Ru  | Tj
Хуҷанд 4 рӯз ба моҳу ситораҳо “наздик” буд: Пиру барнои шаҳр ба тамошои коинот баромад
Хуҷанд 4 рӯз ба моҳу ситораҳо “наздик” буд: Пиру барнои шаҳр ба тамошои коинот баромад
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Хуҷанд 4 рӯз ба моҳу ситораҳо “наздик” буд: Пиру барнои шаҳр ба тамошои коинот баромад

Нашр шуд

Планетарийи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ нахустин бор дар ҳамном санаҳои 16-19-уми августи соли равон аз соати  20:30 то 22:30 намоиши хиёбонии Моҳ ва сайёраҳоро тариқи телескопҳои рақамӣ ба роҳ монд. Дар намоиши мазкур меҳмононро сармутахассиси Планетарийи шаҳри Барнаули Русия, Владислав Токарев якҷоя бо ҳамкасбони тоҷикаш роҳбаладӣ карданд.

Муаллифи Halva.tj низ дар рӯзи нахустини намоиши хиёбонӣ ширкат варзида, бо масъулони ин ташаббус ва шаҳрвандоне, ки ба намоиш омада буданд, перомуни аҳамияти баргузории ин гуна чорабиниҳои маърифатӣ суҳбат кард.  

Таассуроти сокинон аз мушоҳидаи кайҳон

Инъом Ҷумъаев, сокини 38-солаи шаҳри Хуҷанд аз шабакаҳои иҷтимоӣ хабар ёфтаст, ки дар Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ намоиши хиёбонии сайёраҳо сурат мегирад. Тасмим гирифт, ки ҳамроҳи ду фарзандаш ба намоиш равад,  то моҳу сайёраҳои дигарро бо  телескоп  аз наздик бинанд. 


“Ростӣ, якум бор аст, ки Моҳро аз наздик дидам. Доғҳои рӯии Моҳ хеле калон будааст. Фарзандонам ҳам хеле хурсанд шуданд, зеро аввалин бор аз дурбин кайҳонро диданд. Онҳо бо шавқ гуфтанд, ки гӯиё Моҳро аз наздик мушоҳидакунон чуқуриҳое, ки дар он аст, низ диданд. Мутахассисони Планетарий ҳам бо суханони одӣ дар бораи  тарзи ҳаракат ва сохти Моҳ маълумот доданд, ки ба хурду калон ҷолиб буд”, -  афзуд Инъом Ҷумъаев. 
Гуландом Самадова низ сокини миёнсоли шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ барои дидани кайҳон ҳамроҳи 3 наберааш ба Планетарий ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ омад. Тавре ӯ гуфт, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳр аввалин ташаббус аст, ки барои сокинон намоиши хиёбонии сайёраҳоро гузаронида истодаанд.
“Имрӯз аз 4 телескоп, ки дар саҳни Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ гузоштаанд,  сайёраҳои Моҳ ва Зуҳалро дидем. Албатта, мушоҳидаи сайёраҳо дар тасаввури  шахси хурду калон таъсири гуногун мебахшад. Масалан, набераам пас аз бо дурбин тамошо кардани Моҳ пурсид, ки оё дар он ҷо ҳам одамон ва обу ҳаво ҳаст. Ба ин савол роҳбалад Владислав Токарев посухи хеле хуб дод. Аз саёҳате, ки имрӯз доштем, сатҳи ҷаҳонбинии ману набераҳоям фарохтар шуд”, - бо хушнудӣ гуфт  Гуландом Самадова.       

Ҳамзамон, дар гӯшаҳои Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ аз ҷониби кормандони Планетарий барномаи ҷадиди сонификатсия фаъол гардид, ки меҳмонони намоиш ба ҷуз аз тамошои сайёраҳои системаи офтобӣ бо телескоп, боз садое, ки дар кайҳон шунидан мумкин асту онро кайҳоннавардон сабт кардаанд, тариқи барнома шуниданд. Барои хурсандии кӯдакон хизматрасонии рассом (аквагример), ки дар рӯйи бачаҳо образи қаҳрамонони филмҳои тасвириро бо рангҳои акварелӣ меофарад, ба роҳ монда шуд. Намоиши ракетаҳои парвозкунанда ва тайёраҳо  низ сурат гирифт.



Талош барои ташаккули тафаккури техникӣ дар ҷавонон

Фирдавс Ашӯрматов тайи ду сол боз сарварии Планетарийи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандиро, ки дар Тоҷикистон ягона аст, бар уҳда дорад.  Чанд сол қабл муассиса танҳо бо планетарийи шаҳрҳои Маскав ва Воронеж шартномаи ҳамкорӣ дошту халос. Имрӯз бо 40 планетарий аз 22 кишвар равобит дорад.

“Дар доираи  “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ҳамкориро бо планетарийҳои ҷаҳон давом додем. Аъзои Ассотсиатсияи байналмиллалии планетарийҳои олам гардидем. Алакай аз планетарийи шаҳрҳои Дубай, Тошканд ва Остона боздид кардем. Дар соли сипаришуда як гурӯҳ меҳмонон  ба Планетарий омада буданд. Аз ҷумла, Владислав Токарев ҳам меҳмони Хуҷандшаҳр шуда буд. Ӯ сармутахассиси Планетарийи шаҳри  Барнаули Русия мебошад. Дар самти кор бо телескопҳо мутахассиси беҳтарин аст. Зимни гуфтушунид тасмим гирифтем, ки ҳамкориро бо Планетарийи  шаҳри Барнаул  қавитар мекунем”, - гуфт  Ашӯрматов.

Бояд гуфт, ки Планетарийи шаҳри Барнаул дар баргузории намоишҳои хиёбонӣ дар Русия пешсаф аст. Кормандони он қариб ҳамарӯза намоиш мегузаронанд. Моҳи марти соли ҷорӣ дар Планетарийи шаҳри Барнуал ҳамоиши онлайнӣ доир гардид. Дар он  Фирдавс Ашӯрматов ҳамчун сарвари ягона Планетарий  дар Тоҷикистон ба таври маҷозӣ ширкат варзида, маърӯза кард. 

“Барои тақвият бахшидан ба раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, тавсеаи тафаккури техникии наврасону ҷавонон дар доираи ҳамкорӣ бо Планетрийи шаҳри Барнаул дар давоми чор рӯз барномаи намоишии хиёбонии Моҳ ва дигар сайёраҳоро таҳия кардем. Боз намоишҳо тариқи таҷҳизоти рақамӣ дар толори осмони ситоразор низ ба роҳ мондем. Он ройгон баргузор гардид. Дар шаҳри Хуҷанд аввалин маротиба чунин ташаббус рӯйи даст гирифта шуд”, - илова кард директори Планетарийи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ.

Назари астрофизики рус дар бораи Тоҷикистон

Зимнан, Владислав Токарев, сармутахассиси Планетарийи шаҳри Барнаули Русия аз махсусияти обуҳавои Тоҷикистон, ки ҷиҳати мушоҳидаи сайёраҳо муосоид аст, ҳарф зад. Ӯ бори дувум  меҳмони шаҳри Хуҷанд шуд. Тавре вай афзуд, зимни намоиши хиёбонӣ дар ин шаҳр аз таваҷҷуҳи амиқи сокинон ба олами коинот ба ваҷд омад.

“Тоҷикистон иқлиму табиати нотакрор дорад. Барои мушоҳидаҳои астрономӣ рӯзҳои офтобӣ зарур аст. Дар Тоҷикистон чунин рӯзҳо зиёд буда, қариб ҳар рӯз осмон соф аст. Дар бораи расдахонаҳои Тоҷикистон низ маълумот дорам. Дар зодгоҳи ман - кишвари Олтой низ расадхонаҳои гуногун мавҷуданд, ки вазифаҳои гуногун доранд. Дар пайи сафари кӯтоҳ ба Тоҷикистони офтобӣ нақша дорам, ки пас аз саёҳат дар Хуҷанд ба Душанбе ҳам сафар кунам. Ҳавасмандем, ки ҳамкории Плантерийи шаҳри Барнаулро бо Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба роҳ монем”, - гуфт Токарев.

Ӯ аз сафари навбатиаш таассуроти нек пайдо карда, бар ин назар аст, ки дар кишвари офтобии Тоҷикистон одамони некхоҳу меҳмонондӯст хеле зиёд аст. Меваҳои лазизу шаҳдбор ва хӯрокҳои миллиаш ҳам мафтункунанда мебошад, гуфт меҳмон.


Планетарийи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бо ибтикор ва дастгириии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳммон моҳи марти соли 2020 дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ - истироҳатии ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифта буд. Дар ин ҷо барои ихлосмандон ва дӯстдорони илми ситорашиносӣ намоишҳои илмӣ-маърифатӣ дар мавзӯи коинот ва илми нуҷум намоиш дода мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед