
Дар Душанбе консепсияи раёсати Русия дар ИДМ баррасӣ шуд: Мамадазимов аҳдофи Маскавро гуфт
Нашр шуд
Дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе мизи гирд дар мавзӯи “Консепсияи раёсати Русия дар ИДМ” доир гардид. Ин чорабинӣ тавассути бахши таҳқиқоти Русияи Пажуҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд.
Ин чорабинӣ бо ҳимояти ПМТИ дар бинои Пажуҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) бо дастгирии NIIRK баргузор шуда, коршиносон, олимон ва таҳлилгарони барҷастаи кишварро гирди ҳам овард.Бахши мазкур дар чорчӯби Тавофуқномаи ҳамкорӣ байни Пажуҳишгоҳи миллии тавсеаи иртиботот ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки дар сохтори шӯъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Пажуҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо фаъолият мекунад.
Мизи гирд тавассути роҳбари ИОМДОА, доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдарзода ифтитоҳ гардид. Мавсуф бо таъкид бар ҳадафи аслии ин чорабинӣ, ки арзёбии фаъолияти Русия ба унвони кишвари раисикунандаи ИДМ дар нимсолаи аввали соли 2024 мебошад ба тамоми ширкаткунандагони он таманнои кори созанда кард.
Ходими пешбари илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Пажуҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои сиёсӣ, Абдуғанӣ Мамадазимов, зимни маърӯзаи хеш масъалаи талошҳои Русия барои тақвияти ИДМ ба унвони як иттиҳоди ҳамгироӣ, афзоиши иқтидори байналмилалӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ бо созмонҳои мухталифи байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай, БРИКС, инчунин ҳамкории иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором ба риштаи таҳлил кашид.
Ҳамзамон, Мамадазимов бар аҳамияти ташкили фазои қонунии воҳид, ҳимоят аз дастгирии Маҷмаи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ ва тавсеаи равобити тиҷорӣ – иқтисодӣ, рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла манотиқи озоди тиҷорӣ ва созукорҳои бисёрҷонибаи ҳамкориҳои иқтисодӣ таъкид кард.
«Авлавиятҳои Русия ҳамчунин ба ҳадди ақал расонидани паёмадҳои манфии истифода аз иқдомоти қаҳрии якҷониба тавассути давлатҳо ва созмонҳои онҳо аст, ки қавонини байналмилалиро нақз мекунанд», - таъкид кард Абдуғанӣ Мамадазимов.
Ӯ ҳамчунин дар гузориши худ мавзӯоти амнияти иттилоотӣ ва энергетикӣ, тандурустӣ, тавсеаи ҳамкориҳои ҷавонон ва ҳифзи хотираи таърихиро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар рафти мубоҳиса олимону коршиносони дигар, аз ҷумла доктори илмҳои фалсафа, профессор А.Шамолов, доктори илмҳои таърих, профессор С.Воҳидова, доктори илмхои сиёсӣ Ш. Каримов, номзади илмҳои сиёсӣ Саидова Н. низ ба таври фаъол сӯҳбат карданд.
Ҳамкорӣ байни Пажуҳишгоҳи миллии тавсеаи иртиботот ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон NIIRK ва NAST пас аз имзои тавофуқнома дар соли 2023 оғоз шуд. Ҳарду созмон ба таври фаъол таҳқиқоти илмӣ, табодули таҷриба, созмондиҳии чорабиниҳои муштарак ва барномаҳои таҳрикии донишгоҳиро бо ҳадафи ҳимоят аз мутахассисони ҷавон тавсеа медиҳанд.
Ёдовар бояд шуд, ки ПМТИ нақши калидиро ба унвони маркази тавсеаи равиши таҳқиқот дар заминаи равобити байнидавлатӣ ва байнифарҳангӣ, ироаи пешбиниҳо ва тавсияҳо барои мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ВАО ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ ифо мекунад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед