Ru  | Tj
Рӯзи дониш муборак! Хонандагон зиёду донишҷӯён кам шудаанд?
Рӯзи дониш муборак! Хонандагон зиёду донишҷӯён кам шудаанд?
Аксҳо: Аз интернет

Рӯзи дониш муборак! Хонандагон зиёду донишҷӯён кам шудаанд?

Нашр шуд

Дар кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол 1-уми сентябр дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ Рӯзи дониш бо Дарси сулҳ оғоз мегардад. Одатан, дарси сулҳ дар яке аз муассисаҳои олии кишвар бо иштироки Сарвари давлат доир гашта, ҳамзамон, дар муассисаҳои таълимӣ омӯзгорону толибилмон пахши зиндаи онро тамошо мекунанд.

Бояд гуфт, ки 1-уми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш бори аввал соли 1984 дар Иттиҳоди Шӯравӣ таҷлил гашта буд ва то ҳол ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил онро қайд мекунанд.

Аз шумораи хонандагон то ба истифода додани мактабҳои нав

Бинобар маълумоти оморӣ, имсол беш аз 272 ҳазор нафар дар Тоҷикистон ба синфи якум мераванд. Гуфтан ба маврид аст, ки қабули хонандагон ба мактаб дар асоси моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 6 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мориф», банди 7 ва 38 Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат ба роҳ монда мешавад.

Тибқи қонунгузорӣ кӯдакони 7-сола ва онҳое, ки то охири моҳи декабр 7-сола мешаванд, ба синфи якум қабул мегарданд.

Ба иттилои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҳоло дар мамлакат 3940 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 2 млн 195 ҳазору 619 нафар хонанда фаъолият менамоянд.

Дар ин росто, дар шаҳри Душанбе 8 муассисаи ибтидоӣ, 12 асосӣ, 171 миёнаи умумӣ, 146 буҷетии ноҳиявию шаҳрӣ, 9 буҷетии ҷумҳуриявӣ, 12-то дар назди ташкилоту идораҳо ва 26 адад хусусӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 268 ҳазору 942 хонанда таҳсил менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки барои рушди соҳаи маориф ва ба талаботи замон мутобиқ намудани муассисаҳои таълимӣ ҳамасола дар ҷумҳурӣ мактабҳои шакли нав сохта мешавад. Бинобар иттилои АМИТ “Ховар” соли нави хониши 2022-2023 дар шаҳри Душанбе 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии замонавӣ бо беш аз 9 ҳазор ҷойи нишаст дар як баст ба истифода дода мешаванд, ки муассисаҳои мазкур дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ҷойгир буда, бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошанд.

Ҳамчунин, дар назар аст, ки имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон ба забони русӣ, ки бо маблағгузории Федератсияи Русия бунёд шудаанд, ба истифода дода мешаванд.

Солҳои охир таваҷҷуҳи мардуми мо ба мактабҳои хусусӣ зиёд гардидааст ва ба фикре ҳастанд, ки дар онҳо усули дарс хубтар ба роҳ монда шудааст. Вале аҷобати кор дар он аст, ки маблағи шартномаи солонаи онҳо ба маоши мардуми мо ба ҳеҷ ваҷҳ мувофиқ нест.

Ба маълумоти Вазорати маориф ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 128 ҳазору 827 нафар омӯзгорон ба насли наврас таълиму тарбия медиҳанд.

Солҳои охир норасоии омӯзгорон мушоҳида мешавад ва дар ин бобат 19 июли соли равон вазири маориф Раҳим Саидзода гуфта буд, ки то 1 майи соли 2022 дар кишвар беш аз 3 ҳазору 400 нафар омӯзгор намерасад. Ва ин ниҳод 8 август хабар дод, ки норасоии кадриро аз шумораи болозикр ба 544 нафар расониданд. Яъне ҳоло расман дар макотиби миёнаи кишвар 544 нафар омӯзгор намерасад.

Гуфта мешавад, ки ҳоло дар ВМКБ 113, вилояти Хатлон 25, вилояти Суғд 60, шаҳри Душанбе 35 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 311 омӯзгор намерасад.

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021-ум 240 ҳазор нафар ба синфи якум рафта, соли хонишро 119 ҳазору 936 нафар хатм намуда буданд.

Теъдоди довталабон кам шуд. Чаро?

Аз соли 2014 инҷониб дар кишвар довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳо тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳон супурда, дохил мешаванд.

Тибқи иттилои Маркази миллии тестӣ имсол шумораи умумии довталабони макотиби олӣ дар кишвар 82 ҳазору 718 нафарро ташкил дод, ки ин шумора нисбат ба соли 2021-ум 8813 нафар (9,63 фоиз) ва назар ба соли 2020-ум 17 ҳазору 680 нафар (17,61 фоиз) кам аст. Инчунин, дар ду даври тақсимот ҳудуди 60 ҳазор нафар сазовори номи донишҷӯ шуданд. Ин дар ҳолест, ки имсол муассисаҳои таълимӣ дар умум мунтазири беш аз 95 ҳазор донишҷӯи нав буданд

Чун ҳамасола довталабони тоҷик ихтисосҳои кластери якум ва дуюм (табиӣ-техникӣ, иқтисод ва ҷуғрофия)-ро камтар интихоб карда, гурӯҳи ихтисосҳои кластери панҷум (тиб, биология ва варзиш)-ро аз ҳама зиёд интихоб намудаанд.

Бинобар маълумоти нашр намудаи хабаргузории “Азия-Плюс” писандидатарин самтҳо барои довталабон “Эпидемиология”, “Андозбандӣ” ва “Ташхиси судӣ” буда, озмун дар ин самтҳо барои 1 ҷой мутаносибан 364 нафар, 388 нафар ва 364 нафарро ташкил додааст. Инчунин, аз рӯи шумораи довталабон ихтисосҳо дар бахши тиббӣ пешсафанд. Аз ҷулма ба ихтисосҳои “Кори табобатӣ” - зиёда аз 16 ҳазор нафар ва “Педиатрия” - беш аз 12 ҳазор нафар довталаб шудаанд.

Ба гуфти масъулин сабаби камшавии шумораи довталабон ин аст, ки соли 2020 пандемия буд ва ҷавонон ба донишгоҳҳои кишварҳои хориҷа дохил шуда натавонистанд. Соли гузашта ва имсол, ки сарҳадҳо кушода шуданд, сафи довталабони макотиби олии кишварҳои хориҷӣ аз ҳисоби ҷавонони тоҷик афзудааст.

Дар ҳақиқат ба ҷавонони мо дар дигар давлатҳо имтиёзи зиёд дода мешавад ва сол аз сол макотиби олии кишварҳои хориҷӣ бурсияҳои таҳсилро барои тоҷикистониён зиёд карда истодаанд.

Ба маълумоти расмӣ ҳоло айни ҳол шумораи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар 27 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд, 41 542 нафарро ташкил медиҳад.

Дар ҳоли ҳозир бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат бо даҳҳо кишвари пешрафтаи дунё созишномаҳо имзо гардида, ҳоло ҷавонони мо аз ҳисоби бурсияҳои ройгони барои Тоҷикистон ҷудошуда дар он давлатҳо таҳсил карда истодаанд. Ин имконотро Ҳукумати кишвар ба ҷавонон махсус барои омода кардани кадрҳои дорои сатҳи баланди касбият ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ додааст.

Иқдоми шаҳрдорӣ - ярмаркаи либосҳои мактабӣ

Ҳар сол бо ташаббуси шаҳрдорӣ қабл аз оғози соли хониш дар назди бозорҳои пойтахт ярмаркаи либосҳои мактабӣ ташкил карда мешавад, ки сокинон метавонанд аз он ҷо бо нархи нисбатан арзон либоси тавсиявӣ барои хонандагони мактаб харидорӣ намоянд.

Имсол ҳам, дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 1-уми август инҷониб дар чанде аз нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии пойтахт ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ таъсис дода шуд, ки ҳадаф аз таъсиси чунин ярмаркаҳоро дастрасии аҳолӣ ба либос ва лавозимоти мактабӣ гуфта мешавад.

Соли ҷорӣ ярмаркаи фурӯши либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш дар маркази савдои “Садбарг”, Комбинати “Нассоҷии тоҷик”, маркази савдои “Ганҷина”, Бозори “Корвон” ва ғайраҳо доир карда шуд.

Ҳамин тавр, барои хонандагони синфҳои поёни дар ярмаркаҳои мактабӣ бо чунин нархҳо дучор омадан мумкин аст:

- шиму костюм - 250 - 350 сомонӣ;

- куртаи сафед - 70 - 120 сомонӣ;

- пойафзол - 120 - 220 сомонӣ;

- миёнбанд – 20 – 50 сомонӣ;

- галстук – 20 – 50 сомонӣ;

- либоси варзишӣ – 150 – 200 сомонӣ;

- ҷузвдон - 75 - 130 сомонӣ;

- лавозимоти хониш - 250 — 300 сомонӣ.

Дар умум лавозимоти боло аз 955 сомонӣ то 1420 сомониро ташкил медиҳад.

Бозори гул

Дар мо анъанаи хубест, ки волидони хонандагони синфи якум барои омӯзгорони фарзандонашон дар Рӯзи дониш гул туҳфа мекунанд.

Маҳз дар ин рӯз таваҷҷуҳи мардум ба гул зиёд шудан, ҳамасола сару садоҳои зиёд дар мавриди гарон шудани нархи он пайдо мегарданд.

Мо мушоҳида кардем, ки нархи як даста гул аз 60 сомонӣ оғоз шуда, то чанд сомоние лозим бошад, гулфурӯшон омода мекунанд.

Дар ин баробар, арзиши як гули садбарг 10 сомонӣ буда, ромашкаву дигар гулҳо 15 сомонӣ ҳастанд.

Инчунин, гулфурӯш гуфт, ки дар арафаи якуми сентябр нархи гул боло нарафтааст.

Рӯзи дониш муборак!


«Корти сафарӣ ба Тоҷикистон». Панҷ ривояте андар Искандаркӯл


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед