Ru  | Tj
Ғалат ва сохта. Назаре чанд ба равиши таҷлили Наврӯз
Ғалат ва сохта. Назаре чанд ба равиши таҷлили Наврӯз
Аксҳо: Аз интернет

Ғалат ва сохта. Назаре чанд ба равиши таҷлили Наврӯз

Нашр шуд

Аҳамият додаед, ки мо Наврӯзи аҷдодиямонро ба таври бояду шояд не, балки махсус барои телевизион ташкилу ҷашн мегирем?

Аҳамият додаед, ки мо барои пешвози Наврӯзи хуҷастапай ҳар чизе, ки мекунем, барои худнамоӣ аст?

Аҳамият додаед, ки мо рафта-рафта аз Наврӯзи аслӣ канораҷӯӣ дорем?

Аҳамият додаед, ки муҳимтарин рунки ҷашнгирӣ аз Наврӯзи хуҷастапай ин риояи расму анъаноти он аст, аммо мо аз ҳикмати суннатҳои Наврӯз бехабарем?

Аҳамият додаед, ки мо дар васфи Наврӯз китобҳои зиёде нашр кардаем, вале онҳоро намехонему намедонем?

Ва охир аҳамият додаед, ки ҳама суннату анъанаҳои Наврӯз мегӯем, вале бисёриямон ҳикмати онҳоро намедонем? Яъне расму ойинро иҷро мекунем, вале намедонем барои чӣ.

Мо дар матлаби зер кӯшиш мекунем аз баъзе ногуфтаҳо ва ҳикмати аслии суннату анъанаҳои Наврӯз бигӯем, то ки дар ин ҷашни аҷдодӣ ҳар коре, ки мекунем дониста анҷом диҳем.


Аз нодурустии хони Наврӯз то сохтакориҳо барои сабти телевизион

Якум. Дар хони наврӯзӣ ҳар он чизе, ки ороста мешавад, бояд ба шароити мардум мутобиқ ва бидуни иҷбор бошад. Набояд касеро маҷбур кард, ки барои пур кардани хони наврӯзӣ фалон чизҳоро биёрад. Набояд касеро маҷбур кард, ки ду се нафари дигарро ҳамроҳаш гирифта, аз пайи овардани тамоми хӯрокҳое, ки бо ҳарфи “С” оғоз мешаванд “камари ҳиммат” бандад. Набояд касеро маҷбур кард, ки хӯрокҳои “ҳафтшин”-ро бо ёру дӯстонаш орад ва набояд ба хотири пур кардани хони наврӯзӣ касеро ранҷонид. Вале мутаассифона, аксар дастурхонҳои Наврӯзиро мо бо маҷбурӣ ва ба гардани ҳар нафар бор кардани чизе пур мекунем, ки ин хилофи фазову муҳити Наврӯзи аслӣ аст. Дар Наврӯз бояд ҳама шод бошанд, на ин ки озурдаву ранҷур.

Дуюм. Дуруст аст, ки дар хони Наврӯзӣ бояд суманак бошад, аммо дар ҳеҷ куҷо наомадааст, ки бояд онро то шикамсерӣ тановул кунем. Ва чизи муҳимми дигар ин аст, ки суманакро набояд ба сари зердаст ё нафари аз худ дар вазифа поёнтар маҷбурӣ вогузор кард ва ё ба хонандаи мактаб супориш дод, ки аз куҷое набошад ёфта орад. Ин гуна муносибати мо ба суманак метавонад дилхунукиҳои зиёдро дар дили ҳама ҷой диҳад ва ин хӯроки Наврӯзро чун як дарди сар шиносонад. Вале дар асл бояд ҳар нафар бо шавқ ва завқи бепоён суманакро хобонад ва мунтазири фоли нек додани он шавад.


Сеюм. Дар ин иди бузург ҳар нафар ба худ вазифаву рисолат дорад. Дар ин росто вазифаи кӯдакон аз он иборат аст, ки гулҳоро гирифта, хона ба хона гашта пайки Наврӯзро ба мардум расонанд. Яъне гулгардонӣ ҳаминро гӯянд. Кӯдакон ба ҳар хонадон гул бурда, иловатан шеър мегӯянд ва бар ивази корашон, ки расонидани хабари хуш аст аз соҳибхонаҳо ҳадя мегиранд. Вале маросими гулгардоние, ки дар телевизионҳои мо намоиш дода мешавад, он ба гулгардонии наврӯзӣ тамоман рабте надорад, он шеърхоние беш нест. Ва фикри ғолиб ин аст, ки барои сабт кардану дар телевизион намоиш додани он гуна маросимҳо чанд рӯзи дигар тайёрӣ дидаанд. Тайёрӣ ба хотире, ки бояд дар Наврӯз ҳама сохта баромад кунанд. Гулгардонии асили наврӯзиро бояд зинда кард, ки кӯдакони хурдсол аз саҳро гул гирифта, ба мисли идгардак назди хонаи мардум рафта, гул медиҳанд ва шеър мехонанд.

Чорум. То ҷое маълум аст, дар Наврӯз ҳунарҳои мардумӣ бисёр ба намоиш гузошта мешуданд ва ҳатто духтаронро аз чунин ҷойҳо хуш мекарданд, аммо духтархушкунӣ як тараф истад, ҳоло ҳама он чакану гулдӯзиҳое, ки дар телевизион нишон медиҳанд ва мо мебинем, ки духтарони зиёд гирди матоъе ҷамъ шуда сӯзан мезананд, бисёр сохта менамояд. Барои он ки сабти телевизиони мешавад, ҳатто бе сӯзан ҳам “медӯзанд”.


Чиҳоро фаромӯш кардем?

Дар замони пеш дар арафаи Наврӯз бонувон сарҳояшонро шӯста кокул мебофтанд. Дукокула, секокула панҷкокула... Шавҳардорон дукокула мебофтанд. Занҳое, ки шавҳарҳояшон гузаштаанд се ё панҷкокула мебофтанд. Духтараконе, ки ҳоло шавҳар накардаанд чилкокула мебофтанд. Ҳоло бошад, мо танҳо дар бораи кошонаҳои ҳусн гап мезанему халос.

Бонувони мо ҳанӯз аз зимистон гулдӯзиро сар мекарданд. То ин ки фасли баҳор куртаи гулдӯзӣ ба бар кунанд. Пештар ҳунар дар ҷойи аввал меистод ва духтарро аз рӯйи соҳибҳунар буданаш интихоб мекарданд.

Ва чизи дигар ин буд, ки духтарҳо пинҳонӣ ба писарҳо рӯймолчаи дастдӯхти худро равон мекарданд ва писарон бошанд ба онҳо дастамбул мефиристоданд. Яъне атри хушк. Ва боз номаҳои хоса буданд, ки онҳоро дар баъзе ҷойҳо “фиристнофа” мегуфтанд. Бисёр бӯйи хуш доштанд. Ин гуна номаҳо барои нафароне, ки бо сабабе бо ҳам ногап буданд ва ҳар вақте ки “фиристнофа”-ро ба якдигар медоданд, ҳатман кина аз дилашон бардошта мешуд.


Бояд коре кунем, ки Наврӯзро мардум интизор шавад

Дар асл Наврӯз, ки ҷашни эҳёи табиат аст, бояд ба мардум, хусусан ба мардуми оддӣ ҳамеша сабукӣ орад. Аммо дар натиҷаи фикрҳои пай дар пай ҳеҷ муайян карда натавонистем, ки Наврӯз ба мардуми мо чӣ сабукӣ меорад, балки ҳоло танҳо душворӣ ва бори зиёдатӣ оварда истодааст.

Бояд қабул кард, ки ба ин минвол дастархонпуркунӣ ва ҷашн гирифтани Наврӯз хоси мо нест ва бояд ҳарчи зудтар аз пайи ислоҳи ин камбудии бузургамон шавем. Бояд коре кунем, ки мардуми мо моҳҳои дароз Наврӯзро интизор шаванд, на ин ки бо омадаш ғамгин гарданд. Бояд Наврӯзро ба ихтиёри халқ гузорем, то ки ҳар чизе дорад, ба хонаш орояд ва хурсандӣ кунад.


Дар замони пеш мардум моҳҳои дароз омадани Наврӯзро интизор мешуданд, аммо ҳоло ин ҳолат танҳо дар таърих мондааст. Чӣ хел як хонандаи мактаб ё донишҷӯ метавонад Наврӯзро интизор шуд, дар ҳоле ки барои ҷашнгирияш бояд як моҳ ва шояд аз ин зиёдтар барои аз худ кардани чанд навъи дастҷумбонӣ дар офтобу борон берун аз китобу дафтару дарс тайёрӣ бинад?

Чӣ хел метавонад Наврӯзро интизор шуд, дар ҳоле, ки Наврӯз дар мо ба ҷойи хурсандӣ антоними ин калимаро меорад? То ҷое, ки маълум аст, дар Наврӯз бояд ҳамагон хурсанду масрур бошанд, аммо чеҳраи мардумро дар чанд рӯз пешу чанд рӯз баъди ин ҷашн агар назар кунем, маълуламон мешавад, ки ҳама хаставу афгоранд. Ин ҳолатро дида, касе, ки аз ин ҳама бехабар аст фикр мекунад, ки ба сари мардуми мо чӣ мусибати азиме омадааст.


Ба ҷойи хулоса

Вақте расидааст, ки ба моҳияти хиради Наврӯз бирасем. Мо бисёр гуфтем, аммо амал накардем. Мо ин шабу рӯз дигар бояд танҳо ба ҳикмати Наврӯз таваҷҷуҳ кунем. Мо танҳо Наврӯз мегӯем, аммо фақат ғизои наврӯзӣ пеши назармон аст. Аммо бояд тани тоза, равони тоза, дили тоза, рӯзи нав ва умуман ҳама чизи тоза дошта бошем.


Хуллас, Наврӯз, ки ҷашни миллӣ ва бешӯбҳа оммавии миллати тоҷик аст, он бояд ҷашни сирф мардумӣ бошад. Яъне Наврӯз махсус барои телевизион, махсус барои одамоне, ки даъватнома доранд ва махсус барои онҳое, ки моҳҳои дароз рақс кардан, набошад, балки барои омма ташкил шавад.

Набояд фаромӯш кард, ки дар Наврӯз ҳама баробар аст, ба мисле, ки шабу рӯз баробаранд. Дар Наврӯз касе аз касе болову поён нест, ба мисле, ки сабзаҳои баҳорӣ якқаданд. Дар Наврӯз ҳама якранг аст, ба мисле, ки якрангӣ дар деги калони сумалак меҷӯшад. Ин ҳама нобаробарӣ чаро?





“Фоҷеаи инсонӣ” дар роҳ! Захираҳои маводи ғизоӣ дар Афғонистон тамом мешавад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед