Арзонтар аз мошин: Дар Душанбе ҳавопаймои “British gulf international company” фурӯхта мешавад
Нашр шуд
Корхонаи ташкили фурӯши амволи давлатии Тоҷикистон барои савдои моликияти мусодирагардида музояда эълон кардаст.
Бар асоси эълони нашркардаи ин корхонаи тобеи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, музояда 6 июни соли равон дар Душанбе дар назар аст.
Дар феҳрасти амволи фурӯшӣ, ҳавопаймои “АН-12Б” зикр гардидааст, ки бо нархи ибтидоии 127 ҳазор сомонӣ ба савдо гузошта мешавад.
Таъкид гардидааст, ки ҳавопаймои мазкур мансуби “British gulf international company LTD” мебошад. Макони баргузории музояда Душанбе, кучаи Теҳрон 21 нишон дода шуда, барои маълумоти бештар рақами телефони 221-73-74 пешниҳод гардидааст.
Тафсилоти дигар дар мавриди ин ҳавопаймо, молики қаблӣ ва далели мусодира оварда нашудааст. Танҳо маълум аст, ки пештар низ ин ҳавопаймо бо нархи 279 ҳазор сомонӣ дар Душанбе ба музояда гузошта шудааст, аммо зоҳиран ба далели наёфтани харидор такроран бо қимати поинтар пешниҳод шудаст.
“АН-12Б” ҳавопаймоҳои истеҳсоли замони шӯравӣ мебошанд, ки умдатан барои борбарӣ истифода мегарданд.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед