Ru  | Tj
Дар Душанбе бо мусоидати Русия намоишсаро ва як маркази таълимӣ бунёд мешавад
Дар Душанбе бо мусоидати Русия намоишсаро ва як маркази таълимӣ бунёд мешавад
Акс: Sputnik

Дар Душанбе бо мусоидати Русия намоишсаро ва як маркази таълимӣ бунёд мешавад

Нашр шуд

Лоиҳаи бунёди намоишсарои русӣ дар Душанбе бо мақомоти шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон баррасӣ ва ҳамоҳанг карда шуд.

Дар давоми ду сол дар Душанбе бинои нави Намоишсарои Маяковский ва ҳамчунин маркази таълимӣ барои кӯдакони лаёқатманд дар ҳамдастӣ бо Русия бунёд мешавад.

Дар ин бора Марат Ҳуснуллин, муовини сарвазири Русия ба хабарнигорон дар анҷоми ҳамоиши байналмилалии сармоягузории “Душанбе-инвест 2023” иттилоъ дод.

«Фикр мекунам, ки сохтмон дар нимаи аввали соли оянда оғоз мешавад, аммо мо дар назди худ ҳадаф гузоштаем, ки ҳама тарҳҳоро дар давоми ду сол амалӣ кунем», - гуфт муовини сарвазири Русия ва тасдиқ кард, ки ин ба ҳарду иншоот – бинои намоишсаро ва мактаб дахл дорад.

Ҳуснуллин дар идома афзуд, ки дар ҳошияи ин ҳамоиш ӯ бо Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе намуди берунаи намоишсарои ояндаро баррасӣ кард. "Ин як тарҳи хеле хуб аст, як намуди берунии хеле зебо, ба мо писанд омад, мо ҳардуи онҳоро имзо кардем. Муҳим аст, ки ҳамааш ҳангоми сохта шудан бо лоиҳа мувофиқат кунад".

Ба гуфтаи вай, ба ҷониби Тоҷикистон лоиҳаҳои намоишсароҳои Русия, ки дар ин кишвар амалӣ шудаанд, пешкаш карда шуд.

Ёдоварӣ мекунем, ки бинои куҳнаи Намоишсарои Маяковский дар маркази шаҳри Душанбе дар доираи барномаи бозсозии пойтахт соли 2016 тахриб шуда буд.

Марат Ҳуснуллин дар моҳи июни соли равон дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ин кишвар масъалаи бунёди намоишсароро баррасӣ карда, қитъаи пешниҳодкардаи шаҳр барои сохтмони намоишсарои навро аз назар гузаронд ва барои таҳияи  лоиҳаи фаннии ин иншоот дастур дод.

 

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед