Ru  | Tj
Толибон дар блокадаи ҷаҳонӣ
Толибон дар блокадаи ҷаҳонӣ
Аксҳо: Аз Интернет

Толибон дар блокадаи ҷаҳонӣ

Нашр шуд

Бо гузашти беш аз панҷ моҳ, ки Толибон* қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд, ҳанӯз ҳеҷ кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохт. Бисёриҳо ба ин фикр буданд, ки кишварҳои пуштибони ин гурӯҳ дар ниҳоят онҳоро ба расмият мешиносанд ва равобити дипломатӣ бо онҳо барқарор мекунанд, аммо чунин нашуд. Толибон на фақат ба расмият шинохта нашуданд, балки ҳатто дар Созмони Миллали Муттаҳид намояндаи онҳо ба ҳайси сафир пазируфта  нашуд.

Кишварҳои қудратманде ба мисли Русия, ҶИЭ, Чин, Ҳиндустон, Иттиҳоди Аврупо барои ба расмият шинохтани Толибон шартҳои худро доранд. Ин кишварҳо ташкили ҳукумати фарогир бо шумули ҳама гурӯҳҳои қавмию сиёсӣ ва риояти ҳуқуқи занонро ҷузъи аслии шарти ба расмият шинохтани Толибон медонанд. Толибон то ҳол ҳеҷ нармише дар ин хусус нишон надодаанд ва ҳатто бархе раҳбарони сатҳи болоии онон гуфтаанд, ки мо ниёз ба расмиятшиносии ҷаҳонро надорем, балки ҷаҳон ба мо ниёз дорад.

Покистон ва Толибон

Ба назар мерасад, интизориҳои ҷоҳталабонаи Толибон оҳист-оҳиста ранг мебозад. Ин рангбозиро мо дар охирин сафари Вазири корҳои хориҷии ин гурӯҳ - Амирхон Мутаққӣ дар нишасти Конфронси ҳамкориҳои Исломӣ дар Покистон баръало эҳсос мекунем. Дар нишаст Толибон интизор доштанд, ки бо василаи Покистон бархе кишварҳои исломӣ, аз ҷумла кишварҳои араб онҳоро ба расмият хоҳанд шинохт. Ин интизорӣ дар ин нишаст барбод рафт. Кишварҳои Конфронси ҳамкориҳои Исломӣ танҳо бо баёни наҷоти Афғонистон аз фурӯпошии иқтисодӣ иктифо карданд ва ҳукумати ин гурӯҳи террористиро ба расмият нашинохтанд.

Покистон, ки яке аз кишварҳои лобигар дар робита ба муносиботи хориҷии ин гурӯҳ ба назар мерасад, то ҳол на фақат дар заминаи барасмиятшиносии ин гурӯҳ дастоварде надошта, балки худ низ ин гурӯҳи террористиро ба унвони ҳукумати Афғонистон расман эътироф накардааст. Покистон ба Ғарб гуфта буд, ки набояд арзишҳои ғарбӣ шарти ба расмият шинохтани Толибон қарор гирад. Ин мавқеи покистониҳо шояд паёми зимнӣ ба ҷомеаи ғарбӣ бошад, ки бояд ин гурӯҳро бидуни шарт ба расмият бипазиранд. Бо вуҷуди ин ки Покистон часпу талоши зиёд барои ба расмият шинохтани Толибон аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, аммо талошҳояш бесамар аст. Ҳатто худи Покистон то ҳол ин гурӯҳро ба расмият нашинохтааст ва  Толибон дар Покистон сафир надоранд. Ин нукта возеҳ аст, ки Покистон ҳомии аслии Толибон аст ва бинобар ин, талош дорад Толибон бо қабзаи қудрат Афғонистонро ба нафъи ҳадафҳои геополитикии Покистон идора кунанд. Вале худи Покистон аз тарси ин ки мавриди хашми ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор нагирад, дар ба расмият шинохтани Толибон хунсардона амал мекунаду интизори он аст, ки ҷомеа ҷаҳонӣ дар ин хусус тасмимгирӣ кунад.

Русия ва 5 кишвари Осиёи Марказӣ аз Толибон чӣ мехоҳанд?

Ташкили ҳукумати фарогир бо шумули ҳама гурӯҳҳои сиёсиву қавмиятҳои миллӣ ва ҳамчунин ҳифзи ҳуқуқи занону атфол яке аз аслитарин хостаҳои Русия ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ аз Толибон аст. Ҳамчунин, ҳузури гурӯҳҳои террористии хориҷӣ, ки бархе аз онҳо шаҳрвандони Русия ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ҳастанд, нигаронии Русия ва шарикони стратегияшро ба бор оварда ва мубориза бо ин унсурҳои террорист яке аз мушкилоти масъалсоз аст, ки Толибон бояд чораандешӣ кунанд.

Ӯзбекистон то ҳол бо пешниҳоди ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳусни ният нишон додааст, вале Русия барои ба расмият шинохтани Толибон шартҳои худро дорад. Сергей Лавров, Вазири корҳои хориҷии Русия дар тозатарин изҳороти худ гуфтааст, ки ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон ба амалишавии ваъдаҳояшон марбут аст: “Масъалаи ба расмият шинохтани Толибон ҳанӯз зуд буда, он ба як тасмими мусбат ба раванди рӯйдодҳо дар Афғонистон бастагӣ дорад. Беҳтар аст бигӯем, вобаста ба ваъдаҳоест, ки онҳо додаанд, яъне аз ҷумла ташкили як давлати фарогир ва муборизаи муассир алайҳи террор ва қочоқи маводи мухаддир аз ин кишвар ба хориҷ аз қаламравӣ он”. 

Намояндаи Русия дар Созмони Миллали Муттаҳид Василий Алексеевич Небензя дар нишасти ахире, ки оид ба вазъияти сиёсии Афғонистон баргузор шуда буд, гуфт кишвараш Толибонро ба расмият намешиносад, зеро ба гуфтаи ӯ, давлати Толибон  аз сӯйи ҳеҷ кишваре ба расмият шинохта нашудааст ва ба стандартҳои  байналмилалии давлати қонунӣ ҷавобгӯ нест.

Мавқеи расмии бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба сари кор омадани Толибон яксон нест. Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Турманистон равобити дӯстонае бо Толибон барқарор кардаанд. Ӯзбекистон ҳатто ҳусни ният нишон дод, ки бархе лоиҳаҳои иқтисодияшро якҷо бо Толибон татбиқ хоҳад кард.

Тоҷикистон ягона кишварест, ки бо Толибон шартҳои мушаххас гузошт ва расман алайҳи ин гурӯҳи террористӣ мавқеъгирӣ кард. Мавқеи расмии Тоҷикистон ин аст, ки Толибон бояд ҳукумати ҳамашумул бо фарогирии ҳама гурӯҳҳои қавмию этникӣ ташкил кунанд. Ин мавқеи Тоҷикистон борҳо ҳам аз сӯйи президенти кишвар ва ҳам Вазири корҳои хориҷа – Сироҷиддин Муҳриддин ироа шуд. Ба иттилои расонаҳо, Тоҷикистон ягона кишваре дар Осиёи Марказӣ аст, ки бо Толибон ҳеҷ тамоси дипломатӣ надорад. Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон чанд моҳ қабл гуфта буд, ки Тоҷикистон дар овардани сулҳ ба Афғонистон кӯмак мекунад, аммо бо Толибон тамоси дипломатӣ надорад. Вай инчунин гуфта буд: “Ҳарчанд Тоҷикистон аз таҷаммуъи гурӯҳҳои ифротиву террористӣ дар марзҳои муштаракаш бо Афғонистон шадидан нигарон аст, вале пойбанд ба мавқее аст, ки борҳо изҳор карда буд. Мо ҷонибдори раванде ҳастем, ки аксари мардуми ин кишвар ва ҳукумати расмии он ҳимоят мекунанд".

Толибон ва Амрикову кишварҳои Аврупо 

Дар нахустин рӯзҳое, ки Амрико бо Толибон дар Давҳаи Қатар созишномаи сулҳ, ки заминаи хурӯҷи комили нерӯҳои Амрико ва НАТО аз Афғонистонро фароҳам мекард, имзо кард, Толибон бо “марш”-и пирӯзӣ дар расонаҳо зоҳир шуданд. Онҳо мегуфтанд, ки дар ин ҷанги 20-сола Амрико ва муттаҳидонаш шикаст хӯрдаанд. Ин ғурури козиб Толибонро чунон шефта карда буд, ки ҳозир ба музокира бо ҳукумати расмии Афғонистон набуданд ва мегуфтанд, чунин ҳукуматеро қабул нахоҳанд кард. Ин “шаҳд-“-и пирӯзӣ то дер давом накард ва ҳоло низ Толибон берун аз хати кашидаи Амрико қадаме намегузоранд, ки он албатта барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод кардааст.

Жан-Ив Ле Дриан, Вазири корҳои хориҷаи Фаронса дар баёнияи худ аз Толибон иқдомҳои амалӣ дар заминаи ваъдаҳояшон шуда, аз ҷумла гуфта буд: “Ман медонам, ки Толибон талошҳои зиёде барои касби машруият аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз худ нишон медиҳанд, аммо изҳори назар кардан ин ҷо ва он ҷо дар бораи эҳтиром ба ҳуқуқи занон кофӣ нест, бояд иқдомҳои амалӣ дар ин росто сурат бигирад”. Фаронса, ки яке аз кишварҳои фаъоли аъзои Иттиҳоди Аврупо аст, мавқеи қотеъ нисбат ба Толибон ироа карда ва ба расмият шинохтани онҳоро ба шартҳои муҳимми пешгузошташуда марбут донистааст.

Англия ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо низ эълон кардаанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ Толибонро ба расмият нахоҳанд шинохт.

Ин ҷо як нуктаи муҳим бояд баён шавад, ки Толибон худро “Иморати Исломӣ” эълон кардаанд. Ин баёни ҳукумат ҳоло бар хилофи аҳдномаи Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид аст, ки Толибонро аз эъломи “иморат” манъ мекунад. 

Мухолифати Иттиҳоди Аврупо дар бобати ба расмият шинохтани Толибон дар ҳолест, ки чанде қабл Маъсум Стонакзай, муовини Вазири хориҷаи Толибон гуфта буд, ки Амрико Толибонро ба расмият хоҳад шинохт ва ба Афғонистон бармегадад, зеро ин яке аз тааҳҳудоти Амрико аст: “Дар тафовуқномаи сулҳи Давҳа Амрико тааҳҳуд кардааст, ки бо хуруҷи охирин сарбози  амрикоӣ аз Афғонистон низоми ояндаи исломиро ба расмият мешиносад ва сафорати худро дар Кобул боз нигаҳ медорад”. Намояндаи Толибон бо итминон мегӯяд, ки “дар мулоқот бо дипломатҳои аврупоӣ ва амрикоӣ дар Давҳа фаҳмидааст, ки Амрико ба зудӣ сафорати худро дар Кобул бозкушоӣ мекунад”.

Кишварҳое ба мисли Чин, Ҳинд ва Эрон низ барои ба расмият шинохтани Толибон саросема нестанд. Дар гуфтугӯи тоза бо шабакаи хабарии “Тулуъ” сафири Эрон дар Кобул гуфтааст, ки Эрон ҳукумати такқавмиро қабул надорад ва Толибон бояд як ҳукумати фарогир бо ҳузури  ҳама ақвом ташкил диҳанд.

Ба ҳар ҳол, гурӯҳи террористии Толибон дар бунбаст  қарор дорад ва агар тайи чанд моҳи дигар ба расмият шинохта нашавад, дигар қодир ба идораи Афғонистон нахоҳанд буд. Қатъи кӯмакҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, набудани равобити дипломатӣ, фалаҷ шудани иқтисодиёт ва дигар масоили рӯзмарра аз мушкилоти сангине ҳастанд, ки дар оянда камари Толибонро хоҳад шикаст.

*Толибон – ҳаракати террористии фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон 


Аҳамияти Афғонистон барои қудратҳои бузург



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед