Дар Тоҷикистон ҷашнвораи забон ва фарҳанги рус баргузор шуд
Нашр шуд
Дар Донишгоҳи Ғафурови шаҳри Хуҷанд ба ифтихори Соли забони русӣ дар ИДМ аз 14 то 21-уми сентябр ҷашнвораи забон ва фарҳанги рус барпо шуд. Дар ин бора аз консулгарии кулли Русия дар Хуҷанд хабар доданд.
Ба иттилоъи ин ниҳод, дар ин ҷашнвора барои иштирокдорон дарсҳои маҳорат ва мизҳои мудаввар, ҳамчунин марафонҳои зеҳнӣ ва бозиҳои суханшиносӣ баргузор карда шуд.
Гуфта мешавад, ки дар ҷашнвораи мазкур намояндагони Донишгоҳи давлатии Чувашистон низ ҳузур дошта, бо ризокорон мулоқот ва имконоти ин донишгоҳро муаррифӣ карданд.
Дар охири ҷашнвора барномаи консертӣ бо номи «Бо муҳаббат аз Русия» барпо шуд, ки дар раванди он гурӯҳҳои эҷодии бумӣ ва Ҳунарманди халқии Чувашистон Дмитрий Семкин дар саҳна ҳунарнамоӣ карданд.
Бояд гуфт, ки дар кишварҳои узви ИДМ соли 2023 ба унвони Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо эълон шудааст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед