Дар Хуҷанд бунгоҳи муосири варзишии “Суғд Арена” бунёд мешавад
Нашр шуд
Дар маркази вилояти Суғд бунгоҳи муосири варзишӣ барои тамрини ҳазор нафар дар риштаҳои гуногуни варзиш бунёд мегардад. Дар ин бора дафтари матуботии раиси вилояти Суғд иттилоъ дод.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ахиран дар доираи маъракаҳои Рӯзи шаҳри Хуҷанд дар кӯчаи Сирдарёи ин шаҳр ба сохтмони Бунгоҳи муосири варзишии “Суғд Арена” санги асос гузошт.
Гуфта мешавад, ки иншоот бо сармоягузории ҳукумати вилояти Суғд барои дар амал татбиқ кардани сиёсати оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди Мактаби варзишии маҳорати олии вилояти Суғд бунёд карда мешавад.
Пас аз баҳрабардорӣ дар бунгоҳи варзишӣ беш аз 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар як вақт то 1000 нафар варзишкор ба тамрин фаро гирифта мешавад. Тамоми иншоот дар асоси талаботи замони муосир бунёд мегардад.
Бунгоҳи варзишии “Суғд Арена” дорои толорҳои варзишии муштзанӣ, куштигирӣ, гимнастикаи ҳунарӣ, шоҳмот, шашка, тенис, таэквандо буда, бунёди толорҳои калони баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ низ пешбинӣ гардидааст.
Ҳамчунин толори машқи бадан бо мағозаи фурӯши хӯрок ва молҳои варзишӣ, маркази барқароршавӣ бо толорҳои маҳси бадан, толори мураббиён, синфхонаҳо, ҳуҷраҳои корӣ, толори конфронс ва дигар иншооти ёрирасон мавҷуд мебошад.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар вилояти Суғд наздики 2900 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 49 варзишгоҳ, 1974 майдончаи варзишӣ, 624 толори варзишӣ, 39 ҳавзи шиноварӣ ва 8 бунгоҳи варзишӣ, 160 иншооти вижаи варзишӣ аз қабили тир, бовлинг ва фитнес фаъолият доранд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед