Ru  | Tj
«Ҳуҷум». Таърихи чӣ гуна озод шудани занони Осиёи Миёна дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ
 «Ҳуҷум». Таърихи чӣ гуна озод шудани занони Осиёи Миёна дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардид

«Ҳуҷум». Таърихи чӣ гуна озод шудани занони Осиёи Миёна дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ

Нашр шуд

Инқилоби Октябр дар соли 1917 на танҳо дар низоми сиёсӣ ва сохти иҷтимоӣ тағйирот ворид намуд, балки он дар зиндагии маъмулии одамон низ дигаргуниро ба амал овард. Дар ин давра тағйироти куллӣ дар ҳаёти мардуми оддӣ ба амал омад, аз ҷумла ин раванд дар ҳаёти занон дигаргунии зиёде ворид кард.

Иттиҳоди Шӯравӣ масоҳати бузургро дар бар мегирифт ва дар он халқияту миллатҳои зиёде зиндагӣ мекард, ки аз ин нигоҳ мавқеъ ва нақши занон низ якхела буда наметавонист. Бо вуҷуди ин, маҳз "занони Шарқ" яке аз занони мазлумтарини Шӯравӣ ба ҳисоб мерафтанд: қариб аксари занон бесавод буданд, бисёрзанӣ вуҷуд дошт ва ҳамчунин якчанд мушкилотҳои дигар. Аксар вақт духтаронро аз хурдӣ бо гирифтани пули зиёд дар ивази онҳо, яъне ҳақи қалин (маблағ барои маҳрамияти зан) ба шавҳар медоданд. Он замон занҳо қариб, ки аз ҳеҷ ҳуқуқе бархӯрдор набуданд.

Дар чунин шароит, аз соли 1920 инҷониб маъракаи "озодии занони Шарқ" ё "Ҳуҷум" оғоз шудааст.

Halva.tj ҷолибтарин воқеаҳо аз ин ҳодисаро шарҳ дода ва бозгӯ мекунад, ки чаро ин соҳа дар таърихи Осиёи Марказӣ ғайриоддӣ аст?

Анъанаҳо бар зидди озодӣ

Ҳаракати «Ҳуҷум» чунин ҳадафҳоеро пайгирӣ мекард, ки ба талаби он замон ҷавобгӯ буд: ҳамчун як узви фаъоли ҷомеа пазируфтани занон, ҷалб намудани онҳо ба корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, озод кардани занҳо аз баъзе вазифаҳои хонаводагӣ ва ғайра.

Барои дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳо дар минтақаҳои гуногун шӯъбаҳои занҳо таъсис дода шуданд, ки ба бонувон тарзи нигоҳубини кӯдакон ва асосҳои гигиенаро меомӯхтанд, оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва тиббӣ машварат мекарданд ва онҳоро барои фаъолият дар муассисаҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ омода менамуданд. Онҳо инчунин оид ба масъалаи занон маълумотҳо нашр карда, ҷамъомадҳо ва конфронсҳо баргузор намуда ва занонро барои мубориза бар муқобили зулму бедодгарӣ даъват мекарданд.

Дар он давра ба истилоҳ "юртҳои сурх" пайдо шуданд, ки онҳо нақши марказҳои саводнокӣ, утоқҳои хониш, клубҳо ва ғайраҳоро мебозиданд. Акнун занҳои мусалмон низ имконияти таҳсил кардан ва дар баробари мардон кор карданро доштанд. Ҳамзамон дар ин росто корхонаҳои нав сохта шуданд ва мактабу боғчаҳои бачагона ба фаъолият оғоз намуданд.

Шикастани расму русум ва анъанаҳои асримиёнагӣ, ки дар онҳо мард болои зан ҳокими мутлақ ба ҳисоб мерафт, хеле душвор буд. Аз ин рӯ, фаъолияти ин ҳаракат хеле мушкил гардид ва занони дар он фаъолияткунанда зери муқовимати шадид қарор гирифтанд. Ҳамин тавр, дар солҳои 1927-1928 танҳо дар Ӯзбекистон зиёда аз 2500 занони дар ин шӯъба фаъолияткунанда кушта шуданд. Алимхон Мамитқулова яке аз фаъолони Кумитаи занон буд ва дар ин куштор ӯ низ аз байн бурда шуд. Алимхон бе иҷозати шавҳараш, ки ӯро бераҳмона латукӯб карда буд, дар маҷлисҳо ва барномаҳои таълимии занон иштирок мекард. Дар мурофиаи талоқи онҳо, шавҳари Алимхон бо корд ба сӯяш ҳамла намуда, ӯро кушт.

Занони мусалмон, барои дастурҳои Ҳукумати Шӯравиро иҷро кардан, чун душмани муллоҳо шинохта шуда, ҷинояткор дониста мешуданд.

Лаънат ба "рамзи зулм ва ғуломии занон"!

Ҳаракати "Ҳуҷум" бо сӯзонидани фаранҷӣ, ки ҳамчун рамзи зулми занони Шарқ дониста мешуд, дар таърих чун ҳаракати озодии занон дониста мешавад.

Пеш аз барпошавии Ҳокимияти Шӯравӣ, аксарияти занони Осиёи Миёна (бахусус занони тоҷик ва ӯзбек) фаранҷии дарози сиёҳ мепӯшиданд, ки рӯй ва бадани онҳоро мепӯшонид. Ин либоси дарозе буд, ки гиребони васеъ ва остинҳои борик дошт. Бо ба бар намудани либоси мазкур рӯйи зан намоён намешуд.

Соли 1924 фармоне дар бораи лағви «калим» имзо шуд ва нахустин зане, ки фаранҷии худро партофт, ӯзбек буд ва пас аз се сол ҳазорҳо зани ӯзбеки дигар дар майдони Регистони Самарқанд парда аз рӯйи худ бардоштанд ва ин фаранҷинҳоро ҷамъ намуда, оташ заданд.

Аммо масъалаи напӯшидани фаранҷӣ торафт мураккабтар мешуд ва ин раванд дурудароз идома мекард. Аксар вақт занон фаранҷинашонро месӯхтанд, аммо пас аз як моҳ аз тарси таҳқир дар кӯча ва ҳатто ҳамлаҳои онҳое, ки ба тағйирот дар ҷомеаи занон мухолиф буданд, аз сари нав мепӯшиданд. Танҳо бо сар задани Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ дар солҳои 1939 масъалаи пӯшидани фаранҷӣ пурра аз байн рафт.

Нақши беназири занҳо

Яке аз аввалин занҳое, ки дар Осиёи Миёна парда аз рӯйи худ бардошт ва фаранҷиро аз худ дур кард, ин зани ӯзбек - Тоҷикхон Шодиева мебошад. Ҷунбиши занон барои баровардани фаранҷӣ дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар миёнаҳои солҳои 1920 ба номи ӯ гузошта шуд. Имрӯз яке аз кӯчаҳои Фарғона низ номи ӯро дорад.

Нурхон Юлдошхоҷаева яке аз аввалин актрисаҳои ӯзбек буд. Бародараш ӯро барои рақс кардан дар назди тамошобинон бе фаранҷӣ ва бо рӯйи кушода, ба қатл расонидааст. Ба хотираи Нурхон шоир ва драматурги ӯзбек Комил Яшен оҳанг эҷод кардааст ва соли 1968 В. Клебанов муҷассамаи ин ҳунарпешаро сохт.

Зани тоҷик Зайнаббибӣ Қурбонова дар нимаи аввали солҳои 20-ум аъзои савораи Армияи Сурх шуд ва дар даҳҳо набард бо гурӯҳҳои босмачӣ ширкат варзида, тавонист, ки худро ҳамчун роҳбари боистеъдод нишон диҳад. Соли 1927 вай вакил интихоб шуд ва ба Москав ба Анҷумани 2-юми умумииттифоқии занони коргар ва деҳқонон фиристонида шуд. Зайнаббибӣ соли 1928 дар ҷойи кораш аз ҷониби мухолифини Ҳукумати Шӯравӣ бераҳмона кушта шуд.

Ба хотираи ӯ соли 1964 достони "Зайнаб-бибӣ" навишта шуд, ки дар он зани тоҷик чун як зани мубориз барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ нишон дода шудааст. Аз рӯйи ин достон филми хубе низ ба навор гирифтанд, ки он то ҳанӯз тариқи телевизион намоиш дода мешавад ва мухлисони зиёде дорад.




Митхун Чакраборти, Никита Михалков, Стивен Сигал, Озҷан Дениз... Шукӯҳи “XIII-умин кинофестивали байналмилалии Тошканд”

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед