Дарс бо рилс: Чаро омӯзгори бознишастаи забони русӣ блогер шуд?
Нашр шуд
Раҳима Ҳайдарова, омӯзгори забони русӣ, ки даҳсолаҳо дар донишгоҳу марказҳои омӯзишӣ бо шеваи анъанавӣ дарс мегуфт, баъди бознишаста шудан аз тариқи блогерӣ шеваҳои тадрис ва шумори шогирдонашро зиёд кард.
На танҳо таълим медиҳад, балки меомӯзад. Ҳайдарова дар омӯзишҳои онлайнии омӯзгорони Русия ширкат варзида, малакаашро дар таълими забони русӣ бо роҳҳои муосир такмил бахшидаасту феълан дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он шогирдони зиёде дорад. Дар шабакаи иҷтимоии Instagram бо номи @zaboni.rusi.omuz блог фаъол карда, барои корбарон наворҳои омӯзишӣ эҷод мекунад.
Муаллифи Halva.tj бо фаъолияти блогерию омӯзгории Раҳима Ҳайдарова шинос шуд.
“Барои ҷавонон русӣ забони хориҷӣ шудааст”
Ҳайдарова, зодаи Душанбе буда, соли 1977 мактаби № 23-и шаҳрро хатм кардааст. Ба фанҳои забону адабиёти тоҷик ва рус шавқи зиёд дошт. Дар назди хонаашон китобхона буд, ки аз он зиёд истифода мекард.
“Ба ҳамаи китобхонаҳои шаҳр обуна будам. Он солҳо ёфтан ва гирифтани китоби зарурӣ камтар мушкил буд. Ҳолатҳои зиёде мешуд, ки мо, донишҷӯён то соати 21 дар китобхона истода, ба дарсҳо, имтиҳонот тайёрӣ медидем. Китоб камчин буду хонанда бисёр. Боиси хурсандист, ки имрӯз ҳар китоб ва маводро дар интернету мағозаҳо метавон ёфт”, - гуфт ӯ.
Аммо мавсуф изҳори нигаронӣ мекунад, ки барои аксарияти ҷавонони тоҷик, ки имрӯз аз китобхонӣ дур шуда, ба интернет дастрасии зиёд доранд, забони русӣ чун забони хориҷӣ маҳсуб меёбад. Чаро? Онҳо имрӯз бо забони русӣ кам китоб мехонанд, муҳити зиндае надоранд, ки дар он бо забони русӣ ҳарф зананд.
- Аз ин рӯ, дар раванди тадрис, аз методи таълими РКИ (Русский язык как иностранный) истифода мебарам. Ба ҳама маълум аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус, забони русӣ барои ҷавони тоҷик талаботи замон аст. Онҳо вақте ба Русия барои муҳоҷирати корӣ мераванд, нахуст забонро дар сатҳи зарурӣ бояд омӯзанд. Ақалан, бо ин забон сухан ва саволу ҷавоб карданро ёд бигиранд, - афзуд омӯзгор.
Таъсиси блоги омӯзишӣ ба хотири ислоҳи ғалатҳои шогирдон
Раҳима Ҳайдарова пас аз бознишаста шудан фаъолияти омӯзгориро дар якчанд марказҳои омӯзишии шаҳри Душанбе идома дод. Ба хоҳишмандон, ки забони русиро омӯхтаниянд, дарсҳои хусусӣ низ дода истодааст. Инак, дар Instagram ва Telegram блог фаъол кард, ки тавассути он ба доираи васеи корбарон қоидаҳои забони русиро бо роҳи осон фаҳмонида истодааст.
- Аслан, дар фикри таъсиси блог набудам. Дар вақти дарсҳои хусусӣ, онлайнӣ зиёд мушоҳида мекардам, ки шогирдон дар навиштору гуфтор бо забони русӣ ба кадом ғалатҳо роҳ медиҳанд, ё кадом қоидаҳоро риоя намекунанд. Баъдан қарор додам, ки блоги омӯзишӣ фаъол кунам. Ҳадафи пеш бурдани кори он, ислоҳи хатоҳои на фақат донишҷӯёни худ, балки баҳраманд шудани доираи васеи одамон аз қоидаҳои забони русист, - гуфт қаҳрамони мо.
Забономӯзон аз блог чиро пайдо кардан мехоҳанд?
Тавре Раҳима Ҳайдарова шарҳ дод, омода кардани муҳтаво кори вақтгир аст. Барои як рилси хурдро тайёр кардан зарурат пеш меояд, ки наворҳои зиёде сабт кунад. Аз ин лиҳоз, ӯ пас аз дарсҳо бо тартиб додани луғатҳо, эҷоди муколамаҳо, ҷамъоварии ибораҳои серистифода дар шакли баргаҳо ва сохтани тестҳо машғул мешавад. Забономӯзон маҳз бо чунин қолабҳо ҳар маълумотро тезтар дарк мекунанд.
“Мавзӯи контент дар раванди дарсҳо аз рӯйи ғалатҳое, ки шогирдон дар гуфтану навиштан роҳ медиҳанд, пайдо мешавад. Саъй мекунам, дар видеои кӯтоҳ ислоҳи он хатоҳоро фаҳмонам. Бештарини мухотабони блогам ҷавононанд. Онҳо мехоҳанд, ки дар бораи махсусияти падежҳо, гузоштани бамавқеи бандакҳо, тафсири дурусти феълҳо ва ҳоказо зиёдтар контент тайёр кунам. Дар Telegram зиёдтар маводи омӯзишӣ таҳия мекунам, зеро он ҷо обуначиён метавонанд, ки бо ҳам сӯҳбат кунанд, тариқи тестҳо дониши худро сайқал диҳанд”, - илова кард блогнавис.
“Аз 21 солагӣ ба донишҷӯён дарс медодам”
Фаъолияти омӯзгориии қаҳрамони мо на аз мактаби миёна, балки аз мактаби олӣ шуруъ гардид. Ӯ дар соли 1982 факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм кард. Пасон худи ҳамон сол тибқи тақсимот ба филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав) ба кор фиристода шуд.
“Кори омӯзгориро дар факултаи забон ва адабиёти рус ба ҳайси муаллими кафедраи забони русӣ оғоз кардам. Дар рӯзҳои аввали фаъолият хеле ҳаяҷонзада будам, чунки худ чанд моҳ пеш донишҷӯ будам. Муаллим будан масъулияти бузурге доштааст. Ба саволҳои гуногуни донишҷӯён ҷавоб гуфтан лозим омад. Он вақт ҳанӯз 21-сола будам, дар синфхона донишҷӯёни зиёде менишастанд, ки пас аз хизмати ҳарбӣ таҳсилро идома медоданд”, - ба ёд овард омӯзгор.
Ҳамчунин, Раҳима Ҳайдарова ёдрас шуд, ки дар солҳои шуравӣ имконияти ба Русия бурдани донишҷӯён зиёд буд. Тибқи барнома пас аз ба охир расидани имтиҳоноти тобистонӣ ба театрҳо, осорхонаҳои шаҳри Ленинград (Санкт-Петербург)–и Русия бурда, бо таърих ва фарҳанги халқи рус шинос мекарданд. Ин падидаи хубе буд, ки ҷаҳонбинӣ, маҳорату малакаи забондонии донишҷӯёнро такмил мебахшид.
Нақшаи таълифи китоб ва сохтани курсҳои омӯзишӣ
Қаҳрамони мо пас аз се соли аввали фаъолияти омӯзгорӣ дар Донишгоҳи шаҳри Бохтар боз ба зодгоҳаш шаҳри Душанбе бармегардад. Баъдан дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолияти назаррас нишон додааст. Дар ҳамоишҳои зиёди илмӣ ширкат варзида, чандин мақолаҳои илмӣ ба чоп расонидааст. Аз ҷумлаи таълифоти илмии муҳимаш “Совершенствование преподавания практического курса русского языка в неязыковых вузах” ё худ “Такмили тадриси амалии забони русӣ дар муассисаҳои таълимии олии ғайризабонӣ” мебошад. Барои хизматҳои бисёрсола ҷиҳати тайёр кардани омӯзгорон бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Раҳима Ҳайдарова ҳаракат дорад, ки дар баробари сарф кардани вақти зиёд дар кори таълим ва блогнависӣ, ҳамзамон, бо назардошти талабу дархости ҷавонони забономӯз курси омӯзишии комил ва китоби дарсиро эҷод кунад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед