Ru  | Tj
Ошноӣ бо Маҳмуди Давлатободӣ: холиқи романи “Калидар” ва ҷойгоҳи он дар Тоҷикистон
Ошноӣ бо Маҳмуди Давлатободӣ: холиқи романи “Калидар” ва  ҷойгоҳи он дар Тоҷикистон
Аксҳо: Аз манбаъҳои гуногун

Ошноӣ бо Маҳмуди Давлатободӣ: холиқи романи “Калидар” ва ҷойгоҳи он дар Тоҷикистон

Нашр шуд

Маҳмуди Давлатободӣ аз барҷастатарин ва таъсиргузортарин нависандаҳои муосир аст, ки осораш ба забонҳои гуногун тарҷума шудааст. Маҳмуди Давлатободӣ тавонистааст худро дар ҷомеаи адабии ҷаҳон муаррифӣ намояд, ба гунае, ӯро “бозтобдиҳандаи ҳунарии як давра” дар ҳавзаи достоннависии форсӣ хондаанд, ки адабиёти достонии бумиву рустоиро ба авҷи шукуфоии ҳунари худ расонидааст.

Ин нависанда ба бовари бузургони адабу фарҳанг, намунаи барҷастаи адабӣ аст, ки дар осораш ҳам метавон радди пойи низоъ бар сари таҷаддуд ва навоварӣ дар фанни достоннависӣ ва ҳам мероси гузаштаи дурдастро мушоҳида кард. Беш аз 50 сол аст, ки ин нависандаи барҷаста эҷод мекунад. Бештари достонҳои ӯ сафар ба жарфо ва умқи ҷомеа аст, ки худ онро таҷриба кардааст. Адабиёти пурбори форсӣ бо таълифҳои ин нависандаи бузург ғанитар шуда, чандин филм низ бар асоси достонҳо ва филмномаҳои ӯ сохта шудаанд.


Давлатободӣ дар соли 2013 баргузидаи ҷоизаи адабии “Ён Михолский”–и Суис шуд, дар соли 2014 “Ҷоизаи шаволияи адабу ҳунари Эрон”–ро аз Сафири давлати Фаронса дар ҶИЭ дарёфт кард. Дар ин навишта кӯшидаем, то ба зиндагиномаи ҳунарӣ, сабки навишторӣ, осор ва дарунмояи осори Маҳмуди Давлатободӣ нигоҳе биандозем.

ЗИНДАГИНОМАИ МАҲМУДИ ДАВЛАТОБОДӢ

Маҳмуди Давлатбодӣ 1-уми августи соли 1940 дар рустои Давлатободи Сабзвор ба дунё омад. Кӯдакӣ ва навҷавонии ӯ бо таҳсил ва корҳои монанди каффошӣ (пойафзолдӯзӣ), салмонӣ ва коргарӣ дар деҳа сипарӣ шуд. Ӯ пас аз поёни таҳсилоти муқаддамотӣ ба Сабзвор рафт ва ба машоғили гуногун пардохт. Сипас, ба Машҳад рафт ва дар он ҷо бо синамо ва намоиш ошно шуд. Давлатободӣ соли 1961 ба Теҳрон рафт ва дар ин даврон машғулиятҳои дигаре ба мисли ҳуруфчини чопхона, салмони қассобхона, таблиғгари барномаҳои театр, танзимкунандаи синамо, ҳуруфчини рӯзномаи “Кайҳон” ва ғайраро ба уҳда гирифт.

Давлатободӣ ҳанӯз аз ҷавонӣ ба театр ошно шуд. Ӯ шаш моҳ назариявӣ ва шаш моҳи дигар амалӣ дарси театр хонд ва дар ин давра шогирди пешсаф гардид. Ӯ дар намоишҳои “Шабҳои сафеди Достоевский”, “Қуръа барои марг”, асари “Воҳа Кочо”, “Энс Манду”, “Тонян”, “Нигоҳе аз пул”-и Артур Мюллер ва осори Баҳроми Байзоӣ ва Акбар Родӣ бозӣ кард ва сипас ба гурӯҳи ҳунарии миллӣ пайваст. Ӯ дар ҳамон солҳо ба нависандагӣ пардохт. Аввалин достони ӯ ба номи “Таҳи шаб” соли 1964 дар маҷаллае дар Теҳрон мунташир шуд.


Давлатбодӣ то соли 1976 рӯйи саҳнаи театр ҳузур дошт. Охирин намоиш, ки дар он бозӣ кард “Дар аъмоқ”-и Максим Горкий буд, ки иҷоза наёфт нақши худро дар Сангруди Қазвин рӯйи саҳна иҷро кунад ва як шаб пеш аз охирин шаби иҷрои намоиш боздошт ва зиндонӣ гардид.

Маҳмуди Давлатободӣ дар соли 1973 бо Меҳрозари Моҳир издивоҷ кардааст. Маҳмуди Давлатободӣ ва Меҳрозари Моҳир соҳиби ду писар бо номҳои Сиёвуш ва Фарҳод ва як духтар бо номи Соро ҳастанд.

ҶОЙГОҲИ МАҲМУДИ ДАВЛАТОБОДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Маҳмуди Давлатободӣ барои аҳли фарҳангу адаби тоҷик ва бисёре аз алоқамандони адабиёти форсӣ дар Тоҷикистон ҳам номошно аст. Тайи наздик ба сӣ даҳа эҳёи пайвандҳои фарҳангӣ ва адабӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон қавитар шуда, бархе аз достонҳои  Маҳмуди Давлатободӣ ба кирилӣ баргардон шуда ва дар нашрияву маҷаллаҳои Тоҷикистон чоп шудааст.

Чанде аз нависандагони тоҷик саодати дидор бо Маҳмуди Давлатободӣ, нависандаи барҷастаи ҳамзабони худро доштаанд. Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон ва барандаи “Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ” яке аз онҳост.


Абдулҳамид Самад дидораш бо Маҳмуди Давлатободиро, ки даҳ сол пеш дар Эрон ба вуқӯъ пайваста буд, яке аз рӯйдодҳои муҳимми зиндагии худ медонад.

ДАРУНМОЯИ ОСОРИ МАҲМУДИ ДАВЛАТОБОДӢ

Давлатободӣ зодаи русто буда ва ранҷу машаққати мардумони рустонишинро дидаву баркашидааст. Бинобар ин, бештар аз ҳар касе тавониста, ки ин маҳоратҳоро дар зиндагии шахсиятҳои достонияш бо қалами тавоно ба эҷод бикашад. Ба дигар сухан, ҷонмоя ва мазмуни такроршавандаи бештари достонҳои вай тасвири фақр, ранҷу машаққатҳои мардумони рустонишин аст. Дар ин маврид Шамси Лангрудӣ, шоир ва пажӯҳигари Эрон дар маросиме аз Давлатободӣ чунин гуфта: 

“Ҳарчанд гуфтанаш дуруст нест, аммо хушҳолем, ки дар зиндагӣ ранҷ кашидед! Чун ранҷе кашидед, сабаб ба офариниши осоре шуд, ки ба мо зиндагӣ омӯхт ва таҳаммули мушкилотро бароямон осон кард”.

Ҳамчунин, заминаҳои таърихӣ ва иҷтимоӣ дар осори ин нависанда инъикоси барҷастае дорад ва ба қавли бархе муҳаққиқон: “Хонанда бо мутолиаи достонҳои Давлатободӣ ба вижа “Калидар” ва “Ҷойи холии Сулуч” ҳақиқати зиндагии мардумони рустоҳои ин сарзамин, бахусус Хуросонро дармеёбад”. Яъне хонанда дар матни зиндагии ин афрод ҳузур дорад ва аз наздик масоили хоси зиндагии ононро ламс мекунад.

Нуктаи дигар ин ки Давлатободӣ тавониста дар осори худ соддагӣ, сабр, қаноатро, ки аз вижагиҳои боризи мардумони рустонишин аст, ба хубӣ дар зеҳни мухотаб ба вуҷуд оварад.

САБКИ НАВИШТОРИИ ДАВЛАТОБОДӢ

Бо хондани осори Маҳмуди Давлатободӣ ва баррасии дидгоҳи мунаққидон дар бораи шеваи навиштори вай мутаваҷҷеҳ мешавем, ки ин нависандаи барҷаста дар аксари достонҳои худ пайрави сабки “реализм” аст, яъне баёни тамому камоли воқеиятҳои як моҷаро. Ӯ бо истифода аз ин сабк достонҳояшро ба қадри малмус ва воқеӣ ривоят мекунад. Яъне хонанда мепиндорад, ки ба тамошои як филм нишастааст. Албатта, радди пойи андешаҳои натуриалистӣ ва суриалистиро низ метавон дар навиштаҳои ӯ пайдо кард.


Табаҳҳури ин нависанда дар тавсифи чеҳра ва ҳолатҳои рӯҳии қаҳрамонони достонҳояш ба гунае аст, ки то муддатҳо пас аз мутолиаи достон симои ҳар як аз шахсиятҳо дар зеҳни мухотаб мемонад. Давлатободӣ дар навиштани достонҳояш аз вожагони маҳаллӣ (курдӣ ва хуросонӣ) низ дар канори вожаҳои имрӯзӣ истифода карда, ки он бар шевоии забони насри ӯ афзӯдааст.

НАҚШИ РУСТО ДАР ОСОРИ ДАВЛАТОБОДӢ

Давлатободӣ, ки кӯдакияшро дар деҳа сипарӣ карда, ба хубӣ тавонистааст, ки аз таҷрибиёт ва дидаҳояшро дар зиндагии рустоӣ дар романҳояш истифода кунад.

Ӯ тавониста соддагӣ, сабр ва қаноатро, ки аз вижагиҳои боризи мардумони русто аст, ба зебоӣ дар зеҳни хонанда тасвир кунад. Фақр ва ноогоҳӣ аз дигар мавзуотест, ки Давлатободӣ саъй карда, то дар қиболи достонҳояш ба он бипардозад. Дар дил ҳамаи сардаргумиҳо ва машаққатҳое, ки дар талош аст, нависанда ба хубӣ ба хонанда мунтақил кардааст. Метавон дар достонҳояш чашми умедро мушоҳида кард, ҳамон умеде, ки ҳамеша дар зот ва табиати русто дида мешавад.

ҲУЗУР ВА НАҚШИ ЗАНОН ДАР ОСОРИ ДАВЛАТОБОДӢ

Маҳмуди Давлатободӣ дар достонҳои худ бо нигоҳи резабинона ва дақиқ ба тасвири симои зан пардохтааст ва илова бар матраҳ кардани ҷойгоҳи занон ба унвони шахсиятҳои таъсиргузор ба тарҳи мушкилот ва масоиби онон низ пардохтааст. Дар романҳо ва достонҳои кӯтоҳи ин нависанда занон гоҳе авқот даргири хушунат ва мазлумият ва гоҳе гирифтори нобаробарии саркуб ва ҳақорат ҳастанд ва дар нақшҳои зани фидокор матраҳ мешаванд. Аз муҳимтарин осори ин нависандаи соҳибсабк, ки занон дар он ҷойгоҳи хос доранд, романи “Ҷойи холии Сулуч” ва «Калидар” аст.


Қаҳрамони аслии “Ҷойи холии Сулуч” зан аст. Давлатободӣ дар ин бора мегӯяд: “Ба чашм метавонем бибинем, ки занони мо дар ҷойҳои мухталифи Эрон корҳои душвореро анҷом медиҳанд. Дар амри кишоварзӣ ва нассоҷӣ ва ҳар саҳме, ки дар азоби зиндагӣ мебаранд ва нерӯе, ки дар муқовимат ва сахткӯшӣ дар баробари ин зиндагӣ масраф мекунанд, ҳам, ҳеч кам аз мардҳо нест. Дар ин моя кӯшиши худ ба худии ман ин буда, ки шахсияти воқеии зан ба унвони нерӯи бисёр арзанда дар корҳоям ба таҷаллӣ дарбиёяд.

МУАРРИФИИ ОСОР

“Таҳи шаб” аввалин достони Маҳмуди Давлатободӣ аст, ки дар соли 1964 дар Теҳрон ба чоп расид. Достон дар мавриди Карим ном шахсе қисса мекунад, ки дар кӯчаву паскӯчаҳои шаҳраш - Теҳрон қадам мезанад. Дар ин миён мо аз забони Карим др мавриди фақре, ки ҷомеаи ӯро фаро гирифтааст, мехонем. Карим, ки худ низ аз дили ҳамин ҷомеа аст ва аз фақр бенасиб намонда, худашро ба сабаби қудрати андешааш дур аз дигар мардумони шаҳр мебинад. Дар қисмате аз китоб, ки шоҳиди гуфтугӯҳои дарунии Карим ҳастем, мехонем: 

“Дар дунё танҳо як чизро - дар сурате, ки соҳибаш онро шинохта ва ба аҳаммияташ огоҳ бошад, наметавон рабуд ва ё ба наҳве ғораташ кард. Зеро андешаи бидуни иродаи инсонӣ дар хориҷ аз вуҷуди соҳибаш наметавонад бошад, вале оё мумкин аст, ки одам ҳамеша дар худаш ва ё андешааш зиндагӣ кунад? Аз он тағзия кунад, бо он бозӣ кунад, ишқ биварзад, кинадӯзӣ кунад ва аз тасарруфи дигарон масъунаш бидорад? Охир аз ҳама, он ҳам вақт чӣ кораш мекунад? Дар чӣ мавриде аз он истифода мекунад?”.


“ТАРИҚИ БИСМИЛ ШУДАН” - ТОЗАТАРИН АСАРИ ДАВЛАТБОДӢ

“Тариқи бисмил шудан” охирин асари мунташиршудаи  Маҳмуди Давлатободӣ ва ривояти мутафовут аз ҷанг аст. Номи зебои китоб, яъне “бисмил шудан” ба маънои забҳ шудан ва кушта шудан аст. Давлатбодӣ аз зовияи ошноизудоӣ барои навиштан аз ҷанг интихоб кардааст. Ошноизудоӣ ба маънои нигоҳи нав ба мавзуъ аст ва ҳамроҳ кардани мухотаб  бо худ, ки аз зовияи нав ба моҷаро бингарад. Дар майдони ҷанг ва дар миёни бориши тиру тӯфанг манбаи обе вуҷуд дорад, ки барои тарафайни ҷанг дастрасӣ ба он зарурӣ мебошад. Ин ки чаро нависанда обро интихоб карда, шояд ба хотири аҳаммият ва ҳаётӣ будани ин унсур арзишманд аст, ки ба сурати намодин нишондиҳандаи вобаста будани ҳаёти тарафайни ҷанг ба он мебошад. Аммо ин танҳо ривояти китоб нест ва дар фазои дигар ба сурати хаёл ба ҷангҳои Эрон дар тӯли таърих ишора мекунад. Шахсиятҳои китоб ном ва нишони дуруст ва дақиқе надоранд ва ба назар мерасад, нависанда аз ин беҳувиятии шахсиятҳо барои нишон додан, ҳамагир будан ва ҷаҳонӣ будани падидаи ҷанг ва осори мухаррибаш истифода кардааст. Бахшеро аз ин китоб дар идома мехонем:

“Пас мутаваҷҷеҳ шудед, ки манзури ман аз таърихи рӯз чист? Ҳамин. Вақте кафи поҳои ман ва шумо рӯи тобаи доғ дорад кабоб мешавад, мо наметавонем ба ёди пойҳои бараҳнаи аҷдод ва табори худ бошем, ки рӯйи регҳои доғи саҳро аз куҷо ба кадом сӯ медавидаанд, ҳалҳалакунон ва ба чӣ мақсаде! Бале... Ҳамин ҳоло бояд илоҷ кард, кабоб шудани кафи пойҳои уммати моро, ҳамин ҳоло. Шумо аз худи мо ҳастед ва ин сарбоз ҳам қасам хӯрдааст, ки ман ба худам иҷозаи ҳарф задан медиҳам. Пас бигзор ба шумо бигӯям, ки мо дар ҷабҳаҳои саросарӣ бо амвоҷи инсонӣ тараф ҳастем, мавҷ аз пайи мавҷ! Он амвоҷ тамоми қавоиди ҳамаи ҷангҳоро барҳам задаанд...”.


ДОСТОНҲОИ КӮТОҲ

Давлатободиро бештар бо романҳо ва қалами реалистиаш мешиносем, аммо ҷолиб аст, бидонед, ӯ достонҳои кӯтоҳе ҳамчун “Нун навиштан” ва “Бани Одам”-ро ҳам дар корномаи худ дорад. “Нун навишан” маҷмӯае аз ёддоштҳои ӯ мебошад.

“Бани Одам” маҷмӯаи шаш достони кӯтоҳи иҷтимоӣ аст, ки бештар фазои шаҳрӣ доранд. Дар ин китоб шахсиятпардозӣ ва ривояти мутафовуте аз Давлатободӣ мебинем, ки дар навъи худ ҷолиби таваҷҷуҳ аст. Ӯ дар бораи ин достонҳои кӯтоҳ мегӯяд: “Гуфтам, ҳамон аввали кор гуфтам, ки навиштани достони кӯтоҳ кори ман нест. Ин ҳунари бузургро Кафка дошт. Брешт дошт ва метавонист бидорад, ки дар ҳамон “берун, ҷилави дар” ҷон супурд ва доғаш лобуд фақат ба дили ман яке нест. Ва пештар аз ӯ Чехов дошт, ки билохира хун қай мекард, дар он утоқи сард...”

“ҶОЙИ ХОЛИИ СУЛУЧ” РИВОЯТИ ФАҚР

“Ҷойи холии Сулуч” дар соли 1957 мунташир шуд. Китоби ривояти достони зиндагии як хонаводагии фақир аст, Сулуч, падари хонавода тасмим мегирад хона ва хонаводаро тарк кунад, ин оғози достон ва алабатта оғози мушкилоти бештар барои хонавода аст. Дар саросари китоб метавон сояи шуми фақрро ҳис кард ва талошҳои Маргон, модари хонавода барои раҳоии хонаводааш аз вазъияти душворе, ки дар он қарор доранд. Он чи дар китоб ҷой дорад, асари фақр бар инсон аст, ки ҳатто имон ва инсонияти ӯро таҳти суол қарор медиҳад.

“КАЛИДАР” – НУҚТАИ ОТИФӢ ДАР ДОСТОННАВИСИИ МОДЕРНИ ЭРОН

«Калидар” баландтарин  романи эронӣ ва ҳосили 15 сол талоши Давлатободӣ барои халқи ин асар аст, ки дар даҳ ҷилд ва се ҳазор саҳфа навишта шудааст. Дар ин китоб Давлатободӣ зиндагӣ ва ранҷи мардумони рустонишинро дар қолаби калимот ба тасвир кашидааст. Шахсиятпардозии қавӣ аз боризтарин мушахассаҳои китоб аст. “Калидар” ба сабаби ривояташ аз ҷомеа ва рӯйдодҳои дар дили ҳамон ҷомеа бавуҷудомадаро нишон медиҳад. Ва ҳамин боис шуда, то “Калидар” танҳо як роман ва ривояти як моҷаро набошад, балки бо хонданаш метавон ба дили бурҳае аз таърих рафт ва ба таҳлили осебшиносӣ ва баррасии ҷомеаи рустонишини он замон пардохт ва ҳамин арзиши китобро беш аз пеш мекунад. Дар “Калидар” –и Давлатободӣ дарвоқеъ пайванди амиқи инсон ва табиат инъикос мешавад.

“Калидар” романест, ки ба ситоиши кор, зиндагӣ ва табиат пардохтааст. Романи ҳамосӣ аз шуҷоати шахсиятҳояш, ки худи Давлатободӣ борҳо гуфтааст: “Дигар гумон накунам, нерӯ ва қудрату дилу димоғам иҷоза бидиҳад, ки коре комилтар аз «Калидар” бикунам. “Калидар” аз ҷиҳати камӣ ва кайфӣ комилтарин корест, ки ман тасаввур мекардам, ки битавонам ва шояд бишавад гуфт, дар бархе ҷиҳатҳо аз тасаввури худам ҳам зиёдтар аст”. Аз мушаххасаҳои аслӣ ва боризи ин роман шахсиятпардозии қавии китоб аст, ки онро дар қолаби шахсиятҳои зиёде мушоҳида мекунем.


Романи чандҷилдии “Калидар”, ки ба қавли Бузург Алавӣ таърихи сеҳазорсолаи Эронро дар худ дорад, нуқтаи отифӣ дар таърихи адабиёти модерни форсӣ маҳсуб мешавад, то ҷое, ки ин китобро “ҳамосаи завол” ном гузоштаанд. Ин роман, ки онро баландтарин асари достонии форсӣ меноманд оинае аст, ки ҳақиқати зиндагии рустонишинони Хуросонро ба вузуҳ нишон медиҳад ва ба бовари Аҳмади Шомлу “Калидар” қалъае аст, ки аз маҳ берун аст”.

НАЗАРИ АБДУЛҲАМИД САМАД ДАР БОРАИ МАҲМУДИ ДАВЛАТОБОДӢ

- Маҳмуди Давлатбодӣ яке аз нависандаҳои баландпоя ва пурҳунари олами форс аст. Ҳунар ва тамкини нигорандагии Давлатободӣ маро мафтун кард. Вай кӯшиш намекунад, ки якбора аз воқеа гурезад, ба таъбири тоҷикӣ ҷонашро бираҳонад, баръакс ба гирудор ва сарнавишти қаҳрамонҳо фурӯ меравад. Дар як ҷо устод мегӯяд, ки “вақте ман ба таълиф, ба эҷоди қиссае шуруъ мекунам, мепиндорам, ки ба дузах даромадаам ва дасту почак мезанам, ки аз ин дузах зудтар бароям. Аммо дар даҳлезҳои он дармемонам”. Олами тасвир, сарнавишти қаҳрамон дигар аз дасту поҳои нависанда ва нигоранда медорад. Ва ӯ то як ё даҳсолагӣ саргарми навиштани он достон мешавад. Барои навиштани даҳ ҷилд ду сол бас аст? На, албатта. Ин кор бисёр пуразият ва дуру дароз аст. Устод бори ҳамин заҳматро, ҳамин ранҷро бошарафона бар дӯш гирифтаанд, мегӯяд, нависандаи барҷастаи тоҷик Абдулҳамид Самад.

Ин нависандаи тоҷик аз он хушҳол аст, ки дар радифи бузургтарин нависандаҳои дунё номи як нависандаи бисёр пурҳунар, заҳматписанд, кошифи тавонои олами пурасрори дили инсон ва ғаюри олами форс чун устод Маҳмуди Давлатободӣ садо медиҳад ва осори ӯро муҳаққиқони Аврупо ва Ғарб дар радифи Лев Толстой ва Балзак арзёбӣ мекунанд.


ОСОРИ ДИГАРИ МАҲМУДИ ДАВЛАТОБОДӢ

Осори Маҳмуди Давлатободӣ то кунун ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, итолиёӣ, суидӣ ва арабӣ тарҷума шудааст. Аз дигар осори ӯ метавон ба “Рӯзгори сипаришудаи мардуми солхӯрда”, “Тангно”, “(Намоишнома), “Ҳиҷрати Сулаймон”, “Аз хами чанбар”, “Мард”, “Оҳуи бахти ман - Гузал”, “Рӯзу шаби Юсуф”, “Мо низ мардуме ҳастем”, “Сулук”, “Ақил, ақил”, “Ногузирӣ ва гузиниши ҳунарманд” (маҷмӯаи мақола), “Сафар”, “Утубус”, “Он модиёни сурхиёл”, “Корномаи сипанҷ” (Маҷмӯаи достон ва намоишнома),  “Саҳрои машар” (танз) ва ғайра ишора кард.

Маҳмуди Давлатободӣ ба чандин ҷоизаву ифтихороти машҳури ададбии ҷаҳонӣ қадрдонӣ гаштааст, ки гувоҳи яке аз барҷастатарин нависандаҳои ҷаҳонӣ будани ӯст.


Аслигул Тиллохонова: “Забономӯзиам ҳеч гоҳ бо гирифтани ҷоизаву диплом анҷом намепазирад, ин ҳоло оғози роҳ аст”



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед