Донишомӯхтагони намояндагии Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе соҳиби диплом шуданд
Нашр шуд
Дар Душанбе рӯзи 2-юми октябр маросими супурдани диплом ба хатмкунандагони намояндагии Донишгоҳи давлатии Москва бо ҳузури раҳбарият ва устодону донишҷуён баргузор шуд. Дар ин бора намояндагии донишгоҳ иттилоъ дод.
Дар ин маросим 93 нафар мутахассиси ҷавон дар бахшҳои муносибатҳои байналмилалӣ, мудирияти давлатӣ, забоншиносӣ, фанновариҳои иттилоотӣ, геология, кимиё ва физик дипломи таҳсилоти олии Донишгоҳи давлатии Маскавро гирифтанд.
Хатмкунандагони намояндагии Донишгоҳи Ломоносови Маскавро мушовири сафири Русия дар Тоҷикистон Вера Хуторская табрик кард.
"Хатм кардани Донишгоҳи давлатии Маскав дастоварди бузург аст, зеро ин донишгоҳ дар тамоми ҷаҳон маъруф аст ва ин нишонаи сифати олии таҳсилот аст", - гуфт дипломати рус.
Дар идома таъкид мешавад, ки далели талаботи зиёд ба хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии Маскав он аст, ки аксарияти онҳо аз рӯйи ихтисоси худ ҷойи кор пайдо кардаанд.
Ҳамин тавр чаҳор нафар хатмкардаи риштаи “Муносибатҳои байналмилалӣ”-и Донишгоҳи давлатии Маскав ба ҳайати кормандони намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон шомил шуданд.
Дар ин росто таъкид мешавад, ки соли 2023 аз 93 нафар хатмкунандаи намояндагии Донишгоҳи давлатии Маскав 12 нафар соҳиби дипломи аъло гардид, ки ба 13 дарсад рост меояд ва ин нишондиҳандаи баландест, ки донишгоҳҳои бузург барои расидан ба он талош мекунанд.
Намояндагии Донишгоҳи давлатии Маскав дар шаҳри Душанбе моҳи майи соли 2009 тибқи фармони раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳадафи омода кардани мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва вусъат додани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар бахши таҳсилоти олӣ созмон дода шуд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед