Ru  | Tj
Деҳқони давлатӣ аз устони Твер: Ироаи шаҷараномаи Владимир Путин дар АБИП
Деҳқони давлатӣ аз устони Твер: Ироаи шаҷараномаи Владимир Путин дар АБИП
Аксҳо: Halva.tj

Деҳқони давлатӣ аз устони Твер: Ироаи шаҷараномаи Владимир Путин дар АБИП

Нашр шуд

Дар чаҳорчӯби Анҷумани байналмилалии иқтисодии Петербург 5 июн дар ғурфаи суннатҳои хонаводагии “Кристиан” тасвири бузурги шаҷараномаи раисҷумҳури Федератсияи Русия, Владимир Путин бо шумули  даҳҳо ном ироа шуд. Иттилоотро барои навиштани шаҷаранома яке аз наздикони Владимир Путин, ки ҳудуди 20 сол равобити хонаводагии ӯро мутолиа кардааст, пешкаш намуд.

«Яке аз бародарони раисҷумҳури мо муддатҳо ба насабшиносӣ алоқаманд аст. Ӯ иттилооти зиёдеро худаш пайдо карда, барои мутолиаи хатти хонаводагии амиқи Путинҳо ба мо муроҷиат кардааст. Бар ин асос,  мутахассисони ширкати мо ин хонаводаро, ки ниҳоят ҷолиб буд, мавриди мутолиа қарор доданд”, - гуфт мудири лоиҳаи “Хонаи суннатҳои хонаводагии “Кристиан”, Алексей Колесников.

Ин дарахт шомили аҷдодони раисҷумҳури Русия қабл аз солҳои 1600-ум мебошад. Ба қавли Алексей Колесников, гирдоварии шаҷараномаи хонаводаи Владимир Путин дар ду марҳила анҷом шудааст.

“Мо ҳамеша бо баррасии таборшиносӣ шуруъ мекунем. Ин аввалин марҳила – асоситарин, поя ва синҷи таърихии хонавода буда, то умқи асри 19 мерасад. Вазифаи аслии мо пайдо кардани тавлиди аҷдоди мустақим қабл аз лағви қонуни раийят мебошад, зеро пас аз бекор гардидани ҳуқуқи раийят, деҳқонон ба таври кул мутаҳаррик гашта, метавонистанд барои пайдо кардани зиндагии беҳтар на танҳо ба шаҳристони дигар, балки ба устонҳои мухталиф низ нақли макон кунанд. Барои дастрасӣ ба дурнамои нав ҳатто метавонистанд шомили  табақаҳои дигар  низ гарданд. Бинобар ин, аввалин марҳилаи кори мо расидан ба умқи соли 1850 буд. Бар асоси натоиҷи он, дар сурати имкон, мо эминии аснодро таъйин карда, таҳқиқоти таърихии амиқро ироа мекунем, ки ба таври мутавассит дубора ба 1650 бозмегардад”, - афзуд Алексей Колесников.


Ба қавли Колесников, хонаводаи Путин аҳли деҳқонони вилояти Твер мебошанд.

«Раисҷумҳури мо воқеан роҳбари мардумӣ аст. Решаҳои хонаводаи Путин аз вилояти Твер сарчашма мегирад. Ӯ ба қавле деҳқони давлатӣ, намаки рӯи замини рус мебошад. Эҳтимолан ба ҳамин далел, раисҷумҳури мо мардумро дӯст медорад ва ба онҳо аҳамияти хоса медиҳад», - афзуд Алексей Колесников.

 

Қобили зикр аст, ки қимати ин навъ таҳқиқот аз 190 ҳазор рубл шуруъ мешавад. Муоина ба таври мутавассит даҳ то дувоздаҳ моҳ тӯл мекашад. Ҳамон тавре, ки намояндагони “Хонаи суннатҳои хонаводагии “Кристан” иброз доштанд, дар ин давра ширкат бо фармоишгар иртибот барқарор намуда, дар мавриди кори анҷомдодааш ҳисобот медиҳад.

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед