
Вокунишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба боздошти профессор Ҷалол. “Нидои ӯ нидои шаҳомат дар баробари ситамгарон аст”
Нашр шуд
Боздошти профессор Файзуллоҳ Ҷалол, устоди донишгоҳи Кобул бо мавҷи вокунишҳо дар дохили Афғонистон ва хориҷ аз он мувоҷеҳ шудааст. Иттиҳоди Аврупо, Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва чеҳраҳои саршиноси Афғонистон аз Толибон* хостанд, то устод Файзуллоҳ Ҷалолро фавран озод кунанд. Дар Кобул низ гурӯҳе аз занон ба тарафдорӣ аз устод Файзуллоҳ Ҷалол намоиши эътирозӣ доир намуда, хостори озодии ӯ шуданд.
Устод Файзуллоҳ Ҷалол яке аз мунаққидони ҳукумати Толибон моҳе қабл дар як сӯҳбати телевизионӣ аз ҳукумати Толибон шадидан интиқод намуда, онҳоро масъули иттифоқҳои ахир дар Афғонистон хитоб карда буд. Дар ин суҳбат устод Файзуллоҳ Ҷалол бо намояндаи Толибон Наими Вардак таниши лафзӣ намуда, ӯро “гусолаи мутлақ” номид. Ин изҳороти устод Файзуллоҳ Ҷалол хашми Толибонро ба вуҷуд оварда буд. Он вақт Толибон ба далели ҳассосияти мавзуъ устод Файзуллоҳ Ҷалолро зери назорати шадид қарор дода буданд ва худи устод Файзуллоҳ Ҷалол дар хонааш бо нигарониҳои амниятӣ ба сар мебурд.
Рӯзи 8-уми январ тақрибан соатҳои 12-и нисфирӯзӣ устод Файзуллоҳ Ҷалолро аз хонааш бо беҳурматӣ берун кашида, ба раёсати таҳқиқоти истихбороти Толибон бурданд. Маҳосо Ҷалол, духтари Файзуллоҳ Ҷалол ҳамон лаҳзаҳо аз боздошти падараш хабар дода, аз мардум ва ҷомеаи байналмилалӣ тақозои кӯмак кард.
Масъуда Ҷалол, ҳамсари устод Ҷалол ва яке аз раҳбарони сиёсии Афғонистон низ хабари боздошти ӯро тасдиқ намуда, навишт: “Имрӯз доктор Файзуллоҳ Ҷалол аз хонааш тавассути нерӯҳои Толибон дастгир ва ба макони номаълум мунтақил гардид. Доктор Ҷалол ба унвони устоди донишгоҳ дар тамоми фаъолиятҳои ҳуқуқи башарии худ барои адолат ва манофеи миллии кишвар мубориза ва садояш баланд будааст. Ба бовари ӯ, истеҳкоми адолати иҷтимоӣ ва як низоми одилона дар кишвар роҳи ҳалли ниҳоии берун рафтан аз ҷанг ва муноқиша дар кишвар мебошад. Ӯ боварманд ба ваҳдати миллии Афғонистони воҳид ва дорои тамомияти арзии мустақил мебошад ва дар ин роҳ аз айёми ҷавонӣ бидуни вақфа талоши хастагинопазир намудааст. Пас аз боздошти доктор Ҷалол хонаводаи ӯ аз сиҳат ва саломати ӯ хабаре надорад ва дар ин замина гурӯҳи Толибон ба сурати расмӣ иттилоъ ва далели боздоштро нагуфтаанд. Бад-ин васила хонаводаи доктор Ҷалол зимни изҳори нигаронии амиқ аз сиҳати устод хоҳони таъмин ва барқарории иртибот ва озодии ӯ мебошанд”.
Боздошти устод Ҷалол на фақат вокуниши шадиди ҷомеаи Афғонистон, балки созмонҳои ҳуқуқи башарро низ ба вуҷуд овардааст. Созмони авфи байналмилал ва Иттиҳоди Аврупо аз Толибон хост, то устод Файзуллоҳ Ҷалолро бидуни ҳеҷ қайду шарт озод кунанд. Ин созмон боздошти устод Ҷалолро маҳкум намуда, таъкид кардааст, ки ӯ ба далели истифода аз ҳаққи озодии баён ва интиқод бар Толибон дар як барномаи телевизионӣ боздошт шудааст. Ҳамчунин, Патрикио Госсман, раиси бахши осиёии Созмони дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) боздошти Файзуллоҳ Ҷалолро нақши озодии баён хонда, аз Толибон хост, ӯро фавран озод кунанд.
Баъди чандин соат сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳи Муҷоҳид боздошти устод Файзуллоҳ Ҷалолро тасдиқ намуда, далели боздошти ӯро “тавҳин ба роҳбарони Толибон” хонд. Вай чанд аксе аз твиттери ҷаълие, ки бо номи устод Файзуллоҳ Ҷалол сохта шудааст, нашр намуда, гуфтааст, ки устод Файзуллоҳ Ҷалол “барои чарандиёти худ дар расонаҳои иҷтимоӣ гирифтор шудааст”. Вай ҳамчунин гуфт, ки устод Ҷалол “мардумро алайҳи низом таҳрик мекард ва бо обрӯи мардум бозӣ мекард”.
Ин иддаои Толибон дар ҳолест, ки хонаводаи устод Файзуллоҳи Ҷалол нашри чунин суханҳо бо саҳифаи ҷаълии устод Ҷалолро рад мекунанд. Ба назар мерасад, саҳифаи фейке дар “Твиттер” бо исми устод Файзуллоҳ Ҷалол боз шудааст ва аз тариқи ин фейк раҳбарони Толибон ва дигар мақомоти он бо шеваи тезу тунд интиқод мешаванд. Ҳасина Ҷалол, духари устод Файзуллоҳ Ҷалол, ки дар Амрико ба сар мебарад, дар сӯҳбате ин саҳифаи устод Ҷалолро “фейк” номид. Ҳасина Ҷалол мегӯяд: “Як, якуним ҳафта пеш дӯстони ман ва аъзои фомил скриншоти саҳифаи ҷаълиро барои ман фиристода буданд. Онҳо мехостанд ин саҳифа репорт шавад ва пурсон карданд, ки оё ин аз устод аст? Ман гуфтам, ки ин аз устод нест, устод ҳеҷ вақт дар твиттер набудааст”.
Ҷустуҷӯҳои мо дар интернет нишон дод, ки бо исми устод Файзуллоҳ Ҷалол чандин профилҳои фейк дар шабакаҳои иҷтимоӣ боз шудааст ва ҳамаи он бар зидди Толибон мавод нашр мекунад. Зоҳиран гурӯҳе аз ном ва обрӯи устод барои мақсадҳои худ истифода мекунанд ва ин кор дарди сари бузурге барои устод Файзуллоҳ Ҷалол эҷод кардааст.
Ҳарчанд Толибон сабаби боздошти устод Ҷалолро ба ин навиштаҳои профилҳои фейк марбут донистаанд, вале баъзе аз коршиносон сӯҳбатҳои ахири устод Файзуллоҳ Ҷалолро, ки дар он Толибон интиқод мешаванд, яке аз сабабҳои боздошти ӯ медонанд.
Боздошти доктор Файзуллоҳ Ҷалол ба вокуниши чеҳраҳои саршиноси Афғонистон низ дучор шуд. Малик Ситез, коршиноси масоили сиёсӣ ва ҳуқуқӣ бо нашри номае ба Созмони Милали Муттаҳид ва кумитаҳои вобаста ба он аз ҷомеаи байналмилалӣ хостааст, барои озодии устод Файзуллоҳи Ҷалол ба Толибон фишор биёваранд: “Имрӯз Толибон профессор Файзуллоҳ Ҷалол, яке аз устодони Донишгоҳи Кобулро аз манзилашон боздошт ва ба гунаи дадманишона таҳқир кардаанд. Тасовир ва филмҳои видеоӣ аз шаҳрҳои гуногуни Афғонистон нишон медиҳад, ки шаҳрвандони кишвар мавриди иҳонат дар малаи ом қарор мегиранд, аз сӯйе ҳам фаъолони ҳақуқи башарӣ даҳҳо тасовир ва филмҳоро мустанадсозӣ кардаанд, ки нишонгари шиканҷаи ҷисмӣ, руҳӣ ва равонии низомиёни давлати пешин мебошад. Имрӯз эътибори ҷомеаи ҷаҳонӣ дар зеҳнияти мардуми фақири Афғонистон ва дар виҷдони башарият мавриди доварӣ қарор дорад, мо аз шумо металабем, ки фавран бар вазъияти ҳуқуқи башарӣ ва фақри иқтисодии Афғонистон бознигарӣ кунед ва ба фарёди мардуми Афғонистон бирасед.”
Ҳизби ҷамъияти Исломии Афғонистон ба раҳбарии Салоҳҳиддин Раббонӣ низ дар пайванд ба боздоштҳои ахири Толибон, аз ҷумла боздошти устод Файзуллоҳи Ҷалол вокуниш нишон дода, ин амалро хилофи озодиҳои шаҳрвандон номид: “Ахиран, гурӯҳи Толибон даст ба боздошти шуморе аз афрод ва шахсиятҳои илмӣ ва мардумӣ задаанд, ки мешавад ба боздошти устод Файзуллоҳи Ҷалол, устоди донишгоҳи Кобул, Мавлавӣ Динмуҳаммад Азимӣ, узви аршади Ҷамъияти Исломӣ ва шумори дигаре ишора намуд, ки онро ба шиддат маҳкум мекунем. Боздошти ин афрод ба далелҳои воҳӣ, аммо ангезаи рӯшану возеҳ нишон медиҳад, ки Толибон бо нигоҳи тамомиятхоҳӣ дунболи эҷоди фазои тарс ва ваҳшат дар кишвар ва хафа кардани садои мардум дар гулуяшон аст”.
Фарҳоди Дарё, сарояндаи номдори Афғонистон амалкарди Толибон дар мавриди боздошти устод Файзуллоҳ Ҷалолро маҳкум намуда, ба тарафдорӣ аз озодии ӯ навишт: “Вақте шумо ба худ ҳақ медиҳед, дар мавриди мардум назар бидиҳед, якеро ҳалол ва дигареро ҳаром бихонед ва якеро хоин ва дигареро содиқ, якеро муъмин ва дигареро кофир бихонед, пас чаро ин ҳақро ба мардум ҳам намедиҳед, ки дар мавриди шумо назари худро баён кунанд? Танҳо “ҷурм”-и устод Ҷалол ин буд, ки назари худро ба унвони як инсон ва як шаҳрванд дар мавриди шумо баён кард. Ин ҳаққи инсонии ӯ буд ва шумо ин ҳақро аз ҳеҷ инсоне гирифта наметавонед”.
Ориёно Саид, яке аз дигар сарояндаи машҳури Афғонистон низ ба боздошти устод Файзуллоҳ Ҷалол вокуниш нишон дода, хост Толибон ӯро озод кунанд: “Дунё бохабар бошад, ки устод Файзуллоҳ Ҷалол аз хонааш тавассути “Толибон” гирифтор ва ба ҷойи номаълум мунтақил шудааст. Интизори мо ин аст, ки ӯ ба хона ва фомилаш баргардонда шавад”.
Сухангӯи ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Алӣ Майсам Назарӣ низ ба ин боздошт вокуниш нишон дода, дар саҳифаи худ навишт: “Толибон бо тавассул ба муҷозоти саҳроӣ афродро аз хонаҳо, ҷодаҳо ва маҳалли корӣ дастгир ва сипас бо бераҳмӣ мавриди шиканҷа қарор медиҳанд. Ин гурӯҳ дар тозатарин маврид муҳтарам Файзуллоҳи Ҷалолро дастгир ва соатҳост дар қайди худ доранд. Аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба вижа кишварҳои ҳамсоя мехоҳем то монеъи вахомати бештари шароити зиндагӣ ба мардум ва такрори фаҷоеи Толибон шаванд”.
Ноҳид Фарид, собиқ вакили парлумон ва яке аз занони фаъоли Афғонистон устод Ҷалолро намоди шуҷоат номида, хитоб ба Толибон менависад: “Устод Ҷалол ҳанҷараи як миллат ва намоди шуҷоат, озодӣ ва адолати иҷтимоӣ аст. Толибон наметавонанд бо дарбанд кашиданаш, садои як миллати огоҳ ва бедорро хомӯш кунанд”.
Шоири машҳури Афғонистон Наҷиб Борвар нидои устод Файзуллоҳ Ҷалолро “шаҳомат дар баробари ситамгарон” номида, навишт “Устод Файзуллоҳ шуҷоона дар баробари бедодии қавмӣ дар Афғонистон эътироз кард, садои ӯ, садои шаҳрвандони Афғонистон аст. Нидои ӯ нидои шаҳомат дар баробари ситамгарон аст. Ӯ бо хомӯш кардан ва зиндонӣ шудан дигар хомӯш намешавад. Ҳамаи мо Файзуллоҳ Ҷалол ҳастем. Хуни мо сурхтар аз лаъли Бадахшон нест”.
Муҳибуллоҳ Нурӣ, яке аз фаъолони сиёсии дигари ҷомеаи Афғонистон боздошти устод Файзуллоҳ Ҷалолро “моҳияти саркубгар”-ӣ ин гурӯҳ таъбир намуда, хостори озодии Устод Ҷалол шудааст: “Устод Ҷалол на туфанг бардошта, на ба муқовимати низомӣ пайваста ва на ҳам кишварро тарк кардааст. Танҳо коре карда, иштибоҳоти ин гурӯҳро нақд кардааст. Устод Ҷалол дар канори озодамардон ва озодазанони дигар оғозгар ва намоди муқовимати маданӣ дар кишвар аст. Бо боздошти ӯ муқовимати маданӣ поён нахоҳад ёфт, балки ҳазорон шогирди устод Ҷалол роҳи ӯро идома хоҳанд дод”.
Доктор Файзуллоҳи Ҷалол устоди Донишгоҳи Кобули Афғонистон аст, ки чандин сол дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намуда, расолаи докториашро низ дар ҳамин донишгоҳ дифоъ кард. Ӯ яке аз чеҳраҳои муборизи ҷомеаи Афғонистон аст, ки ҳамеша аз ҳукуматҳои фосид ва нокоромад интиқод мекунад. Қаблан ӯ аз ҳукуматҳои Ашраф Ғанӣ ва Ҳомид Карзай низ интиқод мекард. Вай дар замони ҳукумати Ҳафизуллоҳ Амин ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Ситами миллӣ ба зиндон афтода, баъдан озод шуда буд. Устод Файзулло Ҷалол ҳамеша барои адолату озодӣ мубориза карда, собиқаи муборизаи ӯ бо ҳукуматҳои золим ва истибдодӣ хеле тӯлонӣ аст.
*Толибон – ҳаракати террористии фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед