Ru  | Tj
Гулсифат Шаҳидӣ: Шабҳои бехобиам зиёдтар шуд
Гулсифат Шаҳидӣ: Шабҳои бехобиам зиёдтар шуд
Аксҳо: Аз муаллифи мавод дастрас гардидааст

Гулсифат Шаҳидӣ: Шабҳои бехобиам зиёдтар шуд

Нашр шуд

Насрнавис, адабиётшинос ва рӯзноманигор Гулсифат Шаҳидӣ 1-уми январи соли 1955 таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) буда, номзади илмҳои филологӣ аст.

То ин дам Гулсифат Шаҳидӣ соҳиби як қатор ҷоизаҳои байналмилалӣ гардидааст. Аз ҷумла, ду маротиба “Адиби беҳтарини сол” дар Лондон, медали “Кабутари сулҳ”-и Созмони адибони Авруосиё, медали тиллоии беҳтарин адиби Авруосиё дар Маскав, дипломҳои “Номи нав дар адабиёти муосир” дар Стокҳолм, Кембриҷ, Лондон, Минск, Маскав ва Ню-Йорк.  Инчунин, Гулсифат Шаҳидӣ соли гузашта дар Россия аз рӯи номинаи “Адабиёти бачагона” ҳамчун “Адиби сол” интихоб гардид. 

Мо бо эшон доир ба тамоми паҳлуҳои зиндагӣ ва фаъолияташон сӯҳбат намудем.

“АКНУН ВАҚТИ МАН ҲАМ РАСИД...”

- Муаллимаи азиз, ҳоло ба кадом корҳо машғулед, дар чӣ гуна муҳит зиндагӣ доред, бештар вақтатонро ба чӣ мегузаронед, дар бораи чӣ фикр мекунед ва дар умум якшабонарӯзатон чӣ гуна мегузарад?

- Ҳоло ба дидори бачаҳову набераҳоям ба Монако омадам. Муҳити аз ин беҳтаре нест. Дар бораи асари навам фикр мекунам – мехоҳам романи детективӣ нависам. Якшабонарӯзам ҳамеша дар фикри оилаам мегузарад. 

- Шумо дафтари хотирот доред?

- Дар бачагӣ доштам. Ҳоло бошад ҳамааш дар компютер ҳастанд.

- Аз бозиҳо, дугонаҳо ва ҳодисаҳои кӯдакӣ чӣ мондааст ба лавҳи хотиратон?

- Бачагӣ – хеле давраи хубест, вале зуд мегузарад. Аз дугонаҳоям Гулбаҳор Мирзоеваро, духтари шоир Ғаффор Мирзо, ки ҳамсоя ва дӯст будем, хеле ёд мекунам.

- То ҷое медонем Шумо дар мактаб аълохон ва гирандаи стипендияи ленинӣ будед, дар ин маврид нақши волидон ва атрофиён чӣ гуна буд?

- Албатта, ин натиҷаи тарбияи хуби волидонам буд. 

- Хатмкардаи факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) ҳастед. Аввалин ва охирин матлаби сирф журналистиятон кадомҳоянд?

- Мавзӯи ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ аз аввал то имрӯз дар маркази эҷоди ман аст. 

- Агар дар умум бигӯем, Шумо бори аввал бо қаламу коғаз кай ва чӣ гуна шинос шудед?

- Аз синфи аввали мактабхониям.

- Кори журналистиро дар назар дорам...

- Ман дар шабакаи радиову телевизиони “Мир” фаъолият карда, то вазифаи муҳаррирӣ ифои вазифа кардаам.

- Шумо ҳамсари композитори машҳур Толиб Шаҳидӣ ҳастед. Бигӯед, дар оила эҷодкор будани ҳарду ҳамсарон кадом тарафҳои мусбату манфӣ дорад?

- Мо ҳафт сол мешавад, ки ҳарду эҷодкор ҳастем. Ман то тавонистам кӯшиш кардам, ки ҳамсарам то қуллаҳои баланди эҷодӣ расанд ва бачаҳоям мустаҳкам ба по истанд. Пасон, шурӯъ кардам ба навиштани китобҳои бадеӣ. Акнун вақти ман ҳам расид.

- Метавонед кӯтоҳ бигӯед, ки чӣ хел бо ҳам пайвастед ва дар ин боҳамоӣ чӣ гуна рӯзҳои ширинро дидед?

- Медонед, мо қариб 50 сол бо ҳам ҳастем. Худи хамин ҷумла ба фикрам басандааст. 50 сол!

- Бори кадом номро кашидан мушкил аст: шахси эҷодӣ ё модар?

- Ё ҳарду! Ҳарду масъулияти хоса ва ҷавобгарии хеле бузург дорад.

“БАЪЗАН МУШКИЛ, БАЪЗАН ОСОН”

- Вақти муаррифии Шумо менависанд, ки дер ба навиштани асарҳои бадеӣ шурӯъ кардаед, ин дер ворид шудан кай буд? 

- Бале, ман ба адабиёт дер омадам ва дар 60-солагиям аввалин китобам бо номи “Шаҳри ормонҳои сабз” нашр шуд ва инак, аз нашри он 7 сол сипарӣ гашт. Дар мавриди дер оғоз кардан бошад, бояд бигӯям, ки барои навиштани китоб ҳеҷ вақт дер нест ва вақти боқимондаи умрамро мехоҳам самаранок истифода бурда, барои ояндагон аз худам чизе боқӣ монам.

- Китобҳои Шумо ҷоизаҳои байналмилалии зиёдро сазовор шудаанд, оё ин муваффақият ягон формулаи муайян дорад? 

- Афсус мехӯрам, ки дер ба навиштан шурӯъ кардам. Роҳҳои гуногун дорад. Ман дар Лондон қариб бист сол бо омаду рафт зиндагӣ кардам. Он ҷо бо дӯстони писарҳоям шинос шудам. Яке аз онҳо Марат Ахмеджанов буд, ки роҳбарии Созмони Авруосиёгии эҷодкоронро ба уҳда дорад. Ӯ таклиф кард, ки ба созмон узв шавам. Дар аввалин фестивал ман ҷоиза гирифтам ва ин таконе буд барои боварӣ ба роҳи интихобкардаам.

- Ду маротиба «Адиби беҳтарини сол» дар Лондон интихоб шудаед, ба ин гуна муваффақият расидан ба шахси эҷодкор чӣ маъно дорад?

- Маънои бузург. Медонам, ки на ба ҳар кас ин муяссар мешавад. Ин худситоӣ нест. Ман ҳеҷ орзу надоштам, ки ин ба ман муяссар мешавад.​ ​Аз бисёр мамлакатҳои Авруосиё довталабон хеле зиёд буданд. Ман хурсандам, ки ному обрӯи Точикистону точикистониёнро дар ин миқёс баланд бардошта тавонистам.

- Шумо дар мусоҳибае яке аз сабабҳои ба даст овардани ҷоизаи «Адиби беҳтарини сол» дар Лондонро ба шароити доштаатон гуфтед: “Ман хушбахтам, ки фарзандонам дар Лондон зиндагӣ мекунанду наздашон хабаргирӣ меоям, бинобар ин, бароям осон аст, зеро харҷи роҳу ҷои зистам дар дасти худам аст”. Яъне агар чунин намебуд, эҳтимоли ба даст овардани ҷоизаи «Адиби беҳтарини сол» набуд?

- Ман агар дар Лондон набудаму аз ин гуна озмун хабардор намешудам ва дар он иштирок намекардам, чои сухан ҳам набуд. Роҳи ба ин озмун расиданам осонтар буд. Зеро ман ба Лондон равуо доштам, гирифтани виза ва сарфи сафарам бароям гарон набуд.​ Аниқтарш, шароити доштаам ба ман имкон фароҳам овард, ки дар озмунҳо иштирок кунам, маҳсули эҷодамро пешбарӣ намоям ва сазовари ҷоизаву унвонҳо гардам.

- Эҷоди асари бадеӣ ба шароити иқтисодӣ чӣ вобастагӣ дорад?

- Ҳеҷ вобастагӣ надорад. Ин Худодод аст.

- Шумо гуфтаед: “Ман махсус ба афсонанависӣ нагузаштаам. Балки вақти навиштани романи «Офтобхон» хаста мешудам ва пас аз навиштани ҳар як боби роман барои истироҳату дилхушӣ яктоӣ афсона менавиштам”. Яъне гуфтанӣ ҳастед, ки афсонанависӣ барои истироҳат ҳасту бисёр осон аст?

- Бале, бароям осонтар буд.

- Ҳоло чӣ навишта истодаед?

- Романи детективӣ ва афсонаҳо.​

- Навиштан ба Шумо чӣ дод ва аз Шумо чӣ гирифт?

- Хеле​ зиёд дод. Масъулият ба ҳар сухани навиштаам. Чи гирифт? Шабҳои бехобиам зиёдтар шуд.

- Навиштан осон аст?

- Баъзан мушкил, баъзан осон.

- Дар ҳоли ҳозир вазъи адабиёти тоҷикро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Адабиёти тоҷик дар ҳама давру замон ҷои махсусу баланд дошт. Ҳоло ҳам дорад.

- Эҷодиёти Шумо аз тоҷику Тоҷиқистон мегӯяд ва ҷое “Ёди кишвари ормонҳои сабзамро мекунам” гуфта, Тоҷикистонро дар назар доштаед. Бигӯед, ки ибораи “кишвари ормонҳои сабз” чӣ маъно дорад?

- Хеле ёд мекунам, пазмон мешавам. Зиёд сафар мекунам. Бовар кунед, Тоҷикистон беҳтарин кишвар аст бароям. Тамоми орзуву таманноҳҳоям ин ҷо амали гаштанд, сарчашмаи илҳомам аст.

- Охирин бор кай Тоҷикистон омада будед?

- Чор сол пеш.

“АЗ ХУДОСТ…”

- Одатан шабҳо пеш аз хоб дар бораи чӣ фикр мекунед?

- Шукр мекунам. Дуои фарзандонамро мехонам.

- Беҳтарин туҳфаи ҳаётатонро аз дасти кӣ гирифтаед?

- Беҳтарин туҳфаи ҳаётам таввалуди фарзандонам мебошад, ки аз Худост…

- Сухани дӯстдоштаи Шумо кадом аст?

- “Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан…”

- Барои эҷод кардан илҳомро интизор мешавед ё бидуни он корро оғоз мекунеду худаш меояд?

- Фикр мекунам ҳарду ҳолат ба ман бегона нестанд.

- Мавзӯи дӯстдоштаатон кадом аст, ки доир ба он соатҳо суҳбат кунед?

- Мавзӯи зану оила дар ҷамъияти имрӯза.

- Чӣ коре кардаед, ки бо он ифтихор доред?

- Се писари хубе тарбия кардам.

- Дар ин дунё зиндагӣ кардан душвор аст?

- Дар ҳама давру замон зиндагӣ кардан хеле душвор буду ҳасту хоҳад шуд.

- Дар ин дунё кадом намуди одамон зиёданд: хуб ё бад?

- Бовар мекунам, ки одамони хуб зиёдтар ҳастанд.

- Мо барои чӣ зиндагӣ мекунем?

- Барои давоми ҳаёт. Барои ба ҳамдигар хубӣ кардан. Барои дидори гарму самимӣ.

- Ташаккур барои суҳбати гарму самимӣ.

- Саломат бошед.


Профессор Акбар Нозимов: “Устоди ҳақиқӣ ҳамеша ба донишҷӯ дастрас аст”



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед