Ru  | Tj
Майрам Дӯстова: “HR касби нав, вале бозоргиру серхаридор аст”
Майрам Дӯстова: “HR касби нав, вале бозоргиру серхаридор аст”
Акс: Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Майрам Дӯстова: “HR касби нав, вале бозоргиру серхаридор аст”

Нашр шуд

Дар бозори меҳнат бархе касбҳо нодаркор шуда, ба ҷояшон баъзеи дигар пайдо мегарданд. Намояндагони касбҳои азбайнрафта бекор мемонанду насли ҷавон ба омӯхтани пешаҳои нав камар мебанданд. Яке аз чунин касбҳои барои кишвари мо нав ин HR мебошад.

Шакли пурраи HR “Human Resources” буда, бо забони тоҷикӣ “идораи захираҳои инсонӣ” тарҷума мегардад. Яъне, соҳибкасб нақши миёнаравро миёни роҳбарият ва кормандон иҷро карда, барои беҳтар ба роҳ мондани фазои корӣ хизмат мекунад.

Намояндагони ин касбро мо дар кишвар аз аввалҳои солҳои 2000-ум медонем, ки бештар дар ширкатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ фаъолият мекунанд. Солҳои охир мутахассисон дастаҷамъона кӯшиш доранд, ки ин соҳаро пеш бурда, ҷойгоҳашро дар ҷомеа мустаҳкамтар намоянд.

Мо доир ба махсусиятҳои касби мазкур бо мутахассиси муваффақи ин соҳа Майрам Дӯстова суҳбати ихтисосӣ анҷом додем.

НАФАРЕ, КИ ТО 100 МУТАХАССИСРО ИДОРА МЕКУНАД


- Мутахассиси HR дар корхона кадом вазифаҳоро иҷро мекунад?

- Ин касб якчанд самтҳоро дар бар мегирад - аз таъсис ва паҳн кардани ҷойҳои кории холӣ сар карда, то рӯзи охирини кор дар корхона. Дар ин соҳа қисме аз мутахассисонро бозрасонҳо мегӯянд. Ин одамон барои ҷалб кардани коргарони имконпазир ва гузаштани марҳилаҳои зарурии вобаста ба ҷойи кори холии муайян машғул мешаванд. Самти дигари ин соҳа такмил ва инкишоф додани дониши коргаронро дарбар мегирад ва мутахассисоне ҳастанд, ки кори мазкурро анҷом медиҳанд. Ин соҳа дар худ мутахассисоне дорад, ки барои қабули ҳуҷҷатҳо, ба коргарон додани машварат оид ба рухсатии меҳнатӣ ва ғайраҳо машғул мебошанд. Ва аз ҳама муҳим, мутахассисони ин соҳа барои беҳтар кардани фазои ҳамдигарфаҳмии корфармову кормандон фаъолият мекунанд.

- Вазифаву рисолати мутахассиси HR дар замони муосир барои як корхона аз чӣ иборат мебошад?

- Муваффақият ва дастовардҳои ҳар корхона бо ташаббуси коргарон ба даст меояд. Вазифаи мутахассиси HR дар ҳар корхона ин ба роҳ мондани фазои хуби корӣ, ҷалб намудани мутахассисони беҳтарин, қабул кардани ҳуҷҷатҳои коргарон тибқи қонунгузорӣ, барои сайқал додани дониш ва ҳавасмандгардонии коргарон, инчунин, барои пурра ва дуруст анҷом додани вазифаҳои мавҷуда шароит муҳайё кардан аст.

- Дар кишвари мо мутахассиси HR-ро чӣ гуна қадр мекунанд?

- Новобаста аз касб, мутахассисони хубро дар ҳама соҳа қадр мекунанд. Бо вуҷуди он ки ба кишвари мо ин соҳа нисбатан нав аст, аллакай нақш ва аҳаммияти мутахассисонро аҳли ҷомеа хуб пазируфта, ҳар корхона кӯшиш мекунад, ки беҳтаринҳоро ҷалб намояд.

- Ҷиҳатҳои мусбат ва манфии ин касбро гуфта метавонед?

- Қариб ду сол мешавад, ки дар ин самт фаъолият карда истодаам, аммо то ҳол ягон ҷиҳати манфии онро надидаам. Оид ба ҷиҳатҳои мусбат беохир метавонам сухан ронам. HR имконият медиҳад, ки инсон ҳаматарафа, махсусан, аз ҷиҳати психологӣ, таҳаммулпазирӣ ва ғайраҳо рушд ёбад. Дар умум, ҳар коргар рафтору кирдори худро дорад ва ҳангоми суҳбат бо онҳо барои омӯхтани баъзе ҳолатҳое, ки дар рафти корӣ дида мешаванд, имконияти бузурге фароҳам меояд.


- Мо медонем, ки мутахассиси HR ба сифати этикаи касбӣ бояд як қатор нозукиҳоро донаду риоя кунад. Ба мо муҳимтарини онҳоро метавонед бигӯед?

- Бале, метавонам ба шумо се нуктаи муҳимро бигӯем. Якум, мутахассиси HR вазифадор аст, ки арзишҳои корхонаашро дониста, барои поймол нашудани онҳо аз тарафи худу кормандону роҳбарият саҳмгузор бошад. Дуюм, барои қабул кардани қарор ва амалиётҳои худ, мутахассиси ин соҳа масъулияти касбиро ба зимма мегирад, ки бояд ҳатман бехато ва сари вақт иҷро намояд. Сеюм, мутахассиси HR ҳуқуқҳои шахсони алоҳидаро, бахусус вақти ба даст овардан ва паҳн кардани иттилоот, ҳангоми таъмини муоширати зинда ва мусоидат ба қабули қарорҳои огоҳона баррасӣ ва ҳимоя мекунад.

- Ҳама касбҳо талаботи муайян доранд, HR чӣ гуна талабот дорад?

- Талаботи асосии ин касб доштани таҳсилоти олӣ буда, он метавонад ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, психологӣ, педагогӣ, тиҷоратӣ бошад. Мутахассиси ин соҳа бояд фаҳмиши муташаккил, маҳорати суханварӣ ва муоширати хуб бо атрофиён дошта бошад. Яке аз муҳимтарин талабот ин ба суханони коргарон гӯш додан, хусусияти рафтори онҳоро арзёбӣ кардан, муваффақияти касбиро пешгӯӣ карда тавонистан ва баъзан ҳатто бо маслиҳатҳои амалӣ кӯмак кардан аст.

- Медонем, ин касб дар кишвари мо нав ҷойгоҳи худро ёфта истодааст, вале шумо ҳамчун мутахассис бигӯед, ки таҳдиди аз байн рафтанаш нест?

- Аз рӯи таҳлилҳо дар 10 соли минбаъда нодаркор шудани ин касб номумкин аст. Гарчанд ки “чат-ботҳо” ва “робот-мошинаҳо” низ кашф шуда бошанд, ҷустуҷӯи коргарон, гуфтушунидҳо ва дигар равандҳое, ки мутахассисони ин соҳа пеш мебаранд, аз уҳдаи ин вазифаҳо баромада наметавонанд.

Аз рӯи тадқиқотҳо имконияти автоматикунонии ин касб аз 5 фоиз боло ва аз 20 фоиз камтар мебошад. Аз ҷониби дигар, ин масъулияти баландро на ҳама корхонаҳо ба зиммаи “робот-мошинаҳо” боварӣ карда метавонанд.

- Як мутахассис HR то чанд нафарро метавонад идора намоянду ҳамроҳашон фаъолият кунад?

- Ба ҳисоби миёна 1 мутахассиси HR (менеҷер) метавонад то 100 нафар коргарони корхонаро идора кунад.

КАСБЕ, КИ ДУШВОРӢ НАДОРАД, ШАВҚОВАР АСТ


- Барои чӣ шумо ин касбро интихоб кардеду дар ин соҳа чанд сол таҷрибаи кор доред?

- Ҳар як шахс то ба худшиноии дарунӣ дар ҷустуҷӯ аст. Ман низ айни ҳол худамро дар ҳамин соҳа мебинам ва муҳим он аст, ки аз кори ҳаррӯзаам баҳра мебарам. Ҳар як нафареро, ки ба кор қабул мекунем, табъи болидаи онҳо ба ман низ рӯҳи болида мебахшад. Баъзан вақт мушкилиҳо ва масъулиятҳое, ки дар рафти кор дида мешавад, ҳар якеаш метавонад сабабе шавад, ки рӯз аз рӯз хубтару беҳтар фаъолият кунем. Дар ин самт ҳоло ман мутахасиси ҷавонам, аниқтараш тӯли 1 солу 7 моҳ мешавад, ки ҳамчун HR – менеҷер дар “Алиф Бонк” фаъолият мекунам.

- Бо маоши Шумо метавон шоиста зист, махсусан дар кишвари мо?

- Албатта, HR яке аз беҳтарин ва заруртарин касб на танҳо дар дохили кишвар, инчунин, берун аз он низ ба ҳисоб меравад. Ногуфта намонад, ки талабгорони мутахассисони беҳтарини ин соҳа дар бозори меҳнат бениҳоят зиёданд ва бо маоши хуб интизор ҳастанд.

- Ин кор чӣ душворӣ дорад?

- Дар HR ҳар як мутахассис вазифаҳои гуногун ва шавқоварро пеш мебаранд, ки масъулиятшиносӣ ва самаронокии баландро талаб мекунад. Ҳозир дар кори мо қариб, ки душвориҳо нест. Агар бошанд ҳам, кӯшиш мекунем бо кумаки ҳамкорон онҳоро паси сар кунем. Дар аввал бо мушкилиҳо як-як дучор меомадам, чунки ҳамаи терминҳо ва вазифаҳо бароям нав буданд. Айни ҳол, бисёр хурсандам, ки чунин касбро интихоб кардам, бисёр чизҳоро омӯхтам ва дар пеш бисёр навгониҳое мебошанд, ки барои мутахассиси беҳтарин шудан дар ин соҳа бояд омӯзам.

- Дар ин касб болоравии вазифавӣ ҳаст?

- Бале, мутахассисони HR бо гузашти замон ва гирифтани таҷриба имкон доранд дар тӯли фаъолияти худ аз мутахассиси хурд сар карда, то ба роҳбарии идора ё корхона рафта расанд. Илова бар ин, соҳибкасбони ин соҳа имконият доранд, корхонаи худро таъсис дода, хизматрасонии аутсорсингро оид ба самти HR дар корхонаҳои қаламрави кишвар таъмин кунанд.

- Ба назар менамояд, ки роҳбарон аз аксари коргарон норизоятӣ мекунанд, барои бартараф кардани ин мушкилӣ мутахассиси HR чӣ саҳм гузошта метавонад?

- Чунин ҳолатҳо ҳастанд ва ин аз фарҳанги корпоративии ҳар корхона вобаста аст. Барои бартараф кардани чунин ҳолатҳо мутахассиси HR аллакай ин чизҳоро ба назар гирифта, усулҳои махсусе, ки барои бартарафсозии муаммои мавҷуда пешбинӣ мешаванд, истифода мебарад. Ҳамчунин, дар ҳолатҳои ногувор ё худ нофаҳмиҳои пайдошуда миёни коргар ва корфармо, мутахассис барои хулосаи дуруст баровардан ҳарду тарафро ба пуррагӣ омӯхта, ҳамчун миёнарав кӯшиш мекунад, ки масъаларо холисона ҳал намояд.

МАКОТИБИ ОЛӢ ДАР ОМӮЗОНИДАНИ КАСБ


- Таваҷҷуҳи насли ҷавон ба ин касб чӣ гуна аст?

- Ҳастанд нафароне, ки оид ба касби мо маълумоти кофӣ надоранд. Аммо вақтҳои охир мушоҳида мешавад, ки бархеҳо бо ҳавасу кӯшиши зиёд ба омӯзиши ин касб машғуланд. Албатта, сабаби таваҷҷуҳ кардани ҷавонон ин аст, ки бархе ихтисосҳо кӯҳна гардиданд ё мувофиқи таҳлилҳо фоизнокии нишондиҳандаи автоматикунониашон баланд шудаанд.

- Барои мутахассиси HR шудан бояд дар куҷо таҳсил кард?

- Тавре дар боло ишора кардем, мутахассиси HR метавонад таҳсилоти ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, психологӣ, педагогӣ, тиҷоратӣ дошта бошад. Вале агар маълумоти ихтисосиро дар назар дошта бошед, мутаассифона то ҳол дар макотиби олии мо ин касбро намеомӯзонанд. Ногуфта намонад, ки чанде аз мутахассисони ин соҳа курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил кардаанд, ки ҷавонон метавонанд нозукиҳои HR-ро омӯзанд.

- Кадом шахсон метавонанд довлатаби HR бошанд?

- Барои довталаб шудан ҳеч маҳдудият нест. Ҳар нафаре, ки ҳавас дорад, метавонад довталаби HR бошад. Ин соҳаро омӯзад ва зиндагияшро пеш барад.

- Оё ин касбро тавассути интернет омӯхтан мумкин аст?

- То андозае омӯхтан мумкин аст, вале танҳо назариявӣ. Барои мутахассиси HR шудан, маҳорати бурдани гуфтушунидҳо, машваратдиҳӣ ва муошират бо атрофиён муҳим аст, ки дар интернет таҷриба кардани инҳо ғайриимкон мебошад.


- Тавсияҳои шумо ба мутахассисони ояндаи HR...

- Бояд ҳамавақт дар ҷустуҷӯи донишҳои нав бошанд. Ҷасур бошанд ва аз ҳар душвориҳое, ки дар рафти кор вомехӯранд, дилмонда нагарданд. Чунки ҳар яки ин мушкилиҳо бо гузашти муддати муайян ба ҷиҳатҳои мусбат табдил меёбанд.

- Дар ҳама суҳбатҳо шумо савол медиҳед ва дигарон ҷавоб мегӯянд, дар ин суҳбат баръакс шуд. Савол додан осон аст ё ҷавоб гардондан?

- Фикр мекунам, аз мавзӯи суҳбат вобастагӣ дорад. Агар мавзуъ ба худи шахс писанд бошад, метавонад бо иштиёқи зиёд ҷавоб диҳад. Албатта, мавзӯи имрӯза барои ман бисёр ҷолиб буд ва ба саволҳо бо хушҳолӣ ҷавоб гардонидам.

- Ташаккур ба шумо.

- Саломат бошед.


Зайтуна Сайдуллоева: “Моро мебояд, ки ин қолабҳоро шиканем...”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед