторӣ ва навишторӣ вуҷуд дорад. Ҳатто эътирозҳои рафторӣ ҳам дар ин авохир зиёд шудааст ва мавҷи ин эътирозҳо ҳамагӣ ба хотири ин аст, ки ниёзҳои эътирозгарон ҳанӯз бароварда нашудааст. Яъне, дар сурати бароварда нашудани эътирозҳо мо шоҳиди афзоиши эътирозҳо дар байни мардум хоҳем буд ва ин сабаб мешавад, ки қабл аз ҳама худи Толибон зарар бубинанд.  

- Чӣ гунае ки шоҳид ҳастем, имрӯзҳо аксари расонаҳои дунё ба мавзӯи Афғонистон рӯ овардаанд. Дар мавриди баррасии мавзӯҳои Афғонистон аз ҷониби расонаҳои дунё чӣ назар доред?

- Дар мавриди озодии амали расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҳеҷ яке аз расонаҳо масоили ҳақиқии Афғонистонро бозтоб намекунанд. Расонаҳои хориҷӣ, мутаассифона вазъиятро яктарафи бозтоб медиҳанд ва ончуноне мегӯянд, ки ба нафъи сиёсии онҳост. Дар аксари маворид воқеиятҳо таҳриф мешавад. Ва аз сӯйи дигар расонаҳои дохилӣ феълан таҳти ҳокимияти Толибон қарор доранд ва боз ҳам ба сензураи  баъзе аз воқеиятҳо мепардозанд. Яъне, бештари мушкилиҳоро онҳо баррасӣ намекунанд ва аз вазъи иҷтимоӣ камтар хабару барномаҳо нашр мекунанд. Ҳоло фаъолияти расонаҳо ба тавре маҳдуд аст ва на ҳама чиз аз рӯи ҳақиқат гуфта мешавад. Дар ин асно расонаҳои хориҷӣ низ комилан муғризона дар ин боб амал мекунанд. 

- Ба ҳар ҳол аз ҷониби бархе кишварҳо ба мардуми Афғонистон имрӯзҳо кӯмакҳое сурат мегирад. Дар мавриди расонидани ин кӯмакҳо ба мардуми ниёзманд ягон мушкилӣ мушоҳида мешавад? 

- Аввал ин ки кӯмакҳое ки сурат мегиранд, кӯмакҳои зиёд нестанд ва ин кӯмакҳо ҳеҷ навъе аз мушкилотро гиреҳгушоӣ намекунанд. Ҳамчунин, ин кӯмакҳое ки мешавад, миёни мардум одилона тақсим карда намешавад ва онгунае, ки ба мардуми ниёзманд бояд бирасад, ба онҳо расонида намешавад. Ин масоиле ҳаст, ки дар раванди кӯмакрасонӣ ба мардуми Афғонистон мо шоҳидаш ҳастем. 

- Дар охир чӣ ҳарфе доред?

Кулли дағдағаи мардуми Афғонистон ин аст, ки мо як кишвари ободу ором дошта бошем ва ин орзуи сиючанд миллион инсон дар ин кишвар аст. Яъне, мардум мехоҳанд ақаллан ба ҳуқуқи ибтидоии худ дастёб гарданд.  

- Ташаккури  зиёд!


Аз марги ӯ 26 сол гузашт. Назаре ба фаъолияти эҷодиву журналистии Муҳиддин Олимпур




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед