Ru  | Tj
Интихоби бештари ҷавонон: таҳсил, хизмати ҳарбӣ ё муҳоҷират?
Интихоби бештари ҷавонон: таҳсил, хизмати ҳарбӣ ё муҳоҷират?
Аксҳо: Аз Интернет

Интихоби бештари ҷавонон: таҳсил, хизмати ҳарбӣ ё муҳоҷират?

Нашр шуд

Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли хониши 2021-2022 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳуриро 119 ҳазору 936 нафар хатм карданд, ки 54 ҳазору 749 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. 

Дар ҳамин ҳол, ҷавонон пас аз хатми мактаби миёна се роҳ доранд, ки якеро интихоб мекунанд. Якум, идомаи таҳсил дар мактаби олӣ. Дуюм, камар бастан ба адои хизмати ҳарбӣ. Сеюм, рӯ ба сӯи муҳоҷирати меҳнатӣ. 

Дар мавриди интихоби роҳи ояндаи ҷавонон фикрҳо гуногунанд. Яке мегӯяд, рафтан ба хизмати аскарӣ худсозист, дигаре муқобил мебарояд. Сеюмӣ ба он андеша аст, ки ба мактаби олӣ дохил шудан талафи вақт аст. Чорумӣ бошад, ба фикрест, ки он ҷо макони касбомӯзист. Яке аз азобу машаққати муҳоҷират нақл мекунаду дигаре аз худсозиҳое, ки ҷавонон бо шарофати кор дар муҳоҷират ноил шудаанд, мисолҳо меорад.

Дар матлаби зер бо истифода аз мавқеи вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва мудофиа доир ба он мегӯем, ки ҷавонони тоҷик дар куҷо метавонанд худашонро бисозанд. 

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ: РАВАНДИ САФАРБАРКУНИИ МУҲОҶИРОН БЕҲТАР ШУДААСТ

Бино ба маълумоти расида, ҳоло дар маҷмӯъ, 692 ҳазору 818 шаҳрванди ҷумҳурӣ (аз шаҳри Душанбе – 57 ҳазору 384 нафар, ВМКБ – 44 ҳазору 269 нафар, вилояти Хатлон – 216 ҳазору 311 нафар, вилояти Суғд – 222 ҳазору 115 нафар ва аз НТМ – 152 ҳазору 739 нафар) дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар қарор доранд. Мувофиқи маълумоти варақаҳои муҳоҷиратӣ, дар нимсолаи якуми соли 2022 аз ҷумҳурӣ 322 ҳазору 68 нафар шаҳрвандони кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд, ки аз ин теъдод 264 ҳазору 617 нафарашон мард ва 57 ҳазору 451 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Тибқи моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират», барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷа муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба кишварҳое фиристода шаванд, ки шартномаҳои дутарафа ё бисёртарафаи давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо мавҷуд бошад. Ҳамин аст, ки раванди асосии муҳоҷирати меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нигаронида шудааст, ки дар миёни онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ асосан ба Федератсияи Русия – 95 фоиз ва Қазоқистон – 2 фоиз сафар менамоянд.

- Бартарияти сафарбарсозии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аз ҷониби сохторҳои вазорат расман сурат мегирад, дар он аст, ки онҳо пеш аз сафар омода карда шуда, вобаста ба давлати мавриди сафарашон ва қонунгузории он кишвар суҳбатҳои инфиродӣ гузаронида мешавад. Пеш аз сафар бо корфармо суҳбат гузаронида, аз ҷониби корфармо довталабон интихоб шуда, ба онҳо маълумот оид ба шарту шароити фаъолият фаҳмонида мешавад. Илова бар ин, пеш аз сафар шартномаи меҳнатӣ байни корфармо ва муҳоҷирони меҳнатӣ баста шуда, фаъолияти меҳнатии онҳо дар давраи шартномаи басташуда, назорат карда мешавад, - маълумот медиҳад Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.

Бино бар иттилои маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар, ҷиҳати танзими масъалаҳои муҳоҷират айни замон се созишномаи байниҳукуматӣ бо Федератсияи Русия, 4 созишнома бо Ҷумҳурии Қазоқистон, созишнома бо Беларус, Ёддоштҳои тафоҳум бо Амороти Муттаҳидаи Араб ва Давлати Қатар ба имзо расонида шудааст.

Илова бар ин, айни замон ҷиҳати таҳкими самтҳои диверсификатсияи муҳоҷирати корӣ барои шаҳрвандони кишвар чораҳо андешида, дар доираи сафари Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Корея рӯзҳои 6-11-уми апрели соли ҷорӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба ҷалби қувваи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҳои мавсимӣ дар Ҷумҳурии Корея ба имзо расонида шуд. Аз ҷумла:

- Ёддошти тафоҳум байни МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» - и Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Сангҷуи Ҷумҳурии Корея оид ба ҷалби кормандони мавсимӣ;

- Ёддошти тафоҳум байни МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» - и Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Чола-Пуктои Ҷумҳурии Корея оид ба ҷалби кормандони мавсимӣ;

- Ёддошти тафоҳум байни МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва корхонаи саноатии «Ilyang OPO Corp» оид ба ҷалби қувваи корӣ.

Ҳамчунин, тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ байни МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ»-и Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Про - Форси Британияи Кабир бо мақсади интиқоли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҳои мавсимӣ дар гармхонаҳои Британияи Кабир шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар асоси шартномаи басташуда айни замон 168 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир бо кор таъмин шудаанд ва 200 нафари дигар интизори раводид мебошанд. Шаҳрвандони интиқолгардида ба ҷои зист ва кор дар самти кишоварзӣ таъмин шудаанд. Ҳадди ақали музди меҳнат барои як соати кор дар Британияи Кабир ба 11 доллари амрикоӣ баробар мебошад.

Бино ба таъкиди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯз аз рӯз раванди ба муҳоҷират сафарбар намудани шаҳрвандони кишвар беҳтар шуда истодааст ва агар шаҳрвандон ба воситаи барномаҳои тасдиқгардида ба хориҷи кишвар сафар кунанд, ба мушкилиҳое, ки ба сари дигар муҳоҷирон меоянд, дучор нахоҳанд шуд. 

ВАЗОРАТИ МАОРИФ: ТАРБИЯВУ ПАРВАРИШИ АХЛОҚ

Аз рӯи маълумоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сол аз сол теъдоди довталабони макотиби олии кишвар коҳиш ёфта истодааст. Омори расмӣ нишон медиҳад, ки шумораи умумии довталабони макотиби олӣ дар кишвар соли 2022-ум 82 ҳазору 718 нафарро ташкил дод. Маълум мегардад, ки шумораи довталабони макотиби олии ҷумҳурӣ имсол нисбат ба соли 2021-ум 8813 нафар (9,63 фоиз) ва соли 2020-ум 17 ҳазору 680 нафар (17,61 фоиз) кам гардидааст.

Ин ҳама нишони он аст, ки ба ҷавонон дар макотиби олӣ чизе намерасад ва ё онҳо имтиёз мехоҳанду ва онро надоранд. Ба ин монанд аз Маркази миллии тестӣ зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи аввал чунин ишорае ҳам шуда буд:

- Дуруст аст, ки ду соли охир шумори довталабон кам гардидааст. Сабаб ин аст, ки соли 2020 пандемия буд ва ҷавонон ба донишгоҳҳои кишварҳои хориҷа дохил шуда натавонистанд. Соли гузашта ва имсол, ки сарҳадҳо кушода шуданд, сафи довталабони макотиби олии кишварҳои хориҷӣ аз ҳисоби ҷавонони тоҷик афзуд ва сабаби ин афзоиш дар он дида мешавад, ки донишгоҳҳои хориҷа ба ҷавонони мо имконоту имтиёзи зиёд медиҳанд.

Дар ин баробар, аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ доир ба муҳимияти таҳсил дар макотиби олӣ ва то кадом андоза таъсиргузор будани донишгоҳу донишкадаҳои кишвар барои худсозии ҷавонон чунин гуфтанд: 

- Пешвои миллат зимни суханронӣ дар яке аз мулоқоташон бо зиёиёни мамлакат таъкид доштанд: «Дар кишвари мо заминаи мусоиди ташаккули фарҳанги илмию техникии ҷомеа, татбиқи технологияҳои нав мавҷуд аст, ки метавонад, дар маҷмӯъ, ба таҳкими иқтисоди миллии кишвар такони ҷиддӣ бахшад. Дар баробари инкишофи илмҳои дақиқ ва фарҳанги техникӣ ба арзишу аҳамияти илмҳои ҷомеашиносӣ низ бояд эътибори зарурӣ дода шавад, зеро ин илмҳо неруи мафкурасоз буда, ба тарбияву парвариши ахлоқ ва маънавиёти инсон ва ҷомеа мусоидат менамоянд». Суханони боло гувоҳи онанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди ҳам илмҳои табиӣ ва ҳам иҷтимоӣ ва дар маҷмӯъ, ба тамоми соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Маҳз таваҷҷуҳи зиёди роҳбарияти олии давлат ба ин зинаи таҳсилот аст, ки сол аз сол базаи моддию техникӣ, сатҳу сифати таҳсилот, низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ беҳтар гардида, ҳамаи ин ба худсозии ҷавонон таъсири амиқ мерасонад. Гузашта аз ин, аз ҳисоби соатҳои тарбиявӣ ва дар дохили дигар фанҳо ба донишҷӯён мавзӯҳое таълим дода мешавад, ки ҳадафи онҳо маҳз ба худсозии ҷавонон ва тарбияи онҳо дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ нигаронида шудааст.

ВАЗОРАТИ МУДОФИА: ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МАКОНИ ХУДСОЗИВУ ХУДШИНОСИСТ

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа, шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-солаи ҷумҳурӣ уҳдадоранд, ки хизмати муҳлатноки ҳарбиро дар Артиши миллӣ адо намоянд, вале, мутаассифона, инро на ҳама дарк мекунад.

Аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо доир ба зарурати хизмати ҳарбӣ барои ҷавонон чунин гуфтанд: 

- Ҷавонон дар баробари рӯҳану ҷисман обутоб ёфтан ва такмил додани донишҳои ҳарбӣ - сиёсӣ, инчунин, дар хизмати ҳарбӣ, ки мактаби воқеии тарбияи ҳаёт аст, ҳамчун муҳофизони ҳақиқии марзу буми аҷдодашон ба камол мерасанд ва вазифаи фарзандиро дар назди Модар-Ватан ба ҷо меоранд. 

Инчунин, масъулини Вазорати мудофиа хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро макони худсозию худинкишофдиҳӣ ва обутобёбӣ арзёбӣ карда, таъкид карданд, ки Артиши миллӣ беҳтарин ангеза барои шуҷоатмандию ҷавонмардист.  

- Барои худсозӣ ҳанӯз дар рӯзҳои нахусти шомил гардидан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар қисму воҳидҳои низомӣ наваскарон ба омӯзиши курси кӯтоҳмуддати «Ҷанговари ҷавон» фаро гирифта мешаванд, ки ба онҳо дар ин муддат аз ҷониби афсарони болаёқату соҳибтаҷрибаи қисмҳои ҳарбӣ пеш аз ҳама тартибу низоми хизмати рӯзмарра, талаботи ойинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар нозукиву махсусияти хизмати ҳарбӣ омӯзонида мешавад, - мегӯянд аз Вазорати мудофиа. 

Маълумот дода мешавад, ки ҷавонон бо оғоз намудани хизмати масъулиятнок, ҳайати шахсии сарбозон ба таври назариявӣ ва ҳам амалан дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи омодагии ҷангӣ ва барномаҳои мукаммали давраҳои пешбинигардидаи таълим ба омӯзиши машғулиятҳои гуногун аз фанҳои дақиқи низомӣ ҷалб карда мешаванд. Тибқи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ ва вобаста ба таъиноти навъи қушун, сарбозон донишу малакаи касбиро дар раванди хизмат асосан дар самти омӯзиши сохт ва таркиби силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, техникаҳои ҳарбӣ, тайёрии тактикиву оташфишонӣ ва аз рӯйи дигар машғулиятҳои касбӣ-вазифавӣ боз ҳам равнақ медиҳанд. 

- Илова бар ин, дар қисму воҳидҳои низомӣ ба сарбозон машғулиятҳои тайёрии ҷамъиятӣ-давлатӣ гузаронида мешавад. Дар раванди он ба самъи сарбозон ахбори сиёсӣ мерасонем, ки ин дар таҳкими маърифати сиёсиву ҳуқуқии онҳо заминаи мусоид фароҳам меорад. Умуман, машғулиятҳои таълимӣ, муқаррароти ойинномавӣ ва тартибу низоме, ки дар раванди хизмати ҳарбӣ ба сарбозон пешбинӣ гардидааст, дар таҳкими худогоҳиву хештаншиносӣ ва ташаккули шахсияти онҳо нақши муҳим гузошта, эшонро дар ҷодаи иҷрои вазифаву уҳдадориҳои масъулиятноки низомӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ омода менамояд, - афзуданд аз Вазорати мудофиа. 

ХУДСОЗИИ ҶАВОНОН, ЯЪНЕ ЧӢ?

Чанд сол пеш, яъне қабл аз он ки мардум сокини дунёи дигаре бо номи интернет нашуда буданд, миёни худсозиву худсӯзияшон фарсахҳо роҳ буд. Маълум буд, ки яке солҳои дароз барои сохтану мавқеъ пайдо карданаш чӣ корҳоеро анҷом дода истодаасту дигаре худашро чӣ тавр аз даст додааст, вале ҳоло ин тавр нест. Миёни ин ду мафҳум вақт бисёр кам буда, интихоби якрӯза ё якҳафтаина метавонад самти ҳар ҷавонро муайян кунад.

Он ҷавоне, ки ба курсии мактаби олӣ нишастан нохоҳад, ба дарс барои рӯзро гузаронидан меравад, худсӯзӣ мекунад. Оне ҳам, ки муҳимияту зарурати хизмати ҳарбиро намедонад ва ба қавле маҷбурӣ он ҷо меравад, худсӯзӣ мекунад. Он ҷавоне ҳам, ки забони хориҷиро намедонад, ҳунаре надорад, малакаву маҳораташро дар ин ё он соҳа такмил надода, ба муҳоҷират мераваду ба корҳои сиёҳ машғул мешавад, худсӯзӣ мекунад. 

Худсозии ҷавонон ҳоло кори мехостаашонро хушсифат анҷом додан аст. Хушбахтона, рӯз аз рӯз сафи чунин ҷавонон зиёд гардида истодааст. Яке ба барномасозӣ меравад, дигаре ба дизайнерӣ, сеюмӣ забондон мегардаду чаҳорумӣ мутахассиси кор дар фазои маҷозӣ. Ҳуқуқшиносу табибу муаллиму муҳандис... мешавад.

Ва ҳоло ҳар нафаре, ки ба кори дӯстдоштааш машғул аст, корашро бо шавқ анҷом медиҳад, худашро такмил медиҳад, ҳунарашро даркорӣ мешуморад, пас барои худсозӣ қадамҳои устувор гузошта, ба пеш ҳаракат дорад. 

Пас, мебояд, ки вақтро ғанимат дониста, айёми ҷавониро барои худсозӣ сарф намуд.

Афғонистон - сарватмандтарин кишвари фақири ҷаҳон



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед